Дар шароити низоми нави арзишҳо ва манфиатҳои геополитикии давлатҳои бузург ваҳдати миллӣ – омили асосии ҳифз ва ҳимояи дилхоҳ давлату миллат ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ муҳиммтарин падидаи давлати муосир арзёбӣ гардида, дар рушд ва суботи сиёсӣ маќоми бузургро касб менамояд.
Ваҳдати миллӣ- ин ягонагии фаъолияти умумиятҳои мухталифи иҷтимоӣ, аз ҷумла умумиятҳои миллию этникӣ дар таркиби давлати ягона, сатҳи баланди худшиносӣ ва пайвасти ногусастании шаҳрвандон ба шакли давлатдорӣ, бо низоми мавҷудаи арзишҳо ва идеалҳо мебошад.
Муттаҳидӣ ва масъалаи ваҳдати миллӣ, ифтихори миллӣ омили меҳварии рушди ин давлатҳои бузург мебошад. Яъне, ваҳдати миллӣ имконияти беҳтарине гардид, ки барои таќдири минбаъдаи давлати хеш ва наслҳои ояндаи он масъулияти дастаҷамъонаро ба таври амиќу даќиќ дарк намояд.
Олими варзидаи ватанӣ Ҳайдарзода Рустам дар мақолаи худ “Консепсияи Ваҳдати миллӣ- маҳсули тафаккури фалсафӣ- сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад!” барҳақ қайд менамоянд,ки “ваҳдати миллӣ на танҳо дар таърихи муосири тоҷикон, балки дар воқеияти сиёсии минтақаи мо бисёр як падидаи нодир ба ҳисоб меравад. Ин арзиш дар зеҳни мардуми тоҷик тасаввуротро оид ба арзиши олии ҳар як миллат – Истиқлоли сиёсии Ватан такмил дод. Ватан ҳамчун арзиши олии ҳар як тоҷик, маънии ҳастии тоҷикро муайян мекунад, яъне ҳар як тоҷик баҳри Ватан зиндагӣ дорад ва агар лозим шавад худро қурбони ин Ватан мекунад. Консепсияи Ваҳдати миллӣ, ки маҳсули тафаккури фалсафӣ-сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, маснуияти идеологии моро аз таҳоҷуми арзишҳои зиддимиллӣ, афкори тахрибкори экстремизми динӣ, таҳдидҳо дар фазои воқеӣ, хушунати иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ ҳифз мекунад. ”
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик падидаи бисёр пурарзиш ба ҳисоб меравад. Маҳз, Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони муосирро бунёду обод намуда, дар арсаи сиёсати кабир ҳимоякунандаи талаботу манфиатҳои он гардонид. Вале, расидан ба ин рўзҳо роҳе буд сангин ва пурихтилоф. Миллати тоҷик пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ дар фазои холии мафкуравӣ ќарор гирифта, давлатро ҷанги бародаркўш таҳдид месохт.
То ба имзо расидани Созишномаи умумии барќарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мардуми тоҷик чӣ рўзгоре дошт? Ин рўзгоре буд басо душвор ва сангин. Дар он рўзҳои мушкил ҳеҷ неруи сиёсӣ дар ѓами ин миллат ва ин давлат набуд. Мардуми тоҷик то имзои ин Созишнома давраи мушкилтарини таърихиро аз сар мегузаронид. Ҷанги ҳамватании Тоҷикистон ѓолиб пайдо накард, зеро ҷанги дохилимиллӣ ѓолиб надорад. Он дар ҳар сурат бадбахтии кишвар, бадбахтии миллат ба ҳисоб меравад. Дар раванди худшиносӣ ва худогоҳии миллии мардум монеа гардида, манфиатҳои миллиро паст зада, беэътибор гардониданд. Дар ҷои онҳо манфиатҳои гурўҳӣ, ќавмӣ ва маҳаллиро тобиши нав доданд. Гурўҳҳое пайдо гардиданд, ки аз ин бадбахтӣ ва фоҷеаи миллӣ истифода менамуданд. Онҳо якеро дўст, дигареро душмани ќатории миллат меҳисобиданд. Ин гурўҳҳо бародарону ҳаммиллату ҳамзабони худро саркуб кардаанд, аз худ дар он рўзҳои мушкил ќаҳрамон офарида, ѓурур ва худпарастиро ба авҷи аълояш расониданд. Чунин ҳолат касро водор бар он накард, ки бо куштани бародар касе обрўю эътибор пайдо карда наметавонад.
Дар олами сиёсӣ шахсиятҳое, ҳастанд, ки симояшон, рафторашон, ахлоќи ҳамидашон, кору пайкорашон ваҳдатофарин аст. Чунин махсусиятҳо онҳоро аз оммаи мардум ҷудо месозад, ва баргузида мехонад. Бузургии ин гуна шахсиятҳо дар он аст, ки онҳо эҳтиром ба халќи хеш, ба гузаштаи таърихии худ ва арзишҳои миллии худро муќаддас мешуморанд. Чунин сатҳи муносибат бешак дар рафтори ваҳдатофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад. Ваҳдати миллии ҷомеаи тоҷикро бе ин шахсияти бузург тасаввур кардан номумкин аст. Инро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад. Як нуќтаро ќайд кардан ба маврид аст, ки «гузаштаи мардуми тоҷик пур аз фоҷиаву нокомӣ, шикасту зиддиятҳо кишту шодоб гардидааст. Баъд аз заволи Иттиҳоди Шуравӣ боз фоҷиаи бузурги таърихиро такрор намудаем. Аз дуриҳои дури таърих мардуми тоҷик мавзеҳои бузурги тамаддунофари худро гузошта аз дасти аҷнабиён ба кўҳу пушта фирор намуданд. Он аз душман фирор кард. Вале дар солҳои ҷанги бародаркўш тоҷик аз ҳамватани худ аз бародари худ, аз ҳамсояи худ ба хоки мардуми бегона фирор кард. Дар онҷо тоҷик чӣ рўзгоре дошт. Ин фоҷиаро Пешвои миллат чунин шаҳр медиҳад «Дар хоки мардуми бегона ќабристонҳои тоҷикӣ пайдо шудан, наслҳои оянда бар мо нафрат мехонанд…»
Мо бояд ин фоҷиаи миллиро фаромуш насозем. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси фаъолияти хеш созем. Дар паҳлўи он истода Тоҷикистонро ободу зебо гардонем. Имрўз, хушбахтона мо ба ин неъмати бузург комёб гардидем.
РАҲИМОВ Дилшод,
ходими хурди илмми шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши маъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо