Муқаддима: Нуқтаи гардиши таърихӣ
Дар замони муосир, ки бо равандҳои босуръати глобализатсия, бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ ва рушди фанновариҳои мураккаб тавсиф меёбад, илм ва маориф на танҳо нишондиҳандаи фарҳангӣ, балки унсури калидии амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор мераванд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи аввали Истиқлолияти давлатӣ (солҳои 90-уми асри ХХ) бо буҳрони шадиди сохтории баъд аз шӯравӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Соҳаи илму маориф дар ин давра бо таҳдидҳои ҷиддие чун харобии инфрасохтор, коҳиши маблағгузорӣ ва «фирори мағзҳо» рӯбарӯ гардид. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият, соҳаи маорифро ҳамчун самти стратегию авлавиятноки сиёсати давлатӣ эълон намуданд. Дар тӯли 35 сол, Тоҷикистон тавонист аз модели ҳифзи сохторӣ ба фазои устувори рушди инноватсионӣ ва байналмилалисозии илму таҳсилот гузарад.
I. Трансформатсияи сохторӣ ва пойдевори ҳуқуқии низоми маориф
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолият, фароҳам овардани пойдевори устувори қонунгузорӣ ва гузариш ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 22 июли соли 2013), «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии касбӣ» (аз 19 майи соли 2009) ва «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (аз 29 сентябри соли 2020) заминаҳои ҳуқуқии ин соҳаро куллан таҷдид намуданд.
- Таҳсилоти томактабӣ ҳамчун пойдевори аввал: Таҳлили ретроспективии соҳа нишон медиҳат, ки дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 944 муассисаи томактабӣ фаъолият мекард. Аммо буҳрони сохтории солҳои 90-ум ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ин бахш зарари ҷиддӣ расонида, теъдоди онҳоро дар соли 2010 то 488 адад коҳиш дод. Тавассути сиёсати маорифпарварона ва қабули барномаҳои мақсадноки давлатӣ, низоми таҳсилоти томактабӣ дубора эҳё гардида, дар соли 2026 шумораи кӯдакистонҳо ба 795 адад (бо фарогирии беш аз 317 ҳазор кӯдак) ва теъдоди Марказҳои инкишофи кӯдакон ба 3158 адад расонида шуд. Ин ҷаҳиши динамикӣ гувоҳи таваҷҷуҳи хоси давлат ба амнияти зеҳнии насли наврас мебошад.
- Эҳёи инфрасохтори таҳсилоти умумӣ ва гузариш ба низоми муосири таълим: Мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар дар марҳалаи 35 соли Истиқлолият бо таҷдиди куллии моддӣ-техникӣ ва методӣ рӯбарӯ шуданд. Агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3110 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта бошад, то соли 2026 ин нишондиҳанда ба зиёда аз 3900 муассисаи таълимӣ расид. Танҳо дар тӯли даврони Истиқлолият зиёда аз 3400 бинои мактаби нав бо тарҳҳои муосир сохта ва ба истифода дода шуд, ки ин як ҷаҳиши бузурги таърихии инфрасохторӣ мебошад.
Илова бар ин, навовариҳои консептуалии ин бахш дар ду самти калидӣ зоҳир гардиданд:
1. Таъсиси мактабҳои типи нав: Дар кишвар шабакаи мактабҳои Президентӣ, литсейҳо ва гимназияҳо барои хонандагони боистеъдод таъсис ёфтанд, ки маркази омодасозии элитаи зеҳнии ояндаи кишвар гардиданд.
2. Гузариш ба низоми кӯчондани салоҳиятнокӣ: Низоми мактабҳои миёна аз модели кӯҳнаи «дониш-меҳвар» (аз ёд кардани маълумот) ба Низоми таълими бар пояи равиши компететивонӣ ё салоҳиятнокӣ гузашт. Ин усул хонандагонро вазифадор мекунад, ки донишҳои назариявиро дар ҳаёти амалӣ ва ҳалли масъалаҳои воқеӣ татбиқ намоянд, ки ин пойдевори асосии STEM ва иқтисодиёти рақамиро дар кишвар ташкил медиҳад.
- Низоми сезинагӣ ва кредитӣ: Трансформатсияи сохторӣ ва ҳамгироии глобалӣ: Аз нимаи дуюми солҳои 2000-ум дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти куллии консептуалӣ оғоз гардид, ки ҳадафи он ворид шудан ба раванди умумиҷаҳонии Болония ва фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ буд. Гузариши зина ба зина аз модели анъанавии шӯравии «мутахассис» (панҷсола) ба низоми сезинагии таҳсилот: бакалавриат (4 сол), магистратура (2 сол) ва докторантура аз рӯйи ихтисос ё Ph.D (3 сол) таҳкурсии нави академии кишварро ташкил дод. Татбиқи пурраи Низоми кредитии таълим дар асоси стандартҳои ECTS (European Credit Transfer and Accumulation System) раванди таълимро аз категорияи «муаллим-меҳвар» ба «донишҷӯ-меҳвар» мубаддал сохт. Ин трансформатсия се бартарии стратегиро таъмин намуд: муқоисапазирӣ ва эътирофи дипломҳо дар кишварҳои Осиё ва Аврупо; мобилияти академии донишҷӯёну устодон; ва истиқлолияти илмии баъдидипломӣ.
