×

СУЛҲ МОҲИЯТИ ТАЪРИХИ МОСТ

Бозгашт ба мавод

СУЛҲ МОҲИЯТИ ТАЪРИХИ МОСТ

ИОМДОА Сиёсат 22-06-2026 ш.Душанбе
СУЛҲ МОҲИЯТИ ТАЪРИХИ МОСТ

(Ба ифтихори таҷлили ҳарсолаи "Рӯзи ваҳдати миллӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳар сол дар даҳаи сеюми моҳи июн дар Тоҷикистони маҳбубу азиз "Рӯзи ваҳдати миллӣ" чун рӯзи таърихии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, хотима ёфтани ҷанги дохилии бемаънои солҳои 1990-ум ва оғоз гаштани даврони суботу созандагӣ таҷлил мегардад. Ин мавод на танҳо шарҳу эзоҳи мухтасару фишурдаи таърихист, балки даъват ба андешаронии фардӣ дар бораи он мебошад, ки чӣ гуна сулҳу суботи ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фидокориҳои ҳазорон ҳамватани баномуси мо имконпазиргаштаро ҳифзу абадӣ гардонем.

Азобу машаққат дар овони гузаштаи таърихӣ ба хотири ояндаи дурахшону босаодат

Соли 1929 дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ мақоми ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқиро гирифтани Тоҷикистон қадами аввалини кишвари мо ба сӯи давлатдории соҳибихтиёри миллии муосир буд. Ин воқеаи таърихӣ рамзи оғози раванди эҳёи миллати тоҷик пас аз садсолаҳои фаромӯшию парокандагӣ гардид. Аммо имтиҳони воқеии сангинтарини камолот дар охири асри 20-ум, замоне фаро расид, ки кишварамон соҳиби истиқлоли давлатӣ гашта, ҳамзамон бо сабабҳои мухталиф дар остонаи нобудию фурӯпошӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем: ҷанги дохилии шаҳрвандӣ, ки даҳҳо ҳазор нафарро аз ҳаёт маҳруму бадбахт кард, метавонист пояҳои давлатдории навини тоҷиконро комилан хароб кунад. Аммо, хушбахтона, ин тавр нашуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлатиаш як вожаро ба сифати авлавияти калидӣ қарор дод. Ин вожа сулҳ аст. Вожаи мазкур на танҳо чун ҳадаф, балки ба ҳайси фалсафаи давлатӣ ва корпояи муътамади арзишҳои миллӣ эътирофу эълом гардид.
"Сулҳ моҳияти таърихи мост, нахустасоси пешрафт мебошад, бидуни он рушду рифоҳу ободӣ тасаввурнашавандаанд",-таъкид мекунанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сулҳ танҳо дастоварду неъмат набуда, балки, аз ҷумла, натиҷаи шуҷоату ояндабинии сиёсӣ аст

Раванди мусолиҳаи миллӣ печидаву мураккаб буд. Он на танҳо дар шакли гуфтушунидҳои расмии ҷонибҳои даргир сурат мегирифт. Ин раванд аз мулоқотҳои пинҳонӣ, муколамаҳои мустақим бо унсурҳои тундрав, анҷоми кори бузурги дипломатӣ ва инсонӣ низ иборат буд. Нақши муҳимтарин дар ин ҷодаи тақдирсоз ба Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дошт, ки на танҳо аз худ ҷасорати калони сиёсӣ нишон доданд, балки ноил ба он гаштанд, ки эътиқод ба ғалабаи сулҳ дар миёни аҳли ҷомеа эҷод ва устувор шавад.
Ин роҳи таърихӣ на танҳо арҷгузорию эҳтиромро нисбати худ тақозо менамояд, балки дарку фаҳмиши амиқу жарфро. Сулҳ падидаи абадӣ нест, — вай ба ҳифзу ҳиросати мунтазам, навгониҳои пай дар пайи созанда ва масъулиятшиносии баланди ҳар як фарди ватандӯст низ сахт ниёз дорад.

Сабақи умдаи солҳои 1990-ум: Неруҳои ҷиноӣ наметавонанд бо худ давлатро иваз кунанд

Ҳамзамон бо фароянди оштии миллӣ дар Тоҷикистон ба муқобили ҷинояткорӣ муборизаи гуногунҷанбаи оштинопазир бурда мешуд. Дар солҳои 1990-ум гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо роҳи дахолат ба арсаҳои иқтисод, сиёсат ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мехостанд бо худ давлатро иваз кунанд. Роҳбарияти олии давлатии мамлакат бо сарварии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо зарбаи нишонраси системавӣ зада, сохторҳои давлатиро аз унсурони аҳримании ҷиноиву вайронкор покиза сохтанд.
"Сулҳ бе қонуният номумкин аст, чунон ки ваҳдати миллӣ бидуни адолати иҷтимоӣ ғайриимкон аст."

