Дар таърихи муосири башарият сулҳ ва ваҳдат аз арзишҳои бештарини ҳаёти ҷомеа ба шумор мераванд. Ҷаҳони имрӯз, ки бо низоъҳои минтақавӣ, терроризм ва дигаргун шудани сохторҳои анъанавии давлатдорӣ рӯ ба рӯ аст, ба намунаҳои воқеии роҳбароне ниёз дорад, ки тавонистаанд кишварашонро аз парокандагӣ наҷот диҳанд. Яке аз чунин роҳбарон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешаои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фаъолияти ӯ дар роҳи барқарорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ сазовори таҳлили амиқи илмӣ аст.
Сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои гуногун – аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милӣ (1997) то татбиқи барномаҳои стратегии миллӣ то соли 2026 – як низоми ягонаи сулҳоварӣ ва ваҳдатгароиро ташкил медиҳад, ки он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои ҷаҳон метавонад намуна бошад.
Барои ҳар гуна таҳлили ҷиддии илмӣ дарк кардани заминаи таърихӣ зарур аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба яке аз шадидтарин низоъҳои дохилӣ дар фазои пасошӯравӣ гирифтор шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз соли 1992 то 1997 идома ёфт, ба кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зарбаи сахт зад. Дар ин шароити буҳронӣ, дар моҳи ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Аз ҳамон лаҳзаҳои аввал, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро ҳамчун стратегияи асосии давлатӣ эълон намуд. Дар шароите, ки аксари кишварҳои пасошӯравӣ низоъҳои худро ё бо усулҳои зӯроварӣ ё бо ноумедӣ ҳал мекарданд, роҳбари Тоҷикистон роҳи музокироти фарогири миллиро интихоб кард. Бо иштироки фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Русия, Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар шаҳри Маскав 27 июни соли 1997 Созишнома ба имзо расид. Ин санад на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки асоси ҳуқуқӣ барои тамоми ислоҳоти минбаъда гардид.
Бояд таъкид кард, ки дар он замон кам касе бовар дошт, ки сулҳ дар Тоҷикистон устувор хоҳад буд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи қатъии сиёсӣ ва ҳикмати аҷдодӣ ҳама гурӯҳҳои мухолифиро мутмаин созад, ки танҳо дар чаҳорчӯби як давлати воҳид ва ягона сулҳ метавонад ҳукмфармо бошад. Дар суханронии худ пас аз имзои Созишнома, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буд: "Сулҳ тӯҳфаи осмон нест, он меваи сабр ва заҳмати тамоми миллат аст".
Сулҳоварӣ дар маънои васеъ на танҳо қатъи оташи ҷанг, балки барқарорсозии низоми муносибатҳои одилонаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист консепсияи сулҳовариро дар амалияи сиёсии Тоҷикистон ҳамчун унсури асосии давлатдорӣ ҷорӣ созад. Яъне, дар баробари қудрати қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, "сиёсати сулҳ" ҳамчун унсури алоҳидаи идоракунии давлатӣ пайдо шуд.
Дар ин замина, пас аз соли 1997 як қатор санадҳои ҳуқуқии муҳим қабул карда шуданд. Аввалан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ба принсипҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ аҳамияти конститутсионӣ дод. Моддаи 11 Конститутсия муқаррар мекунад, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатњои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Соли 1998 дар боби 34, моддаҳои 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобили сулҳу амнияти инсоният муқаррар карда шуд.
Ҷанбаи муҳими дигари консепсияи сулҳоварӣ дар сиёсати муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон равиши "музокироти фарогир" мебошад. Бар хилофи бисёре аз роҳбарони ҷаҳон, ки ҳама гуна мухолифати сиёсиро саркӯб мекарданд, раҳбари Тоҷикистон дар солҳои аввали сулҳ баъзе саркардаҳои гуруҳҳои мусаллаҳи собиқро ба вазифаҳои давлатӣ даъват намуд. Ин равиш на танҳо эътимоди мардумро ба ҳокимият афзуд, балки нишон дод, ки сулҳ барои ҳамаи тоҷикон аст, на танҳо барои ғолибони ҷанг.