- Таъсиси Маркази миллии тестӣ (ММТ): Меритократия ва шаффофияти институтсионалӣ: Яке аз қадамҳои қатъӣ ва бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2014) ба шумор меравад. Навоварии консептуалии ММТ дар автоматикунонии раванди арзёбӣ тавассути технологияҳои рақамӣ, таъмини принсипи меритократия (шоистасолорӣ) барои довталабони тамоми минтақаҳо ва марказкунонии интихоби ихтисосҳо (ҳуқуқи интихоби то 12 ихтисос) зоҳир гардид, ки боварии ҷомеаро ба низоми маориф устувор сохт.
- Динамикаи рушди муассисаҳои олии касбӣ: Диверсификатсияи минтақавӣ ва таҳлили геоиқтисодӣ: Агар дар соли таҳсили 1991–1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 69,3 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, дар соли 2026 ин рақам аз 40 муассисаи мустақил ва теъдоди донишҷӯён аз 250 ҳазор нафар гузашт. Ин афзоиш ба шарофати десентрализатсия (таъсиси донишгоҳҳо дар Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Данғара ва Панҷакент) ва вокуниш ба фишори демографии ҷомеаи ҷавон сурат гирифт. Маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2026 ба рекорди таърихии 13,67 миллиард сомонӣ (тақрибан 7%-и ММД-и кишвар) расид, ки ин гузариш аз модели «элитарии маҳдуд»-и шӯравӣ ба модели «оммавии дастрас»-ро таъмин намуд.
II. Илми академӣ: Трансформатсияи институсионалӣ ва интегратсияи илм ба истеҳсолот
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҳамчун ситоди марказии тафаккури зеҳнии кишвар, дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ на танҳо сохтори илмиро ҳифз намуд, балки аз як ниҳоди супоришӣ-назариявии модели шӯравӣ ба маркази таҳқиқотии стратегӣ-амалӣ мубаддал гашт.
- Эҳёи мақом: Амнияти зеҳнӣ ва мақоми «миллӣ»: Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (соли 2020), ба ин ниҳоди олии илмӣ мақоми «миллӣ» дода шуд. Ин иқдом аҳамияти бузурги геополитикӣ ва ҳуқуқӣ дошта, Академияро ҳамчун ҳамоҳангсози асосии тамоми таҳқиқоти бунёдии давлат эътироф намуд ва вазифадор сохт, ки самтҳои таҳқиқот маҳз ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон (ҳифзи пиряхҳо, амнияти озуқаворӣ, энергетика, геополитика ва амнияти ядроӣ) нигаронида шаванд.
- Аз Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти пиряхҳо ва криосфера: Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №80, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» ба «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ» табдил дода шуд. Ин қарор ҷавоби расмии илмии Тоҷикистон ба ташаббусҳои глобалии обӣ (эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо) буд. Мақоми «Институт» имкон дод, ки пажӯҳишҳо аз доираи танҳо мониторинг берун шуда, тамоми низоми криосфера (қабати яхии замин, барфҳои доимӣ ва таъсири он ба ҳавзаҳо)-ро бо технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мавриди таҳқиқи бунёдӣ қарор диҳад.
- Диверсификатсияи сохторӣ ва таъсиси ниҳодҳои нав: Бо мақсади муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва омӯзиши равандҳои байналмилалӣ, дар даврони Истиқлолият ниҳодҳои нави илмӣ таъсис ёфтанд. Аз ҷумла, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (соли 2016), ки сиёсати хориҷии кишварро дар меҳвари геополитикии Шарқу Ғарб таъмини таҳлилӣ менамояд.
- Интегратсия ба пойгоҳҳои ҷаҳонӣ ва амнияти радиатсионӣ: Узвияти кишвар ба Агентии Байналмилалии Энергияи Атомӣ (АБНА, соли 2001) ва таъсиси Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ имкон дод, ки амнияти радиатсионии партовҳои уран дар кишвар зери назорати қатъии илмӣ гирифта шавад. Ҳамзамон, интишори беш аз 3 ҳазор мақолаи олимони тоҷик дар пойгоҳҳои ҷаҳонии Scopus ва Web of Science дар даҳсолаи охир, рақобатпазирии илми миллиро собит намуд.
