Имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Ин санаи муҳими таърихӣ рамзи пирӯзии хирад бар низоъ, ваҳдат бар тафриқа ва сулҳ бар ҷанг мебошад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима бахшида, барои бунёди давлатдории навини тоҷикон заминаи устувор фароҳам овард.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ эътироф шудааст. Маҳз бо иродаи қавии сиёсӣ, азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми кишвар раванди сулҳофаринӣ ба натиҷаи дилхоҳ расид.
Дар таҳқиқи таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили калидии ҳалли низои дохилӣ ва барқарорсозии сулҳу субот аҳамияти махсус дорад. Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои мураккабтарини таърихи муосири худ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандие, ки солҳои 1992–1997 кишварро фаро гирифт, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, харобшавии иқтисодиёт, заиф гардидани ниҳодҳои давлатӣ ва муҳоҷирати маҷбурии садҳо ҳазор шаҳрвандон гардид. Дар чунин шароити ҳассоси сиёсӣ ва иҷтимоӣ масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, таъмини якпорчагии кишвар ва ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ байни неруҳои мухолиф буд.
Маҳз дар ҳамин давраи сарнавиштсоз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат рисолати таърихии худро дар самти ҳифзи давлатдории миллӣ ва таъмини сулҳу субот оғоз намуд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ зарурати қатъи муқовимати мусаллаҳона ва гузариш ба музокироти сиёсиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ эълон кард. Мавқеи роҳбари давлат бар он асос ёфта буд, ки ҳеҷ як ҷониб наметавонад мушкилоти сиёсиро тавассути истифодаи қувва ҳал намояд ва танҳо роҳи муколама ва созиш метавонад Тоҷикистонро аз буҳрони амиқ раҳо созад.
Дар раванди музокироти байни тоҷикон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ташаббускор, роҳбар ва ҳамоҳангсозро иҷро намуд. Новобаста аз вазъи душвори амниятӣ ва мухолифатҳои сиёсӣ, Пешвои миллат барои барқарор намудани фазои эътимод миёни ҷонибҳои даргир пайваста талош варзид. Музокирот, ки дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардиданд, маҳз бо иродаи сиёсӣ ва мавқеи созандаи роҳбарияти Тоҷикистон идома ёфтанд. Дар ин замина дипломатияи сулҳофаринии Тоҷикистон тавонист дастгирии кишварҳои кафил ва созмонҳои байналмилалиро ба даст оварад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими фаъолияти Роҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи музокироти сулҳ омодагӣ ба созишҳои сиёсӣ ба хотири манфиатҳои умумимиллӣ буд. Дар шароите ки эҳсосоти сиёсӣ ва идеологӣ хеле шадид буданд, ин роҳбари хирадманд тавонистанд зарурати авлавият доштани манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои гурӯҳиро асоснок намояд. Ин сиёсат барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Пас аз ба даст омадани сулҳ низ нақши роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба имзои созишнома маҳдуд нагардид. Марҳилаи баъдӣ, ин татбиқи амалии созишнома ва барқарорсозии ҷомеаи баъдинизоӣ буд, ки дар ин марҳила роҳбарии муассир ва иродаи қавии сиёсиро талаб мекард. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат барномаи бозгашти гурезаҳо, ҳамгироии неруҳои собиқи мухолифин ба сохторҳои давлатӣ, ислоҳоти конститутсионӣ ва ташаккули низоми нави давлатдорӣ амалӣ гардиданд. Ин тадбирҳо барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирии эҳтимоли бозгашти низоъ аҳамияти ҳалкунанда доштанд.
Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки нақши роҳбарияти сиёсӣ дар ҳалли низоъҳои дохилӣ метавонад омили сарнавиштсоз бошад. Бисёре аз коршиносони байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун намунаи муваффақи гузариш аз муқовимати мусаллаҳона ба ҳамзистии сиёсӣ арзёбӣ намудаанд. Дар ин таҷриба шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсие, ки тавонист манфиатҳои миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва ояндаи давлатро аз манфиатҳои кӯтоҳмуддати сиёсӣ болотар гузорад, мақоми махсус дорад.
Аз ин рӯ, метавон арз намуд, ки нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли низои дохилии Тоҷикистон на танҳо дар ташкили музокироти сулҳ, балки дар ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди заминаҳои рушди устувори кишвар ифода меёбад. Маҳз ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи сулҳофаринӣ дар фазои пасошӯравӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Бояд таъкид намуд, ки сулҳи тоҷикон танҳо дастоварди як ҷониб набуда, натиҷаи муколамаи сиёсӣ, созиш ва омодагии тарафҳо барои гузашт аз манфиатҳои маҳдуди гурӯҳӣ ба хотири манфиатҳои умумимиллӣ буд. Дар шароите, ки бисёр низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон солҳои тӯлонӣ идома меёбанд, Тоҷикистон тавонист роҳи сулҳу ризоиятро интихоб намуда, барои рушди минбаъдаи давлат шароити мусоид муҳайё созад.
Дар ин раванд нақши созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯсту бародар низ хеле муҳим буд. Пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун миёнарав ва кафили муҳими музокироти сулҳ баромад намуд. Намояндагони махсуси СММ барои ташкили гуфтушунидҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик мусоидат карда, барои назорат ва татбиқи созишномаҳои бадастомада саҳми арзанда гузоштанд.
Дар ин радиф Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар пешбурди муколамаи сиёсӣ, мониторинги вазъи ҳуқуқи инсон ва таҳкими институтҳои демократӣ саҳми назаррас гузошт. Ин созмон барои барқарорсозии эътимоди байни тарафҳои даргир ва рушди равандҳои сиёсӣ мусоидат намуд.
Нақши кишварҳои кафил ва нозир низ қобили зикр аст. Аз ҷумла, Русия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон ва Созмони Ҳамкории Исломӣ дар марҳилаҳои гуногуни музокирот барои наздик намудани мавқеи тарафҳо мусоидат намуданд. Маҳз бо дастгирии ин кишварҳо ва созмонҳо фазои мусоид барои идомаи гуфтушунидҳо фароҳам гардид.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли низоъҳо истифодаи нерӯи сиёсӣ ва дипломатия нисбат ба роҳҳои зӯроварона самараноктар мебошад. Маҳз фарҳанги таҳаммулпазирӣ, гуфтугӯ ва созиш тавонист миллатро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Имрӯз ин таҷриба аз ҷониби бисёр коршиносони байналмилалӣ ҳамчун «модели сулҳи тоҷикон» арзёбӣ мешавад.
Дар ҷаҳони муосир, ки бо афзоиши низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ аст, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ, ҳамзистии осоишта ва муколамаи тамаддунҳо дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Иқдомҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, иқлим, дипломатияи пешгирикунанда ва таҳкими амнияти минтақавӣ низ идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи давлат ба шумор мераванд.
Дар хулоса, сулҳи тоҷикон на танҳо дастоварди бузурги миллӣ, балки саҳми арзандаи Тоҷикистон дар фарҳанги ҷаҳонии сулҳофаринӣ мебошад. Таҷрибаи ба дастомада собит сохт, ки танҳо тавассути ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои умумимиллӣ метавон рушди устувор ва ояндаи ободи давлатро таъмин намуд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бедилзода Ҳ. Н.
ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Осиёи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон