Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурд ва дар тӯли ин ҳама давронҳои тӯлонӣ ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Ҳазорон шукр, ки мо имрӯз давлати миллии худ – тифли ормонҳои гузаштагони худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз соле ба соле бо меҳнати созанда ва талошҳои хастанопазир ба ояндаи босаодат раҳнамун месозем. Вале ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар оғози истиқлолияти Ватанамон бардоштаем, нишон медиҳанд, ки ҳифзи дастоварди истиқлол ба маротибаҳо аз ба даст овардани истиқлол мушкилтар аст. Албатта, бо хондани ин сатрҳо шояд баъзе касон саҳлангорона фикр кунанд, ки муаллифони ин сатрҳо суханҳои маълуму забонзадаро ба риштаи таҳрир мекашанд. Посух ба чунин андеша бо мақоли «пеши касе, ки ташна нест, пиёлаву дарё якест» хубтар баён мегардад. Оре, ҳамин тавр аст ва чун истиқлоли давлатии Тоҷикистон як ҷузъи ҳақиқати зиндагии ҳамагонии мост, мо на ҳамеша бар ин нукта фикр мекунем, ки агар кор ба тарзи дигар сурат мегирифт, яъне агар душманони миллати мо, – онҳое, ки мехостанд мамлакати моро пора-пора карда, аз сафҳаи харитаи ҷаҳон номашро зудоянд, ба мақсади нопоки худ мерасиданд, аҳволи мо чӣ мешуд? Оё мо чун даҳҳо миллатҳое, ки бо вуҷуди доштани собиқаи таърихӣ, анъанаву русуми хоси миллӣ, забону адабиёти борвар ва фарзандони шуҳратманди худ аз неъмати соҳибдавлатӣ бебаҳраанд, бо ҳасрат зиндагӣ ба сар намебурдем? Оё мо он вақт метавонистем бо забони шевои модарӣ, ки ҳатто барои миллатҳои дигар гӯшнавозу форам аст, суруди мутантани миллӣ хонем, аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ суханронӣ кунем, шеъру достон нависем ва аз соҳиби чунин забони оламгир будан бинозем? Бино бар ин, мо ҳамеша бояд шукргузор бар саодати соҳибдавлатӣ бошем ва фарзандони худро низ дар рӯҳияи сарфарозӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол доштан парвариш намоем.
Соли 2011 барои тоҷикистониён соли махсусе буд, – мо 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Дар робита ба ин ҷашни фархунда дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва алахусус дар сомонаҳои интернетӣ табодули назари густурдае сурат гирифт. Аксари посухгӯён ва онҳое, ки бо ибтикори худ дар саҳифаҳои васоити ахбори умумии коғазӣ ва электронӣ изҳори назар кардаанд, соҳибистиқлол шудани Тоҷикистонро чун рӯйдоди бузурги таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ менамоянд, ки ин баёни моҳияти аслии ин неъмати бебаҳои таърихӣ аст.
Аммо дар баробари ин иддаи бузурги шукргузор, ки барояшон истиқлол сарвати бебадал аст, онҳое низ ҳастанд, ки бар тибқи назари нофарохи хеш ба истиқлол аз равзанаи ҳадафҳои моддӣ нигариста, бар чунин ақидаанд, ки соҳибихтиёрӣ барои Тоҷикистон, ҳамчунин барои дигар ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, бозгашт ба ақиб аст. Ва аз ҳама фикри ботиле, ки дар навиштаҳои ин гуна «шореҳон» ба чашм мехӯрад, ин аст, ки гӯё хидмати роҳбарияти Тоҷикистон дар барқарорсозии сулҳ аҳамияти собиқаашро аз даст додааст. Мо чунин мешуморем, ки ин ақида комилан ғалат аст. Ҳамчуноне ки зафари халқи шӯравӣ бар фашизм қаҳрамонии беназир аст ва бо гузашти замон бар аҳамияти он афзуда мешавад, хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва ба сулҳу ваҳдат расонидани қувваҳои ба ҳам зид корнамоиест, ки аҳамияту арзиши он бо мурури айём бештару бештар мегардад. Сулҳу ваҳдат ин ҳамон ниҳолест, ки ба қадри бузург шуданаш пурсамартар ва мевааш пуршираву ширинтар мегардад.
Нуктаи маълум аст, ки дар сарчашмаи ҳамаи аъмолу кирдори барои ҷомеа судманд шахсиятҳои мушаххас қарор мегиранд. Яъне халқҳо ва миллатҳо дар чи соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ ба пешрафт даст наёбанд, мадюни шахсиятҳои барҷаста ва ашхоси бузург ҳастанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз маҳз шахсиятҳои истисноӣ ва неруманду шуҷоъ масъулияти наҷоти Ватан ва миллатро бар дӯши худ мегиранд.
Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Махсусан нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабор аз таърихи халқҳову миллатҳо муассир воқеъ мешавад. Масалан, дар набардҳои мусаллаҳона ҳамон лашкаркаше метавонад лашкарашро ба пирӯзӣ расонад, ки шуҷоъ ва тавоно бошад ва тавонад вобаста ба вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг иқдоми низомии дуруст намояд ва стратегияи мукаммалро ба кор гирад. Зеро танҳо аз истеъдоди лашкаркашии ӯ ва тасмими дурусти ӯ сарнавишти артиш ва кишвар вобаста аст. Маъмулан ашхоси соҳибхирад ва боистеъдодро шароити ҳассос ва тақдирсози таърихӣ ва масъалаҳои мураккаби боқӣ мондан ва ё намондани давлатҳо дар арсаи ҷаҳон ба сиёсатмадорони барҷаста табдил медиҳанд. Дар чунин давронҳо пешвоёне бар арсаи сиёсат ба вуҷуд меоянд, ки қодиранд ҳама гуна саддро аз роҳи пешрафти ҷомеа бигиранд ва роҳро барои рушду густариш омода созанд. Бо ибороти дигар, шахсиятҳои барҷаста маҳсули даврони муҳими таърихӣ мебошанд.
Аммо барои табдил шудани инсон ба шахсияти барҷастаи сиёсӣ фақат шароити таърихӣ кам аст. Худи сиёсатмадор бояд аз фазилат ва хусусиятҳои лозим барои ҳалли масъалаҳои душвор ва анҷоми фаъолиятҳои бузург бархӯрдор бошад. Ӯ бояд донишманд, қавиирода, бебок, нисбати зердастон сахтгир ва дар мавриди ба дӯши худ гирифтани масъулият ва нотарс будан дар баробари хатарҳои эҳтимолӣ аз атрофиёни худ чанд сару гардан боло бошад.
Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.
Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанӯз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлолияти Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чӣ ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, ба маънои воқеии ин калима, фосилае ба қадри як сари мӯ ҷудо мекард.
Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирӯзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии кишвар, ки Тоҷикистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буданд, аз обрӯи миллати тоҷик мекостанд ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷӯ вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992 бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми кишвар яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт.
Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод.
Бо хондани ин сатрҳо дар хонандаи гиромӣ суоли мантиқӣ ва барҷое метавонад пайдо шавад, ки чаро маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон ҳеҷ таҷрибаи фаъолият дар зинаҳои баланди идораи давлат надошт, роҳбари Тоҷикистон интихоб гардид?
Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки дар он рӯзҳои ошуфта ва пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешорӯи алангаи ҷанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон ҷуръат намекард, ки масъулияти душвори қатъ кардани ин фоҷиаи миллатро ба зиммаи хеш гирад.
Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва дар асл бошад тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.
Биёед, биандешем оё осон буд, ки як сиёсатмадори таҷрибаи кофӣ надошта чунин масъулиятро ба дӯши худ бигирад? Агар ҳам, ки он чиро Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли як давраи кӯтоҳе дар поягузории аркони давлат анҷом дод, сарфи назар кунем, фақат ҷуръати инсониаш ва тасмими қавиаш, ки бори гарони эъмори давлатро бар дӯш гирифт, худаш қаҳрамонӣ аст.
Мушкилӣ ва печидагии вазъият фақат аз маҷмӯи вазифаҳои барқарор кардани сулҳу оромиш ва бунёди рукнҳои давлатдорӣ дар заминаи холӣ, нарасидани пул, нокифоии маводи ғизоӣ барнамеомад. Дар кишвари ҷангзада, ки сарчашмаи муноқишаҳо аслан аз парешонии ақидавӣ рух намуда буд, ҷанги иттилоотӣ ҷабҳаи дигари шадиде буд, ки аз он ҷо ба таври пинҳону ошкоро ба ҷониби ҳукумати қонунии нав ҳамлаҳое сурат мегирифтанд. Масалан, он рӯзҳо чи дар васоити ахбори кишварҳои муштаракулманофеъ ва чи дар хориҷаи дур ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро коммунистӣ ва зиддиисломӣ ба қалам медоданд ва бар ин тибқ созмонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳбарияти ҷумҳурии мо бо як навъ шубҳа менигаристанд. Зиёда аз ин, ҳувияти роҳбари Тоҷикистонро бо паҳн кардани шойеаҳое, аз қабили «собиқ парторг», «собиқ раиси колхоз», мехостанд дар пеши назари ҷаҳониён коҳиш диҳанд. Вале Сарвари давлати тоҷикон ба ин суханҳои ҳарзаомез бо фаъолияти пурсамар ва рӯз аз рӯз ба беҳбудӣ расонидани авзои ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат посух медод. Андаке руҷӯъ карда, мехоҳем ин нуктаро махсусан таъкид намоем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша – чи дар аввалин рӯзҳои бар садри давлат омаданаш ва чи имрӯз – аз решаҳои иҷтимоияш ва роҳи сипарикардааш то ба мансаби Сарвари давлат расидан ифтихор мекунад ва ба сарнавишт шукр мегузорад, ки ӯ аз волидайни заҳматкаш ба дунё омадааст ва аз онҳо меҳнатдӯстӣ омӯхтааст ва худаш ҳам солҳои тӯлонӣ аз касби кишоварзӣ нон хӯрдааст.
Ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки дар шароите, ки амалан ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Раиси Шӯрои Олӣ ҳанӯз на аз ҷониби сиёсатмадорони низоми коммунистии пешин ва на аз ҷониби онҳое, ки тоза вориди ҳукумати нав гашта буданд, дастгирии комил – ва ба истилоҳи сиёсатмадорон – заминаи маънавию сиёсӣ надошт ва ҳам наметавонист дошта бошад. Фақат ҳамин далел, ки ҳеҷ як аз ашхоси саршинохтаи ҳизбиву давлатии он замон ҷуръат накарда буд, ки бори масъулияти роҳбарӣ бар ҷумҳуриро бигирад ва низ аксари ашхоси таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон худдорӣ карда буданд, баёнгари он аст, ки бисёре аз сиёсатмадорони вақт мавқеи интизориро ихтиёр карда буданд. Ҳатто яке аз онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон рӯирост гуфта буд: «Шумо дар ин мансаб аз ду ҳафта зиёдтар намеистед». Ин ҳарфҳо аз сари хусумат гуфта шуда буданд ва ё аз нобоварӣ, вале вазъият чунин буд, ки ҳатто ҷонибдорони зиёди Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ бо як навъ дилнигаронӣ ба фаъолиятҳои ӯ менигаристанд ва аз худо илтиҷо мекарданд, ин сарвари ҷавонро, ки бидуни як лаҳзаи оромӣ шабу рӯз барои ба эътидол овардани вазъи ошуфтаи мамлакат заҳмат мекашад, дар паноҳаш нигоҳ дорад.
Хушбахтона, умеди мардум ба навмедӣ накашид. Ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни таамул ва бо иродаи матин ба муқобили ҷангу хунрезӣ паёми сулҳу ризоияти миллиро ҳамчун зербинои давлатдорӣ ташхис дод ва алорағми қувваҳои адоватпешаи дохиливу хориҷӣ, ки ҷиддан мекӯшиданд, то оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нагардад, ба иқдом пардохт. Кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар фазои ҷонибдории тамоми халқи Тоҷикистон сурат мегирифт, марҳала ба марҳала кишвари моро ба сӯи мақсуд раҳнамун сохт.
Бо такя ба дониши амиқи вазъи мавҷуда дар мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омад, ки нахуст якпорчагии мамлакатро бояд таъмин намуд ва баъдан роҳҳои пешбурди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирифт, ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Вазифаи муҳимтарини хешро низ дар он медид, ки ҳувияти дар асари ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонад, ваҳдату пайванди пойдори афроди ҷомеаро эҷод намояд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозад ва дигар ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки бадхоҳони миллати тоҷик саҳнагардони хоки муқаддаси Ватани мо шаванд.
Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар он шароити буғранҷи буҳрони сиёсӣ ва парешонии ақидавӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон буд, ва дар вазъе, ки тамоми мақомоту сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданд, он чи Эмомалӣ Раҳмон аз обод кардани мулк ва сарҷамъ намудани миллат ҳарф мезад, хаёлпардозие бештар дарёфт намешуд. Он рӯзҳо чи дар мамолики ҳамсоя ва чи дар кишварҳои дур, чун сухан аз Тоҷикистон мерафт, пуристеъмолтарин калимот «фано шудан», «дар оташи ҷанги ҳамватанӣ сӯхтан», «то охирин тоҷик ҷанг кардан»... буд.
Ва дар воқеъ ҳам ба ҳақиқат пайвастани ин «пешгӯиҳо» аз эҳтимол дур набуд. Аз эҳтимол дур набуд – дар он сурат, ки агар аз миёни миллати тоҷик шахсияте пайдо намешуд, ки масъулияти наҷоти Ватан ва хотима додан ба ҷанги бародаркуширо бар уҳда гирад. Ва низ муҳим ин ки тавонад, ҳамватанонро даъват кунад, то аҳамияту арзиши иқдомҳои ӯро дарк намуда, бо саҳмгирии мустақимашон сарнавишташонро ба дасти худ гиранд ва аз тасмимоту фаъолиятҳои Сарвари давлат, ки ба хотири онҳо анҷом медиҳад, огоҳ бошанд, ба моҳияти онҳо пай бибаранд ва манфиатҳои миллӣ ва ватанашонро аз ҳар чизе болотар гузоранд.
