Дар шароити имрӯза масъалаҳои обу иқлим дар сархати хабарҳои расонаҳои маъруфи дохилу хориҷ қарор доранд. Раванди ҷаҳонишавӣ як қатор мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла нарасидани оби тозаи ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳоро ба бор овардаанд. Ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки дар якҷоягӣ садди роҳи инҳоро бигиранд. Агар ин раванд чунин идома ёбад, пас аз чанд даҳсола сокинони сайёра аз истифодаи оби тозаи ошомиданӣ маҳрум мегарданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускори асосӣ ва пешсафи масъалаҳои об ва иқлим эътироф шудаанд. Маҳз бо пешниҳодҳои ҷасоратмандонаи Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) якчанд ташаббусҳои таърихиро қабул кард, ки диққати сайёраро ба ҳалли мушкилоти об ва обшавии пиряхҳо равона сохт.
Ин ташаббусҳо исбот карданд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди кишвари сероб буданаш, нисбат ба тақдири тамоми сайёра бетараф нест. Мушкилоти обро Пешвои миллат на ҳамчун масъалаи сиёсӣ, балки ҳамчун унсури асосии зиндагӣ, иқтисодиёт ва устувории экологӣ ба миён гузошт.
Ҳадафи пешниҳод аз ин ташаббусҳо пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад. Ин пешниҳодҳо агар аз як тараф ба ташаккул додани сиёсати экологии ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида бошад, аз тарафи дигар ташаккул додани фазои илмӣ баҳри дарки омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон мебошад. Чунки Тоҷикистон кишвари саргаҳи об мебошад ва коршиносони соҳаро зарур меояд, ки дар заминаи ташаббусҳои Сарвари давлат ба омӯзиши ин масъалаи мубрами байналмиллаӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Дар доири Конфронси 4 - уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз санаҳои 25 то 28 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об пешниҳод карда шуд, ки ин албатта аҳамияти байналмилалии ташаббусро боз ҳам тақвият бахшида, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон мушкилоти марбут ба обро чун масъулияти умумибашарӣ арзёбӣ менамояд.
Мусаллам аст, ки Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст, фарогири ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим буда, омилҳои асосии сиёсати экологии мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ муттаҳид менамояд.
Таҳлилгар ва коршиноси соҳа Мадимарова Гулҳайё дар мақолаи таҳлилии худ зикр менамоянд, ки «Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар замоне таъсис ёфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти бесобиқаи об ва тағёирёбии иқлим рӯ ба рӯ мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон ва арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, миллиардҳо нафар аҳолии ҷаҳон то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои санитарӣ дастрасии пурра надоранд. Дар асоси чунин фарзияҳо олимон пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2050 талабот ба оби нӯшокӣ ҳадди ақал 25 фоиз ва талабот ба истеҳсоли маводи ғизоӣ тақрибан 50 фоиз афзоиш меёбад. Аз ин лиҳоз, дар чунин шароит масъалаи идоракунии самараноки захираҳои обӣ аҳамияти стратегиро касб мекунад».
Воқеан ҳам, дар солҳои охир бо афзоиши нуфузи аҳолӣ дар ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим норасогии оби ошомиданӣ бошиддат афзуда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мегардад.
Об аз як намуди захираи оддию дастраси табиӣ ба захираи ҳаётан муҳимми иқтисодӣ мубаддал шудааст. Аллакай маълум аст, ки об ҷузъи сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ маҳсуб шудааст.
Ҳалли мушкилоти марбут ба об, оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим на танҳо масъалаи миллӣ барои кишварҳо ба шумор меравад, балки он аҳамияти байналмилалӣ дошта талоши дастаҷамъиро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунад. Тибқи ақидаи коршиносон агар асри XX асри нефту газ бошад, асри XXI асри об мебошад ва мушкилоти боваста ба об рӯзмарра гардида, пайваста дар рӯзномаи ҷаҳонии об қарор мегирад. Тавре дар боло ишора кардем, буҳрони об ва норасоии оби ошомиданӣ боиси коҳиш ёфтани рушди иқтисод ва пешрафти ҳаматарафа гардида, ҷомеаи инсониро ба озмоиши сангин рӯ ба рӯ менамояд. Аз ин рӯ, пешниҳод ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт созанда ва саривақтӣ буда, на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти амалӣ дар арсаи ҷаҳониро дошта, таҷрибаи беҳтаринро барои кишварҳое ки захираҳои обии зиёд доранд, пешкаш намудааст. Натиҷаи ин ташаббусҳо боиси коҳиши бетарафии кишварҳо дар масъалаи марбут ба об гардида, боиси таваҷҷуҳи аксарият ба ин мушкилот гардид. Сиёсате, ки Тоҷикистон пас аз солҳои 2000 дар масъалаи обу иқлим пеш гирифт, ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ боиси омӯзиш қарор гирифт. Таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат дар ин самт имконият фароҳам овард, ки дар самти сиёсати дохилӣ низ дастовардҳои беназир ба даст омаданд. Аз ҷумла, таъсиси Институти об, гидроэнергетика ва экология, Институти омӯзиши пиряҳо ва криосфера дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи ташаббусҳои Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Баргузории конфронсҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои бузург дар қолаби “Раванди оби Душанбе” нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро дар самти сиёсати хориҷӣ муваффақ гардонид. Эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон воқеан кишвари калидии ҳалли мушкилоти обу иқлим ва пиряҳост, беш аз пеш боиси афзоиши нуфузи берунии Тоҷикистон гардид. Механизмҳои амалкунандае, ки дар заминаи ин ташаббусҳо аз ҷониби Тоҷикистон таъсис ва пешниҳод карда шудааст, метавонад барои ояндаи ҳамкориҳои муштарак дар масъалаи обу иқлим ва пиряхҳо хизмат кунад.
ДОСТИЕВА Дилафрӯз
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