Мафҳуми сулҳ - ин мазмунан ифодакунандаи амният, осоиштагӣ, озодӣ, мустааҳкамгардонии истиқлол ва нишони ободии давлату миллат аст. Сулҳхоҳӣ амалест, ки муқобили ҷанг қарор гирифта, таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ, озодихоҳиву ватандӯстӣ мебошад. Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, барои ободии диёру хонадони худ фаъолият мекунанд. Падидаи «Фарҳанги сулҳ» бошад, эҳтиром доштан ба ҳаёт, маҷмуи арзишҳо, муқаррарот, анъанаҳо, навъи рафтор ва тарзи зиндагиеро ифода медорад, ки дар заминаи ҳаққу ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба ҳаёт бино ёфтаанд.
Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар шароити муосири давлатдорӣ барои пешгирии шиддати низоъҳои дохилию берунаи кишварҳои даргир, ҳалли муноқишаҳою барқарорсозии суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бе ҳеҷ як шакку тардид мактаби омӯзанда мебошад. Зеро баъди боз доштани алангаи оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмини суботи сиёсӣ модели сулҳофарии тоҷикон, ки бевосита бо талошҳои мудаввом ва хиради олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ гардид, дар мадди аввал нишон дод, ки дар шароити низоъҳои шадиди сиёсию иҷтимоӣ ба хотири ба даст овардани манфиат ва қудрат истифодаи муколама ва гуфтушунид метавонад ҷойи муқовимати зӯроваронаро иваз гирад. Бинобар ин, фарҳанги сулҳофарии тоҷикон сабақ медиҳад, ки кишварҳои даргир пеш аз вусъат ва густариши ихтилоф ва ба низоъи васеъ табдил наёфтани он бояд аз гуфтушунид истиқбол гиранд ва масоили баҳсбарангезро тавассути муколама ҳал намоянд.
Дуюм, ба роҳ мондани муколамаи сиёсӣ доманаи афзоиши низоъу ихтилофҳоро дар кишвар боз дошт ва ин тадбири оқилона ҳидоят мекунад, ки дар ҷомеаи муосир ҷонибҳои мухолиф бояд масъул бошанд, ки зимни баррасӣ ва ҳалли масъала андешаҳои мухталиф шунида шаванд; рақибони сиёсӣ набояд худро душмани якдигар шуморанд; ҳимояи манфиатҳои миллӣ бояд аз манфиатҳои инфиродию гурӯҳӣ ва ё маҳаллӣ боло гузошта шавад; бо роҳи қонунӣ ихтилофҳо ҳаллу фасл шаванд ва ғайра.
Сеюм, аз сулҳ дифоъ кардан ва барои таҳкими он кӯшидан ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон мустааҳкам кард ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки дар ҷомеа суботи сиёсӣ-иҷтимоӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ҳифз, азнавсозӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ, боварии гурӯҳҳои ихтилофангез нисбат ба ҳамдигар таъмин гардиданд. Аз ин рӯ, ба ваҳдат омадани аҳолии кишварҳои даргир маҳз аз сулҳхоҳӣ, таъмини воқеии он иртиботи зич дорад. Чунки сулҳ имкон медиҳад, ки адолат ва баробарии иҷтимоӣ риоя гардад; ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҳифз шавад; иштироки қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ зиёд гардад ва муносибатҳои байни онҳо таҳким ёбанд.
Чаҳорум, сулҳ фазои орому осударо барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин карда, онҳоро барои донишандӯзӣ, касбазхудӣ ва вобаста ба самти тахассус ба фаъолияти меҳнатӣ, илмӣ, техникӣ, истеҳсолӣ ва ғайра машғул шудан ҳидоят намуд. Имрӯз низ ҷомеаи муосир, махсусан тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ниёзмандӣ дорад. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои расидан ба ин аҳдоф ва арзишҳо метавонад нақши муассири худро гузорад. Махсусан, ҷавонон бояд оқилона дарк намоянд, ки ихтилофи назар - ин ифодакунандаи амали душманӣ нест. Гуногунандеширо барои ҷомеа таҳдид набояд шуморид ва муколама, гуфтушунид роҳи ягона ва судманди баррасӣ ва ҳалли мушкилот мебошад.
Панҷум, давлат на танҳо таъминкунандаи сулҳи устувор аст, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, намояндагони ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлатӣ низ бояд дар таҳкими он саҳм гузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи модели сулҳофарӣ нишон дод, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иқдому талошҳои Ҳукумати кишвар истиқбол намуда, ҳамеша ширкати фаъоли худро дар амалӣ гардидани он таъмин намуданд. Дар робита бо ин, таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон сабақ медиҳад, ки дар кишварҳои даргир ҳар қадар иштироки шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ бештар бошад, ҳамон қадар имконияти пешгирӣ ва ҳалли низоъ зиёд мешавад.
Шашум, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки сулҳ ин натиҷаи қабули як қарор ва ё як ҳуҷҷат нест, балки раванди доимии эътимоду боварӣ нисбат ба якдигар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ҳимояи манфиатҳои умумӣ мебошад.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо бояд зикр дошт, ки пешниҳоди навбатии ҷониби Тоҷикистон дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)”, ки аз ҷониби СММ эътироф гардид, барои ҷомеаи муосир аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ дорад. Ҳадаф аз пешниҳоди он – ин хотима додани ба амали нохушоянду харобиовари ҷанг нест, балки мақсад ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳалли низоъу ихтилофот тавассути муколама, гуфтушунид ва дипломатия мебошад. Аз ин мавқеъ, амалӣ гаштани он метавонад амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро таъмин намояд.
Ҷанбаи дигари арзишманди ин қатъномаро иштироки фаъоли кӯдакон, ҷаонон ва қишри бузургсол дар масъалаи сулҳ ва қабули қарорҳо ташкил медиҳад. Махсусан, ҷавонон на танҳо иштирокчии фаъоли қабули қарорҳо ҷиҳати таҳкими сулҳ бошанд, балки барои бунёди ҷомеаи боамну осоишта иштироки фаъол варзанд.
Инчунин, ин ташаббуси оқилона созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои илмӣ ва дигар субъектҳои ҳаёти ҷамъиятиро ҳушдор месозад, ки таҳкими сулҳ аз ҳамкории мустақим, табодули таҷриба, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод ба ҳамдигар муяссар мегардад. Дар маҷмуъ, қабули ин қатънома метавонад барои ҷомеаи муосир ба сифати механизми асосии пешгирии низоъҳо, тақвияти фарҳанги муколама, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи принсипи таҳаммулгароӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои насли оянда хизмати мондагор кунад.
САМИЕВ Бобоҷон,
сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои фалсафа,профессор