Таҳкими ваҳдати миллӣ бидуни ислоҳоти ҳуқуқӣ имконнопазир аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин воқеиятро хуб дарк мекард. Аз ин рӯ, дар солҳои 2000–2010 маҷмӯи васеи ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ карда шуд, ки ба ягонагии сиёсӣ, ҳудудӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нигаронида шуда буданд. Дар соли 2003 тавассути раъйпурсии умумимиллӣ ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд. Ин тағйирот барои он зарур буд, ки ҳокимият метавонад фавран ба ҳар гуна таҳдиди сулҳ вокуниш нишон диҳад. Барои ҳифзи ягонагии фарҳангӣ ва забонӣ дар соли 2009 Қонуни "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо таҳрири нав қабул шуд. Ин қонун на танҳо мақоми забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ мустаҳкам намуд, балки барои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллат, ҳуқуқи истифодаи забони модариро низ кафолат дод.
Дар соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ" қабул карда шуд, ки инъикоси ҳуқуқии ниёзи ҷомеаи тоҷик ба сулҳи устувор гардид. Ин қонун муайян мекунад, ки ҳар гуна фаъолияте, ки ба ҷудоихоҳии миллӣ, динӣ ё минтақавӣ даъват мекунад, дар ҳудуди Тоҷикистон манъ аст. Бояд қайд кард, ки дар иҷрои ин қонун на фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки худи шаҳрвандон низ фаъолона иштирок мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон муҳимити сулҳ ва ваҳдатро хуб дарк мекунанд.
Сарвари давлат дар арсаи байналмилалӣ низ симои сулҳовар ва ваҳдатгароиро нигоҳ доштааст. Тоҷикистон дар бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ташаббусҳои сулҳҷӯии Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ фаъолона ширкард. Дар солҳои 2010–2020 Тоҷикистон ду маротиба ба ҳайати Шӯрои Амнияти СММ интихоб шуд, ки ин худи нишонаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳовари роҳбари Тоҷикистон мебошад.
Дар суханрониҳои худ дар минбари Созмони Милали Муттаҳид, муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон такроран пешниҳод кардааст, ки солҳои байналмилалии сулҳ ва эътимод эълон карда шаванд. Ин ташаббусҳо аз ҷониби бисёре аз кишварҳои аъзои СММ, аз ҷумла Русия, Хитой, Ҳиндустон, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ҳамчунин, дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси "Роҳи сулҳ ва ҳамкории минтақавӣ"-ро пешниҳод намуд, ки ҳадафи он рушди муносибатҳои сулҳомези иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар иҷлосияи 80-уми Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк, Президенти кишвар пешниҳод намуд, ки қатъномаи махсуси СММ дар бораи эълони «Таҳкими даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда» қабул карда шавад. Ӯ инчунин дар бораи зарурати эълони Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 дар асоси қатъномаи СММ он эълон гардид. Нишонаи дигари сулҳоварӣ дар сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равиши ӯ дар масъалаҳои об мебошад. Тоҷикистон манбаи асосии оби тоза дар Осиёи Марказӣ буда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст, ки об набояд сабаби ҷанг, балки воситаи ҳамкорӣ ва сулҳ гардад.
Яке аз ҷанбаҳои фаъолияти муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳанги бостонӣ ҳамчун омили ваҳдат мебошад. Пас аз солҳои шӯравӣ, ки дар он ҳама гуна ифтихори миллӣ маҳдуд карда мешуд, Тоҷикистон дар замони истиқлолият бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист фарҳанги аслии худро эҳё кунад.
Аз соли 2000 дар Тоҷикистон садҳо чорабиниҳои фарҳангии миллӣ – ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон бо ҳузури васеи мардум баргузор мешаванд. Соли 2007 бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат Қонуни кишвар "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид, ки ҳадафи он пешгирӣ аз хароҷоти аз ҳад зиёд ва ҳифзи арзишҳои ахлоқии миллӣ мебошад. Ин қонун ба мустаҳкамии оила ва сарфаи захираҳои моддӣ мусоидат мекунад.
Дар ҳамин замина, Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ваҳдати миллӣ бе фарҳанги муштарак имконнопазир аст: "Фарҳанг он пулест, ки аз паи он наслҳо, миллатҳо ва динҳоро метавон ба ҳам наздик кард. Дар Тоҷикистон мо ин пулро бо заҳмати бузург барқарор кардем". Воқеан, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 китоби бадеӣ, илмӣ ва таълимии тоҷикӣ нашр шуда, бисту панҷ китобхонаи нави марказӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ёфтаанд. Инҳо ҳамаи он дастовардҳое мебошанд, ки ба мустаҳкамии сулҳу ваҳдат дар кишвар мусоидат мекунанд.