Қаҳрамониҳо баҳри сулҳу суботу саодат: Ононро фаромӯш накунем ва нисбаташон хиёнат накунем

Сулҳу субот бар ивази ҷоннисориҳои зиёд ба даст омадаанд. Садҳо афсарону сарбозон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти миллӣ барои дифоъ аз ояндаи озоду осуда ва шукуфои Тоҷикистон ҷони худро қурбон кардаанд.

Корнамоии онҳо на танҳо ҷузъи хотираи муқаддаси таърихист, балки мояи ахлоқи миллӣ мебошад.Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз хеш бипурсад: ман барои ҳифзи сулҳу оромӣ чӣ саҳме гирифтаам?

Мушкилоти мавҷудаи давраи нав бояд рафъ бигардад

Сулҳ дар кишварамон пойдор гардид. Вазъи сиёсию иҷтимоӣ босуботу муътадил гашт. Аммо мушкилот пурра аз байн нарафтааст. Ман инҳоро дар назар дорам:
-ҳамлаҳои иттилоотӣ ва идеологӣ,
-кӯшишҳои беохири таҳмили арзишҳои бегона,
-хатарҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ,
-зарурати трансфоматсияи рақамӣ,
-тарбияи наслҳои нави ҷавон — барандагони афкори миллӣ.
Ин вазифаҳоро бидуни ҳифзи ваҳдати миллӣ ва пайваста навсозию шодоб намудани пояҳои маънавии ҷамъият ҳал кардан имкон надорад.

Ваҳдати миллӣ суханпардозии холӣ не, балки амалҳои судовари ҳаррӯза аст

Ваҳдати миллӣ мафҳуми хаёлию абстрактӣ нест. Он як навъ тарзи зиндагист. Он эҳтиром, таҳаммул, муколама мебошад. Он қобилияти қадр кардани хонаи умумӣ ва ояндаи муштарак маҳсуб меёбад.
Имрӯз дар назди ҳар як фарди Тоҷикистон чунин вазифа меистад: дар муҳофизату таҳкими сулҳ саҳми шоистаи шахсӣ гирад, бепарвою бетараф набошад, ҳушёрию зиракии сиёсиро гум накунад ва ба тамошобини одию беамали ҳаёти ҷомеаю кишвар табдил нагардад.
"Таъмини сулҳ мушкилтарин кор, вале рисолати бошараф аст. Ин корро танҳо ҷомеаи баркамолу масъулиятшинос иҷро карда метавонад", - таъкид мекунанд Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Хулоса

Рӯзи ваҳдати миллӣ идест, ки мо бояд онро на танҳо ҷашн гирем, балки перомуни сабақҳои таърихиаш андешаи жарфу амиқ намоем.
27 июн бароямон на танҳо рӯзи идона аст. Ин рӯз бароямон як навъ озмоиши камолоти маънавию сиёсӣ мебошад. Рӯзест, ки мо на танҳо гузаштаи таърихии навтаринро ба ёд оварда, нисбат ба он арҷ мегузорем, балки аз худ мепурсем:"Ман имрӯз чӣ корҳоеро ба анҷом расондаам, то ки фоҷеаи солҳои 1990-ум дар Ватанам такрор нашавад? Оё тарзи ҳаёти ман саҳмест ба таҳкими сулҳ ё, баръакс, омили манфии барангезиши адоватҷӯиву тафриқаандозӣ дар ҷомеа мебошад?"
Бигзор хотираи неку боифтихори зафари бузург бар ҷанги дохилии бемаъно ва бар бесарусомонии беназир, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо кумаки беғаразонаи Россия ва дигар кишварҳои кафилу миёнҷигар ба даст оварда шуд, барои мо на падидаи таърихии муқаррарӣ, балки чароғи ҷовидонии зиндае бошад, ки роҳи сулҳу субот, рифоҳу саодатро бароямон доимо равшан бикунад.

Сулҳ худ фақат замина нест. Сулҳ моҳияти таърихи мост.

САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ
мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои таър
их