(Дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»)
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 -умин солгардии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд. Ин давраи таърихӣ барои кишвар на танҳо марҳилаи ташаккули давлатдории миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалӣ мебошад, балки ҳамчунин таҷрибаи бузурги барқарорсозии сулҳу суботро дар бар мегирад. Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки роҳи истиқлолият ба осони ба даст наомад, балки кишвар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо яке аз душвортарин озмоишҳои таърихӣ, ҷангӣ шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Аммо маҳз таҷрибаи талхи гузашта Тоҷикистонро ба яке аз ҷонибдорони фаъоли сулҳ, муколама ва ҳамкории байналмилалӣ табдил дод.
Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Улан-Батори Ҷумҳурии Муғулустон дар Конференсияи минтақавии “Осиёи Марказӣ-Муғулистон” (3 июн) ва Конфронси байналмилалии 11-уми “Муколамаи Уланбатор - 2026”, (4-5 июн) иштирок намудам. Дар доираи ин чорабиниҳои байналмилалӣ масъалаҳои муҳими марбут ба тағйироти сохтории низоми байналмилалӣ, афзоиши рақобати геополитикӣ, таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои хурд ва миёна, инчунин мушкилоти давлатҳои бидуни баромад ба баҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти муҳокимаҳо андешаи ман ба масъалаи нақши ҷавонон дар ташаккули ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шуд. Ман ба худ чунин савол додам, оё лидерони ҷаҳон воқеан дар бораи насли ҷавон ва ояндаи онҳо фикр мекунанд? Яъне пас аз ҳамаи ин ҷангу низоъҳо ва ихтилофҳои сиёсӣ, ҷавонон бо чӣ гуна ҷаҳон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд? Оё ҷомеаи байналмилалӣ метавонад барои наслҳои оянда сулҳ, амният ва шароити муносибро таъмин намояд? Ин саволҳо имрӯз беш аз ҳар вақти дигар аҳамияти махсум пайдо кардаанд. Вале, мутаасифона, дар ҷараёни ин чорабинӣ ман ба ин саволҳо ҷавоби мушаххас пайдо карда натавонистам.
Ҷолиби диққат аст, ки баъд аз чанд рӯзи баргузории ин чорабиниҳо ҷомеаи байналмилалӣ як ташаббуси муҳими Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қаътномаеро таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” қабул намуд. Ин ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун саҳми муҳим дар таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъ, рушди муколамаи байнидавлатӣ ва таъмини ояндаи устувор барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад.
Барои Тоҷикистон масъалаи сулҳ ва субот аҳамияти махсус дорад, зеро кишвар таҷрибаи воқеии ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон ба марҳилаи мураккаби сиёсӣ ворид гардид. Солҳои 1992-1997 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфт, ки ба ҳаёти ҷомеа, иқтисодиёт ва сохтори иҷтимоии давлат зарари ҷиддӣ расонд. Дар натиҷаи ин низоъ ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд ва садҳо ҳазор шаҳрвандон маҷбур шуданд макони зисти худро тарк намоянд.
Ҷанги шаҳрвандӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон таъсир расонд. Намояндагони миллатҳои гуногун-тоҷикон, ӯзбекҳо, русҳо, немисҳо, яҳудиён ва дигар гурӯҳҳои этникӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аз оқибатҳои фоҷиабори низоъ осеб диданд. Бисёре аз онҳо маҷбур шуданд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Афғонистон, давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия, кишварҳои Аврупо, Штатҳои Муттаҳида ва Канада муҳоҷират намоянд. Барои бисёре аз онҳо мутобиқ шудан ба муҳити нави иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хеле душвор буд.
Дар баробари талафоти инсонӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар низ таъсири харобиовар расонд. Корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд. Инфрасохтори иқтисодӣ осеб дид, сатҳи камбизоатӣ боло рафт ва Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Барқарор намудани давлатдорӣ, таъмини амният ва эҷоди заминаҳои рушди иқтисодӣ дар чунин шароит вазифаи ниҳоят мураккаб буд.
Бо вуҷуди ин, таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бо иродаи сиёсӣ, фарҳангӣ муколама ва талошҳои муштараки ҷомеа метавон роҳи сулҳро, интихоб намуд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар 27 июни соли 1997 марҳилаи нави таъризиро оғоз кард. Ин ҳуҷҷат на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки заминаи таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварро фароҳам овард.
Имрӯз Тоҷикистон аз таҷрибаи таърихии худ истифода намуда, дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори фаъоли сулҳ ва ҳамкории созанда баромад мекунад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ташаббусҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор, нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии кишвар ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва таҳкими ҳамбастагии байналмилалӣ равона шуддаст.
Қабули қаътномаи СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рамзи муҳими эътирофи нақши кишвар дар пешбурди ғояҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин ташаббус таҷрибаи миллии Тоҷикистонро ба сатҳи байналмилалӣ мебарорад ва нишон медиҳад, ки давлате, ки худ аз дарди ҷанг гузаштааст, метавонад барои таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузарад.
Сулҳи барои Тоҷикистон танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, он арзиши миллӣ, таҷрибаи таърихӣ ва заминаи асосии рушди устувор мебошад. Таҷрибаи 35 соли истиқлолият собит месозад, ки ҳифзи сулҳ вазифаи танҳо як давлат нест, балки масъулияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои наслиҳои оянда муҳимтарин меросе, ки бояд боқӣ гузошта шавад, маҳз сулҳ, субот ва имконияти зиндагии шоиста мебошад.
ДОРОНШОЕВА Некбахт Шоқосумовна
мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