Яке аз муҳимтарин вазифае, ки дар пеши роҳбари Тоҷикистон қарор дошт, ин пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мутамаддин буд. Ва муҳимтарин марҳалаи амалӣ намудани ин барномаи стратегӣ қабули Конститусия ба шумор мерафт.
Маълум аст, ки ҳар Сарқонун бояд ҳуқуқу озодиҳои фардиро дар баробари қудрати давлатӣ ва, баръакс, марзбандии фаъолияти давлатро бо ҳуқуқи шаҳрвандон танзим намояд. Яъне Конститутсия, пеш аз ҳама, бояд ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро муҳофизат кунад ва ҳамзамон бо он масъулияти шаҳрвандро дар назди ҷомеа ва давлат муайян созад.
Бо бардошт аз ин гуфтаҳо, ҳукуматро лозим буд, пеш аз он ки ба тарҳрезӣ ва қабули Сарқонун иқдом намояд, онҳоеро, ки амали Сарқонун барояшон равона карда мешавад, дар чаҳорчӯби назму тартиби муайян дароварад. Яъне модоме, ки мақсади асосии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд таъмини афзалияти қонун, ҷорӣ кардани низоми одилона ва сулҳу субот дар ҷомеа аст, нахуст корро аз он бояд оғоз намуд, ки монеаҳои асосӣ аз миён бардошта шаванд.
Ҳалли мушкилоти иҷтимоии муҳоҷироне, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷанг паноҳ бурдаанд, ва онҳое, ки аз мавзеъҳои даргирӣ ба нуқоти ороми кишвар кӯч бастаанд, танҳо аз дасти давлате, ки муҳофизати манфиатҳои миллиро сармашқи кори худ қарор додааст, бармеояд. Агар ҳукумати тозаинтихоб қодир ба захмҳои садҳо ҳазор овора, гурезагону кӯчбастагон, бозмондагони хонаводаҳои қурбониёни ҷанг, ятимону бепарасторону маъюбон марҳамгузор шавад, дар он сурат эҳёи дигарбора ва шукуфоии Ватан ва ободии шаҳрҳову деҳот, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум муяссар мегардад, заминаи рушду тараққии мамлакат фароҳам меояд. Яъне бо ибороти дигар, ҳукумати тозаинтихоб мехост, сарфи назар аз он ки кӣ золим ба ҳисоб мерафт ва кӣ мазлум, бо таъбири худи Эмомалӣ Раҳмон, «ба гузашта салавот гуфта», зиндагии ҷомеаро аз «саҳифаи тоза» оғоз кунад. Аммо ин кор дар он вақт хеле душвор буд. Вале мушкил будани кор маънои ғайриимкон будани ҳалли онро надорад.
Ба ин тартиб, Тоҷикистон ба як чархиши бузурге зарурат дошт, ки тамоми афроди ҷомеа – силоҳдору бесилоҳ, гурезагону дар Ватан будагон, бунёдгароёну озодандешон, ашхоси таҳсилкардаву мардуми одӣ – тавонанд бидуни таҳдиду ташвиш дар эҳёи кишварашон саҳмгузор бошанд.
Ба ин хотир ва ба сифати нахустзаминаи оштии миллӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар даргириҳои мусаллаҳона ширкат намудаанд ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд ва онҳое, ки яроқҳои худро месупоранд, қонун қабул намуд. Вале ин иқдоми давлат, ҳамчуноне ки интизор мерафт, натиҷаи матлуб ба бор наовард. Зеро ҷанги бародаркушӣ, ки бо ҳезуми эҳсосҳои шадиди инсонӣ – кина, хусумат, нанг, интиқом – дар мегирад, ба осониҳо хомӯш намегардад. Ин аст мушкилии кор ва ин аст мизони вазифаи ҳар касе, ки ба дӯши худ масъулияти хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандиро мегирад.
Вале Эмомалӣ Раҳмон аз ин мушкилӣ наҳаросид, зеро вай аз тинати миллати хеш огоҳ буд. Медонист, ки мардуми содадил на аз рӯи кинаву адоват нисбати намояндагони маҳаллу нуқоти дигари мамлакат вориди майдонҳо шудааст, балки бар соиқаи иғвои мансабхоҳон ва зери таъсири ҳиллаву найранги сиёсатмадорони навзуҳур, ки ҷоҳу мақом барояшон аз ҷони инсон арзишмандтар аст, дохили ҷанги нангини шаҳрвандӣ гардидааст.
Даъватҳои такрор ба такрори Сарвари давлат аз иштирокчиёни мухолифатҳо бобати аз гуноҳи якдигар гузашта, ба зиндагии осоишта қадам ниҳодан, ки дар ниҳояти самимият изҳор мешуданд, эълони авфи умум, ки борҳо сурат гирифт, батадриҷ самараи матлуб ба бор оварданд.