- КОА ва Истиқлолияти аттестатсияи кадрҳо: Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вобастагии илмии кадрӣ аз хориҷа нуқта гузошт. Ин ниҳод соҳибихтиёрии илмии кишварро таъмин намуда, раванди ҳимояи диссертатсияҳоро ба низоми миллии Ph.D ва хусусиятҳои иқтисодиёти Тоҷикистон мутобиқ сохт.
- Тиҷоратикунонии илм ва инфрасохтори рақамӣ: Самти дигари стратегии ислоҳоти илм дар даврони Истиқлолият, фароҳам овардани механизми бозории интиқоли фанновариҳо мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» (аз 24 декабри соли 2022, № 1928) роҳи интиқоли дастовардҳои олимонро ба бахши воқеии иқтисодиёт ва бозори озод ҳуқуқан кушод. Барои амалӣ намудани ин ҳадафи консептуалӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2025, № 35, «Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт таъин гардид. Ин ду иқдоми инқилобӣ замина гузоштанд, ки илми академии ватанӣ аз низоми сирф дотатсионии давлатӣ ба низоми худкафоии инноватсионӣ устувор гардад.
III. Бистсолаи илмҳои дақиқ ва рақамисозии маориф (STEM)
Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ ва омода намудани кадрҳо барои саноатикунонии босуръат, солҳои 2020–2040 бо ташаббуси Сарвари давлат ҳамчун «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Давлат дарк намуд, ки бе рушди технология ва STEM (Science, Technology, Engineering, Math) рақобатпазирии иқтисод дар асри XXI ғайримумкин аст. Дар ин чаҳорчӯба:
А). Инноватсия ва ихтироъкорӣ: Шавқу рағбати насли ҷавон ба лоиҳаҳои муҳандисӣ, робототехника ва барномасозӣ афзоиш ёфт. Таъсиси шабакаи телевизионии «Илм ва Табиат» дар ин самт нақши муҳими таблиғотиро иҷро кард.
Б). Озмунҳои ҷумҳуриявӣ: Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» усули самарабахши дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар бахшҳои математика, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ гардид.
IV. Вектори Осиё: Ҳамкории стратегӣ ва дипломатияи илмӣ
Дар 35 соли Истиқлолият, самти Осиё дар сиёсати берунии илмӣ ва маорифи Тоҷикистон ҷойгоҳи калидиро ишғол намуд. Робитаҳо бо кишварҳои калидии минтақа — Ҷумҳурии Халқии Чин, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Туркия, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ба сатҳи сифатан нав баромад.
- Имтиёзҳои таълимӣ ва квотаҳо дар Чин: Ҷумҳурии Халқии Чин ба яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳои техникӣ ва муҳандисӣ табдил ёфт. Ҳазорон донишҷӯи тоҷик тавассути стипендияҳои ҳукумати Чин ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар донишгоҳҳои пешрафтаи ин кишвар таҳсил мекунанд. Таъсиси Институти Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзиши забони чинӣ ва фанҳои техникӣ такони ҷиддӣ бахшид.
- Ҳамкорӣ дар фазои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон ҳамкориҳои илмиро бо кишварҳои ҳамсоя (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) устувор намуд. Натиҷаи ин баргузории Форумҳои ректорони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва таҳқиқоти муштараки геоэкологӣ дар чаҳорчӯби Бунёди байналмилалии наҷоти Арал (ББНА) ва АМИТ мебошад.
- Технологияи Ҷопону Корея: Тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA), садҳо олимону мутахассисони соҳаи маорифи Тоҷикистон дар бахшҳои идоракунии давлатӣ, технологияҳои рақамӣ ва кишоварзӣ курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд.
V. Вектори Аврупо: Интегратсия ба стандартҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ
Самти Аврупо барои Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳамчун намунаи стандартҳои баланди сифати таҳсилот, инноватсияҳои технологӣ ва методологияи муосири илмӣ хизмат мекунад. Ҳамкориҳо бо Федератсияи Русия (ҳамчун қисми фазои Авруосиё) ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хусусияти стратегӣ доранд.
- Шарикии стратегӣ бо Федератсияи Русия: Русия бузургтарин шарики Тоҷикистон дар бахши маориф боқӣ мемонад. Ҳар сол зиёда аз 4-5 ҳазор квотаи ҳукуматӣ барои ҷавонони тоҷик ҷудо карда мешавад. Фаъолияти бомуваффақияти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии "МИСиС" дар шаҳри Душанбе нишондиҳандаи олии ин интегратсия мебошад.
- Барномаҳои Иттиҳоди Аврупо (Erasmus+): Муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон дар барномаҳои аврупоии TEMPUS ва Erasmus+ фаъолона иштирок мекунанд. Ин лоиҳаҳо барои табодули академии донишҷӯёну устодон бо донишгоҳҳои Олмон, Франция, Италия, Испания ва Лаҳистон (Польша) замина сохта, ба такмили нақшаву барномаҳои таълимии ватанӣ кӯмак расониданд.