Пас аз таҳлили ҳама ҷиҳатҳои фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – аз ислоҳоти ҳуқуқӣ то сиёсати фарҳангӣ, аз музокироти сулҳ то ҳамкориҳои байналмилалӣ – метавон хулоса кард, ки ӯ на танҳо сулҳовар ва ваҳдатгаро, балки намунаи ибрати роҳбарони ҷаҳон дар замони мо мебошад. Ин натиҷаро аз рӯи якчанд аломатҳо метавон исбот кард.
Аломати аввал ин устувории сулҳ. Дар Тоҷикистон зиёда аз бисту панҷ сол аст, ки ягон тир парронида нашудааст. Дар давлате, ки чанд сол пеш дар он ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ин натиҷаи бесобиқа аст. Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз кишварҳое, ки созишномаҳои сулҳ бо иштироки кувваҳои бузурги ҷаҳонӣ баста шуда буданд (Афғонистон, Ироқ, Либия), сулҳ устувор набуд. Фарқият дар он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро на ҳамчун санади сармоягузории беруна, балки ҳамчун эҳсоси дохилии ҳар як шаҳрванд барқарор кард.
Аломати дуюм ин ҷустуҷӯи роҳи миллӣ. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи шахсиеро нишон додааст, ки ба назарияҳои беруна такя накарда, балки роҳи хоси тоҷикиро барои сулҳ пайдо кард. Ин роҳ омезиши суннатҳои миллӣ, мафкураи созандагӣ ва арзишҳои ҷаҳонии сулҳ мебошад. Ин амалия собит мекунад, ки сулҳ як мафҳуми универсалӣ нест, балки дар ҳар кишвар бояд сабки миллӣ пайдо кунад. Барои роҳбарони дигар кишварҳои дигар ин дарси муҳим аст.
Аломати сеюм ин эътирофи ҷаҳонӣ. Тоҷикистон дар замони Эмомалӣ Раҳмон аз як кишвари осебдидаи ҷангӣ ба як шарики пурраи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари ташаббускор табдил ёфтааст. Имрӯз Тоҷикистон дар беш аз 70 ташкилоти байналмилалӣ аъзо мебошад ва бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад. Сулҳоварӣ ва ваҳдатгароии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шуда, ӯ бо Медали тилоии "Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо" (2005), Ҷоизаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид (2007), Ситораи ёқутии “Сулҳовар” (2007), Ордени «Моҳи нав ва ситора» (2011), Ситораи «Сулҳофар» (2018), Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой (2025), Ҷоизаи байналмилалии сулҳи Созмони Милали Муттаҳид (Шаҳодатномаи эътирофи Донишгоҳи СММ оид ба сулҳ, 2026) ва беш аз 30 ордену медали олии байналмилалӣ ва мукофотҳои бонуфуз сарфароз гардонида шудааст
Хулоса, дар асоси омӯзиши таҳлили фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон такид намуд.ю ки модели барҷастаи ӯ дар сулҳоварӣ ва ваҳдатгароӣ ягона ва самарабахш аст. Чунки дар давраи аввали роҳбарӣ (солҳои 1992–1997) муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандиро қатъ карда, бо рақибон музокироти сулҳ анҷом дод. Дар давраи дуюм (1997–2005) тавассути ислоҳоти конститутсионӣ ва қонунгузорӣ пойдевори ҳуқуқии ваҳдати миллиро гузошт. Дар давраи сеюм (2005–2015) ба мубориза бо терроризм ва экстремизм равона шуда, дар давраи чорум (2015 то имрӯз) бо ташаббусҳои байналмилалӣ ва эҳёи фарҳанг ваҳдати миллиро мустаҳкам мекунад.Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳама ба сулҳ ва ваҳдат ниёз дорад. Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки ҳатто дар шароити душвортарин – пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, дар иҳотаи кишварҳои ноустувор, бо захираҳои маҳдуди иқтисодӣ – метавон сулҳи устуворро барқарор кард. Ин аст сабабе, ки номи ӯро метавон дар қатори бузургтарин сулҳоварони ҷаҳон зикр кард.
САНГИНЗОДА Дониёр
сарходими илмии Шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор