Дар шароити муосир масъалаи ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ба масъалаи муҳимми сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Зеро, чуноне ки маълум аст, афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, густариши терроризму ифротгароӣ ва буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои нави таҳкими сулҳи устуворро ба миён овардааст. Дар чунин шароит ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», солҳои 2027–2036 на танҳо аҳаммияти глобалӣ, балки мазмуну моҳияти амиқи сиёсӣ ва дурбинонаро касб менамояд.
Бояд қайд намуд, ки қатъномаи мазкур ҳанӯз 24-уми сентябри соли 2024 дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми СММ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. Президенти кишвар давлатҳои аъзои СММ-ро даъват намуданд, ки қатъномаи мазкур бояд барои муътадил гардонидани вазъи ҷаҳони муосир қабул гардад. Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки 25-уми июни соли 2026 қатъномаи мазкур аз ҷониби СММ дар остонаи таҷлили ҷашни 29 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тасдиқ шуда, ин дастоварди бузург бори дигар сулҳпарварии миллати моро дар арсаи ҷањонӣ муаррифӣ намуд.
Тавре маълум аст, ҳадафҳои асосии «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, рушди ҳамкории байни наслҳо ва ба инобат гирифтани ниёзу манфиатҳои наслҳои оянда ҳангоми таҳияи сиёсат ва қабули қарорҳо дар арсаи олам мебошанд.
Дар воқеъ, чунин муносибат ба сулҳ дорои аҳаммияти консептуалӣ мебошад. Чуноне маълум аст, дар тафаккури анъанавии сиёсӣ сулҳ одатан ҳамчун ҳолати набудани ҷанг ё қатъи муқовимати мусаллаҳона маънидод мешуд. Аммо воқеияти асри XXI нишон медиҳад, ки танҳо қатъ гардидани амалиёти ҳарбӣ ҳанӯз маънои ташаккули сулҳи устуворро надорад. Сулҳи устувор мавҷудияти институтҳои самараноки давлатӣ, адолати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирӣ, муколамаи сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҳамкории байнидавлатӣ ва фарҳанги ҳалли осоиштаи ихтилофҳоро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, ташаббуси Тоҷикистон ҳамчун талош барои тақвияти фаҳмиши васеи сулҳ дар муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки ташаббуси мазкурро наметавон аз таҷрибаи таърихии давлатдории навини Тоҷикистон ҷудо баррасӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои сангини сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии он дучор гардид. Аз ин рӯ, расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ барои миллати тоҷик танҳо ҳалли як низои сиёсӣ набуд, балки ба заминаи барқарорсозии давлатдорӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.
Бинобар ин, сулҳ дар таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун мафҳуми назариявӣ, балки ҳамчун арзиши амалан санҷидашудаи давлатдорӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст. Дар ҳамин замина метавон гуфт, ки пешниҳоди «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда,солҳои 2027-2036» идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳмеҳваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яъне таҷрибаи дохилии расидан ба сулҳ тадриҷан ба унсури муҳими дипломатияи байналмилалии кишвар табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, арзишҳои муколама, мусолиҳа ва ҳамзистии осоиштаро дар сатҳи васеътари байналмилалӣ пешниҳод намояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз хусусиятҳои муҳимми дипломатияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ тадриҷан ташаккул ёфтани дипломатияи ташаббускор мебошад. Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид танҳо ҳамчун иштирокчии равандҳои байналмилалӣ баромад накарда, балки дар масъалаҳои дорои аҳаммияти умумибашарӣ ташаббусҳои мушаххас пешниҳод намудааст. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои иқлимӣ намунаи чунин фаъолияти дипломатӣ мебошанд.
Бояд иброз намуд, ки қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ҳамчунин нишон медиҳад, ки масъалаи пешниҳодшуда аз доираи манфиатҳои як давлат берун рафта, хусусияти байналмилалӣ касб намудааст. Баъди қабули қатънома он дар доираи дигар созмонҳои байналмилалӣ низ муаррифӣ гардид. Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ташаббус ворид намудани мафҳуми «наслҳои оянда» ба масъалаи таҳкими сулҳ мебошад. Ин муносибат масъулияти сиёсии давлатҳои имрӯзаро бо ҳуқуқу манфиатҳои инсонҳои фардо пайваст мекунад.
Албатта, натиҷаи дарозмуддати ҷангҳо, низоъ, мусаллаҳшавӣ, харобшавии муҳити зист, камбизоатӣ ва бесуботӣ метавонанд даҳсолаҳо идома ёфта, зиндагии наслҳоеро муайян намоянд, ки дар қабули ин қарорҳо иштирок надоштаанд.
Аз ин лиҳоз, идеяи сулҳ барои наслҳои оянда ба масъалаи сиёсати байналмилалӣ ворид гардида, давлатҳо вазифадор мешаванд, ки ҳангоми таҳияи стратегияҳои миллӣ ва байналмилалӣ на танҳо манфиати имрӯза, балки паёмадҳои дарозмуддат ва дурнамои қарорро низ ба назар гиранд.
Аҳаммияти дигари ташаббуси мазкур аз он иборат аст, ки он ба мантиқи дипломатияи сулҳҷуёна мувофиқат мекунад. Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки пешгирии низоъ нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои ҷанг самараноктар мебошад.
Аз ин рӯ, дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» бояд диққати асосӣ на танҳо ба ҳалли низоъҳои мавҷуда, балки ба муайян ва бартараф намудани сабабҳои эҳтимолии онҳо равона карда шавад. Ба чунин сабабҳо метавон нобаробарии иҷтимоӣ, камбизоатӣ, рақобат барои захираҳо, табъиз, ифротгароӣ, иттилооти бардурӯғ ва набудани муколамаи муассири сиёсиро дохил намуд.
Ҳамин тариқ мафҳуми таҳкими сулҳ бо мафҳумҳои амнияти инсонӣ, рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва идоракунии самаранок пайванди мустақим пайдо мекунад. Бинобар ин ташаббуси мазкур ҷиҳати густариши ҳамкории СММ, давлатҳо, созмонҳои минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ ва ғайра дар самти пешгирии низоъҳо заминаи институтсионалӣ ва илмӣ фароҳам меорад. Дар оянда татбиқи босамари ин ташаббус на танҳо имиҳои байналмилалии Тоҷикистонро тақвият мебахшад, балки ба ташаккули муносибати нав ба сулҳ мусоидат менамояд, ки дар маркази он масъулияти ҷомеаи имрӯза барои амният, субот ва зиндагии осоиштаи наслҳои оянда қарор дорад.
ҚОДИРОВА Зулайхо,
ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