Ҳазорҳо ҷавонони раҳгумзада силоҳҳои худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супорида, бо бурдбориву тааммул ва бо аз сина дур кардани ҳисси адовату кина рӯй ба зиндагии осоишта гузоштанд.
Рӯз аз рӯз шумораи гурезаҳое, ки майли муроҷиат ба Ватан мекарданд, зиёд мешуд.
Ин нуктаро набояд аз ҳисоб хориҷ кард, ки мулки ноором майдони ҷавлони афроди ҷиноятпеша аст. Тамаркузи силоҳ дар ҷомеа, ки онро ба сифати «афзор»-и асосии муноқишаҳои сиёсӣ баргузидааст ва зӯри силоҳ ҳамчун қотеътарин далели бартарият дар ҳалли тамоми масъалаҳои зиндагии ҷомеа шинохта шудааст, ба олами ҷиноӣ имкон медод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ нуфуз ёбад. Гурӯҳҳои ҷиноятпеша кӯшиш мекарданд ба иқтисодиёт, сиёсат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид гарданд, соҳаҳои афзалиятноки саноат ва мақомоти калидии ҳокимиятҳои маҳаллиро таҳти назорати худ қарор диҳанд. Зиёда аз ин, гурӯҳҳои ҷиноӣ бо ба тан кашидани либоси низомӣ худро кормандони ҷузъу томҳои неруҳои ҳарбии давлатӣ ҷилва медоданд. Бадеҳист, ки чунин вазъ ба коми қувваҳои манфиатдор ба идомаи беназмӣ дар Тоҷикистон буд ва онҳо бо камоли майл аъмоли ин ҷинояткоронро ҳамчун амали бадқасдонаи неруҳои ҳукуматӣ ба қалам дода, гурезагони иҷбориро аз муроҷиат ба Ватан бозмедоштанд ва дар дохили мамлакат фазои ваҳму ҳаросро ба вуҷуд меоварданд.
Вале Эмомалӣ Раҳмон бо сафарбар кардани неруҳои таъмини амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҷинояткорӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ муборизаи оштинопазир эълом кард ва дар чанд марҳала муваффақ ба ҷорӣ кардани назму суботи пойдори ҷамъиятӣ дар мамлакат гардид.
Баъд аз нисбатан ором гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар аввалин марҳалаи ислоҳоти конститутсионӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 ба он замина гузошт, оғоз гардид.
Бо ташкили Комиссияи Конститусионӣ ва роҳбари Комиссия интихоб гардидани Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи таърихии эҷоди Сарқонун ба дӯши Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд ва ӯ ин вазифаи муҳимро, чун ҳама кореро, ки дар он замон анҷом медод ва то имрӯз анҷом медиҳад, бо дарки масъулияти бузург дар пеши наслҳои имрӯз ва ояндаи Ватан ба иҷро расонид. Сарнавишти таърихии миллат-ба сифати подоши хидматҳои бузургаш-ба Эмомалӣ Раҳмон ин ифтихорро дод, ки маҳз ӯ эҷодкори асосии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол шавад. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.
Тоҷикистон ба Конститутсияи давлати бо сохти ҷумҳуриявие ниёзманд буд, ки битавонад посухгӯи марҳалаи таъмини сулҳу субот дар кишвар бошад ва Тоҷикистонро ба сафи мамолики мутамаддин ва мутараққӣ бозгардонад. Дар ҷараёни эҷоди Сарқонун Сарвари давлат, дар баробари омӯхтани таҷрибаи давлатҳои собиқадори дерини усули демократии идораи ҷомеа ва бо сармашқ намудани арзишҳои умумибашарии озодиву истиқлол, хусусиятҳои хоси миллати тоҷик ва миллатҳои муқими Тоҷикистонро дар мадди назар нигоҳ медошт. Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад».
Маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо давлати иҷтимоӣ муайян шудааст ва ин чунин маъно дорад, ки фаъолияти давлат барои баровардани эҳтиёҷоти аслии шаҳрвандон ва ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар нигаронида шудааст. Дар банди дуввуми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъйиноти муҳим чунин дарҷ гаштааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад».
Баъд аз шаш моҳи кори сахту пурзаҳмат пешнависи Сарқонун дар рӯзномаҳо чоп шуда, барои муҳокима ба мардум пешкаш гардид. Муҳокимаи умумихалқӣ, ки дар тӯли се моҳ – апрел, май ва июни соли 1994 – дар саросари кишвар ҷараён гирифт ва дар он одамони касбу кори гуногун ширкат варзиданд, собит намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҷонибдори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳастанд. Ин маърака равшан сохт, ки халқи Тоҷикистон аз лиҳози маънавӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва бо дарки масъулият баҳри таҳкиму пойдор гардонидани давлати миллии хеш барои баргузоркунии ислоҳоти конститутсионӣ омода аст.