Дипломатияи илмӣ ва минтақашиносӣ: Нақши консептуалии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ: Эҳтиёҷоти геополитикии даврони Истиқлолият ва роҳандозии сиёсати мутавозини “дарҳои боз” тақозо мекард, ки кишвар дорои як маркази мустақили таҳлилии самти хориҷӣ бошад. Бо ин мақсад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №466, дар сохтори АМИТ ниҳоди беназири таҳқиқотӣ - Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо таъсис ёфт. Он заминаҳои парокандаи шарқшиносӣ ва сиёсатшиносии замони шӯравиро ба як модели муосири “фикрӣ” (think tank) мубаддал сохт. Имрӯз институт тавассути панҷ шуъбаи стратегии худ (ИДМ, Шарқи Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо ва ШМА) сиёсати хориҷӣ ва геополитикаи минтақавиро арзёбӣ мекунад. Ин пажӯҳишҳо заминаи асосии илмиро барои муайян кардани манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таҳияи уҳдадориҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, СҲШ ва СААД таъмин месозанд, ки ин нишондиҳандаи олии рушди дипломатияи илмии ватанӣ мебошад.
Хулоса ва Дурнамо
Таҳлили комплексӣ ва ретроспективии 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки соҳаи илм ва маориф марҳалаи мураккаби трансформатсияи институсионалиро бомуваффақият сипарӣ намуд. Давлат тавонист ин низоми стратегиро аз вартаи буҳронҳои шадиди сохтории депрессияи баъд аз шӯравӣ наҷот дода, онро ба пойдевори калидии амнияти миллӣ, ҳифзи ҳувияти таърихӣ ва рушди устувори давлатдорӣ мубаддал созад.
Муҳимтарин хулосаҳои илмӣ-амалии ин таҳқиқот дар нуктаҳои зерин ҷамъбаст мешаванд:
1. Суботи заминаҳои сохторӣ ва методологӣ: Гузариш ба низоми сезинагии таҳсилот (Ph.D) ва таъсиси Маркази миллии тестӣ принсипи меритократия ва шаффофияти академикиро устувор намуд. Ҳамзамон, ҷаҳиши бесобиқаи инфрасохторӣ - аз рушди таҳсилоти томактабӣ (ба 795 адад дар соли 2026) то сохтмони беш аз 3400 бинои мактаби муосири умумӣ - вокуниши стратегӣ ба фишори демографии кишвар гардид.
2. Аз назария ба прагматизми илмӣ: Табдили мақоми Академияи илмҳо ба Академияи миллии илмҳо, ташкили сохторҳои муосир ба монанди Институти пиряхҳо ва криосфера ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, нишон медиҳад, ки илми ватанӣ пурра ба уҳдадориҳои глобалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ҳамгиро шудааст.
3. Иқтисодиёти дониш ва тиҷоратикунонӣ: Қабули Қонуни ҷадид дар бораи тиҷоратикунонии илм (соли 2022) ва таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ (соли 2025) низоми илмро бо бозори озод пайваст. Ин иқдом заминаи гузариш ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръатро аз ҳисоби фанновариҳои ватанӣ таъмин месозад.
Имрӯз соҳаи илму маориф ва сиёсати сармояи инсонии Тоҷикистон дар уфуқи меҳвари геополитикии Осиё ва Аврупо ҳамчун унсури дипломатияи илмӣ устувор мебошад. Пайванди устувори илми академии ватанӣ бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ, ҷалби зеҳни сунъӣ ва сармоягузории рекордии давлатӣ (13,67 миллиард сомонӣ дар соли 2026) кафолат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда низ мавқеи зеҳнӣ ва рақобатпазирии худро дар арсаи байналмилалӣ ба таври динамикӣ устувортар хоҳад кард.
СУДУРОВ Сайдалӣ,
ходими калони илмии шӯъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёт:
1. Раҳмон Э. Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе (31 августи соли 2026) // Нашрияи расмии «Ҷумҳурият». – 2026. – № 165 (25.100).
2. Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 16 декабри соли 2025). – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 112 с.
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 22 июли соли 2013, № 1004, бо тағйиру иловаҳо).
4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии касбӣ» (аз 19 майи соли 2009, № 521).
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (аз 20 апрели соли 2021, № 1780).
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» (аз 24 декабри соли 2022, № 1928).
7. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз 6 декабри соли 2025, № 1099.
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 80 «Дар бораи табдил додани Муассисаи давлатии илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ба Муассисаи давлатии Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера».
9. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Маҷмӯи санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29 сентябри соли 2020, № 512).
10. Маълумотномаи омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2025-2026. – Душанбе, 2026. – 120 с.