Лозим ба зикр аст, ки дар давраи мураккаб ва тақдирсози соли 1994, ки муҳимтарин санади муайянкунандаи сарнавишти давлати тоҷикон ва миллати тоҷик омода мегашт, дигар рӯйдоди умедворкунанда ва таъйинсозандаи сулҳу субот дар мамлакат – музокироти давлат ва мухолифин барои дарёфти роҳи созгории миллӣ – оғоз ёфт. Чун мардуми ҷумҳурӣ ташнаи сулҳ буданд ва ҳар як қадами дар ин роҳ гузоштаи Эмомалӣ Раҳмонро бо дидагони умедвор мушойиат мекарданд, аз назари онҳо пинҳон намемонд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти роҳи сулҳ ҷони худро ба чӣ хатарҳо меандозад. Сафари ӯ ба мамлакати ҷангзадаи Афғонистон, ба миёни муҷоҳидон, ки ҳанӯз аз хулуси нияти роҳбари Тоҷикистон огоҳии комил надоштанд ва «коммунист»-у «кофар»-аш мепиндоштанд, ба қавли Максим Горкий, «густохии далерон» буд. Вале маҳз ҳамин «густохии далеронаи» Эмомалӣ Раҳмон мавриди писанди бонуфузтарин ашхоси сиёсиву ҳарбии Афғонистон гардид. Афкори баланду ватанпарастона ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъ кардани миллати тоҷик мӯҷиби тағйири ақида намудани сиёсатмардони афғон шуд ва бисёре аз онҳо изҳори ҷонибдорӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон намуданд.
Қабули Коститутсия дар раъйдиҳии умумихалқӣ ва зафари Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки ин ду маъракаи муҳими сиёсӣ дар як вақт – рӯзи 6 ноябри соли 1994 - баргузор гардиданд, рӯйдоди пешгӯишаванда буд. Натиҷаи муҳокимаи фаъолонаи лоиҳаи Сарқонун, пешниҳоду дархостҳои шаҳрвандон ба Комиссияи Конститусионӣ ва обрӯю эътибори рӯзафзуне, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа аз он бархӯрдор буд, далолат бар он мекарданд, ки аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон ҷонибдори шакли президентии идораи давлат ҳастанд ва Президенти кишвари хешро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон мебинанд.
Охири соли 1994 ва нимаи аввали соли 1995 барҳақ соли таҳкими бунёди қонунии давлати ҷавони Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон, сарфи назар аз мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бархӯрдҳои шадиди мусаллаҳона дар сарҳадот ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, фишори сиёсии қувваҳои оштинопазир, ки садояшонро бо баргузор кардани амалҳои террористӣ ва бо ба кор даровардани лавозимоти тарканда дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат баланд мекарданд, ба амалӣ кардани нуктаҳои ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ идома дод. Такони ҷиддие, ки дар марҳалаи аввали ислоҳоти конститутсионӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, муносибатҳои нави иқтисодии омехта аз унсурҳои гуногуни шакли моликият, озодии сухан, бисёрҳизбӣ дода шуд, дар марҳалаҳои баъдӣ мӯҷиби суръату сифати навро касб кардани раванди ислоҳоти куллии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, бо истифода аз салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо такя ба меъёрҳои Сарқонун, дар роҳи танзими вазъи сиёсию иҷтимоӣ иқдомҳои густурда анҷом дод. Ӯ муваффақ шуд, ки - дар баробари мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ - ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома диҳад, гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонад, сулҳу ризоиятро дар ҷомеа пойдор намояд.
Аз соли 1995 дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ гардид. Дар ин давра санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ ба тасвиб расиданд. Шаклҳои гуногуни моликият ҳаққи мавҷудият пайдо карданд. Ташкили савдои озоди хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ заминаи мусоиди рушди иқтисоди мамлакатро фароҳам оварданд. Бо вуҷуди нобасомониҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсие, ки ҳатто баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ва тақрибан то оғози ҳазорсолаи нав идома ёфтанд, иқтисоди Тоҷикистон тамоюли пешрафти худро нигоҳ дошт.
Дар нимаи дуввуми солҳои навадум, бо хусусияти ҷомеъ ва мутамарказро касб кардани ислоҳоти иқтисодӣ, соли 1997 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки коҳиши тавлидотиро боздорад ва иқтисоди мамлакатро бар масири рушди собит равона созад. Аз он давра ба баъд иқтисоди мамлакат ҳар сол ба ҳисоби 7,1 дарсад рушд менамояд. Ва фақат соли 2011 ба иллати таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ин нишондиҳанда коҳиш ёфта, 2,6 фоизро ташкил намуд.
Тоҷикистон баъд аз оғози аввалин марҳалаи ислоҳоти иқтисодӣ дар соли 1995 то ба имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ин муваффақиятҳо худ далели он ҳастанд, ки маҳз иқдомҳои дар марҳалаи нахустини ислоҳоти конститутсионӣ намудаи Президент Эмомалӣ Раҳмон мусоидат карданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ самтҳои асосии пешбурди минбаъдаи кишварро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян созад ва марҳала ба марҳала Тоҷикистонро ба масири пешрафту тараққӣ раҳнамун созад.
Барои дарки беҳтар ва барои хубтар пай бурдан ба моҳияти хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Тоҷикистон дархӯри мақсад медонем, ки чанд ҷумла аз суханони Президенти Шӯрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷаро, ки дар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Пешвои асри XXI» гуфтааст, биёварем:
«... Мо ҳамагон, дӯстони башарият, пайи суроғи шахсиятҳои фарзонае ҳастем, ки қарни моро дигаргун сохта, бо амал, идрок ва неруи ҳастии худ суботи ҷаҳонро барои мову шумо таъмин менамоянд.
Мо ба он мақсад омадаем, то ба Пешвои асри XXI, ба марде, ки дар замони низову ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард, марде, ки дар ҳамдастӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад, изҳори қадрдонӣ намоем. Ин шахс Президент Эмомалӣ Раҳмон аст.
Бояд иқрор шуд, ки унвони Пешвои асри XXI унвонест, ки номзадҳо танҳо пас аз омӯзиши амиқ ва баррасии ҳамаҷониба сарфароз гардонида мешаванд. Бинобар он, ки бо он роҳбарони давлатҳо сарфароз гардонида мешаванд, фаъолияти онҳо даҳсолаҳои амалҳову дастовардҳои ноилгаштаро бо таъсири мусбат ба ҳаёти халқу кишвар таҷассум менамояд.
Дар раванди қабули қарор ҷиҳати сарфароз гардонидани Президент Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Пешвои асри XXI далелҳои зерин ба инобат гирифта шуда буданд:
– мусоидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ, таъмини идоракунии шаффоф ва озодии матбуот, дастгирии равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқҳои инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва бароҳандозии дигар барномаҳои созандагӣ;
– рушди пайгиронаи пояҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон тавассути маблағгузориҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ки дастгириашон ҷавобгӯи чунин арзишҳои дахлнопазири ҳуқуқи инсон, ба монанди тандурустӣ, маориф ва зиндагии солим, мебошад;
– мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва эҳёи симои таърихии Душанбе, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз саъю талошҳои муассир барои таъмини дастгирии ояндаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад;
– рушди доимӣ ва ҳимояи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик, мубаддал гардондани Душанбе ба яке аз марказҳои ҳамоиши Аврупою Осиё ва машъали рушд барои тамоми минтақа;
– дастгирии доимии сулҳу субот ва амният дар миқёси ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи андешидани тадбирҳои муҳими байналмилалӣ, ба мисли табдил додани Тоҷикистон ба кишвари сулҳоро ва дорои сарҳадҳои бехатар;
– ҳамчунин равобити дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг, иқтисод, сиёсат, ки заминаи устувори ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бунёд мекунад, хислати рушдкунанда касб намуд» ...
Ин суханони шахсест, ки ҳама мушкилӣ ва фалокати ҳодисаи хонумонсӯзе чун ҷанги шаҳрвандиро аз рӯи шунидааш медонад. Ӯ боре ҳам аз садои тир ва таркиши гулулаву норинҷак дар дили шаб аз хобаш бедор нашудааст; изтироби мардуми дар маҳалли ҷанг воқеъшударо дар вуҷуди худаш эҳсос накардааст; гиряи дилобкунандаи модарро дар сари ҷанозаи фарзанди аз тири дайду ҳалокгардидааш нашунидааст... Вале бо вуҷуди ин ҳама, чӣ суханҳое мантиқӣ ва чӣ таҳсинҳое барҷо бар забон меронад. Пас мо, мардуми Тоҷикистон, ки даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронидаем ва хотироти талхи он рӯзҳои пурдоғу дард, бо гузашти ин ҳама солҳо, бар мо гаронӣ мекунанд, бо чӣ амалкарде заҳмати шахсиятеро, ки бар ин даргириҳои накбатбору мусибатовар хотима бахшидааст, посух гӯем?
Оё ниёз ба такрор аст, ки муҳимтарин дастоварде, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, ин сулҳу оштии миллӣ аст?
Нуктаи маълум аст, ки ҳар барнома аз муайян намудани ҳадафҳои асосӣ оғоз мегардад. Аз ин нуқтаи назар барномаи, ё ба таъбири дигар, консепсияи сохтмони давлат ин, пеш аз ҳама, муттаҳид намудани тамоми афроди ҷомеа ва ба даст овардани ваҳдату ягонагии мардуми кишвар аст. Ваҳдату ягонагии афроди ҷомеа фалсафаи асосӣ ва баёнгари мазмуну мундариҷаи созмони муташаккил ва муназзаме чун давлат аст. Ҳамчуноне ки организми инсон барои қобили ҳаёт будан пайваста ғизо металабад, организми мураккабе, чун давлат, низ доимо ниёз ба ғизо дорад. Ва ин ғизо ваҳдату ягонагии мардуми мамлакат аст. Аз ин рӯ, ҷараёни таҳкими иттиҳоди иҷтимоӣ на маъракаи якмаротибаӣ, балки иқдомоти доимӣ аст ва дар ҳолати матлуб нигоҳ доштани он муҳимтарин вазифаи дастгоҳи идораи давлат ва институтҳои ҷомеа мебошад. Вале нахуст бояд ин ваҳдатро эҷод кард.
Обрӯю эътибори Президент Эмомалӣ Раҳмон чи дар пеши мардуми Тоҷикистон ва чи дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ дар пеши саршинохтатарин шахсиятҳои сиёсат, пеш аз ҳама, марбут ба хидматҳояш бобати хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон, ки бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш сарварии мамлакатро бар дӯши худ гирифта буд, аз аввалин рӯзҳои фаъолияташ роҳи расидан ба мақсудро дар муколама ва муносибати сулҳомез бо тамоми неруҳои сиёсии мамлакат муайян намуд. Вай дар яке аз аввалин изҳороташ ба сифати усули аслии фаъолияти роҳбарияти Тоҷикистон иброз намуда буд: «Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст… Мо ягон масъалаи принсипиалии ҷомеаамонро бо роҳи зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас».
Бо садоқат бар ин усул, Эмомалӣ Раҳмон тарафи мухолифи давлатро ба музокира даъват кард, то масъалаҳои мавриди талоши ҷониби муқобилро на дар сангарҳо ва на бо силоҳ, балки сари миз ва дар ҷараёни гуфтушуниди мусолиҳатомез ҳал намояд.
Музокироти тоҷикон, ҳарчанд ки мушкил ва тӯлонӣ гардид, барои Тоҷикистон марҳалаи тақдирсозе буд. Дар ҷараёни гуфтушунид, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳим ба имзо расид.
Нуқтаи фарҷоми музокироти байни тоҷикон, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд, марҳалаи сифатан тозаеро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон оғоз бахшид.
Имзои Созишнома на танҳо фарҷоми муваф-фаққиятомези марҳалаи душворе дар таърихи навини давлатдории тоҷикон гардид. Ин рӯйдоди фараҳбахш ҳамчунин собит намуд, ки зимоми қудрати Тоҷикистон дар дасти шахсиятест, ки ӯ на танҳо қодир аст ҳадафҳои волои миллӣ, масъалаҳои печидаи сиёсӣ, равандҳои аслии ҷаҳони муосирро дарк ва ташхис намояд, балки тавоноии онро низ дорад, то даст ба иқдомҳои ҷасурона бизанад ва пирӯз гардад.
Барқарор гаштани сулҳ дар мамлакат ба равшанӣ нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро суханаш бо амалаш тавъам аст. Зеро ҳамватанон бо сароҳат дар хотир доштанд, ки ӯ дар нахустин муроҷиатномааш ба мардуми мамлакат, аз ҷумла, гуфта буд:
«...Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд ва ба Ҳукумати мамлакат имконият пеш омад, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳо ва созмонҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд.
Соли 2012, ки аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол мегузарад, бо ҷамъбасти даврони гузашта бо итминон метавон гуфт, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқӯъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шуданд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду густариш амалӣ мегарданд.
Дар ин солҳо дар ҷумҳурӣ сохти ҷамъиятии сифатан нави ҷавобгӯ ба арзишҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада, иқтисоди бозаргонӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, ки нишонаҳои мусбати онҳо дар рӯҳияи одамон ва тарзи зиндагии онҳо таҷассум гаштааанд.
Вале, дар баробари ин, вазъи бесуботи ҷаҳони муосир, буҳронҳои фарогири иқлимиву молиявӣ моро водор месозанд, ки ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва баҳри ба насли ҷавони имрӯз ва наслҳои оянда омода сохтани шароити зиндагии шоиста кори пурсамар, эҷодҳо ва кашфиётҳои беш аз пешин намоем, то ин ки онҳо тавонанд анъанаҳои арзишманди миллии халқамонро идома диҳанд ва ғанӣ гардонанд.
САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,
мудири шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои таърих