×

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МЕЪМОРИИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА ТАҶРИБАИ НОДИРИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКОН

Бозгашт ба мавод

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МЕЪМОРИИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА ТАҶРИБАИ НОДИРИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКОН

ИОМДОА Сиёсат 25-06-2026 ш.Душанбе
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МЕЪМОРИИ ДАВЛАТСОЗӢ ВА ТАҶРИБАИ НОДИРИ СУЛҲОФАРИИ ТОҶИКОН

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон танҳо як мафҳуми сиёсӣ ё шиори ҷашнӣ нест. Он як низоми комили арзишӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва маънавист, ки сарнавишти давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари парокандагӣ ба роҳи эҳё, субот ва созандагӣ баргардонид. Агар истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконияти таърихии соҳиби давлат буданро фароҳам оварда бошад, пас Ваҳдати миллӣ заминаи нигоҳдорӣ, таҳким ва рушди ҳамин истиқлолият гардид. Аз ин рӯ, 27 июн дар зеҳни таърихии мардуми Тоҷикистон на танҳо рӯзи хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, балки рӯзи пирӯзии ақлу хирад, масъулияти миллӣ ва иродаи сиёсии созанда бар кинаву ихтилоф мебошад.

Хусусияти фарқкунандаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар он аст, ки он танҳо натиҷаи имзои як санад набуд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, натиҷаи як раванди пурпечутоби сиёсӣ, дипломатӣ ва равонӣ буд; раванде, ки аз музокирот, гузаштҳои душвор, ҷустуҷӯи эътимод, баргардонидани гурезаҳо, халъи силоҳ, ҳамгироии неруҳои мухолиф ба ҳаёти сиёсӣ ва аз ҳама муҳим — барқарор намудани ҳисси ягонагии давлату миллат иборат буд. Дар матни Созишномаи умумӣ таъкид гардидааст, ки музокироти байни тоҷикон аз апрели соли 1994 таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид оғоз ёфта, дар ҷараёни он ҳашт даври музокирот, шаш мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва се даври машваратҳо баргузор гардиданд.

   Дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX Тоҷикистон ба яке аз сангинтарин озмоишҳои таърихии худ рӯ ба рӯ шуд. Давлати навтаъсис, ки ҳанӯз ниҳодҳои устувори идоракунӣ, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кофии давлатдории мустақил надошт, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ, минтақавӣ, идеологӣ ва иҷтимоӣ кашида шуд. Ин низоъ тадриҷан аз баҳсҳои сиёсӣ ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфт ва ҷомеаро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо кард. Тибқи маълумоти таҳлилгарони байналмилалӣ, дар соли аввали ҷанг даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, садҳо ҳазор сокини кишвар маҷбур ба тарки манзил гардиданд; аз ҷумла, тибқи иттилои UNHCR, тақрибан 600 ҳазор нафар дар дохили кишвар овора ва ҳадди ақал 80 ҳазор нафар ба хориҷ, асосан ба Афғонистон, паноҳанда шуданд.

Фоҷиаи он солҳо танҳо дар талафоти ҷонӣ ва харобии иқтисодӣ маҳдуд намешуд. Аз ҳама зарари бузург — шикасти эътимоди иҷтимоӣ буд. Вақте миёни ҳамватанон девори гумон, тарс ва интиқом пайдо мешавад, ҳатто баъди хомӯш шудани силоҳ ҳам сулҳи воқеӣ ба осонӣ ба даст намеояд. Бинобар ин, барои Тоҷикистон на танҳо қатъи ҷанг, балки барқарор кардани боварӣ ба давлат, ба ҳамдигар ва ба ояндаи муштарак зарур буд. Ҳамин ҷо моҳияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун категорияи амиқи сиёсӣ ва маънавӣ зоҳир мегардад: ваҳдат маънои якранг кардани ҷомеаро надорад, балки маънои ба як самти созанда равона намудани неруҳои гуногуни ҷомеаро дорад.

Дар чунин шароити вазнин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд оғоз гардид, оғози гардиши сарнавиштсоз дар ҳаёти сиёсии кишвар гардид. Дар рӯзи аввали Иҷлосия аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар иштирок доштанд ва то 2 декабри соли 1992 дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул карда шуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, масъулияти ниҳоят вазнини раҳбарии давлатро дар замоне ба дӯш гирифтанд, ки кишвар дар остонаи фурӯпошии сиёсӣ ва парокандагии миллӣ қарор дошт.

    Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди сулҳи тоҷикон наметавон танҳо бо имзои санадҳо маҳдуд кард. Нақши асосӣ дар он буд, ки дар вазъияти пурихтилоф, ҳангоми набудани эътимод миёни ҷонибҳо ва шиддати равониву сиёсӣ, роҳбарияти кишвар тавонист сулҳро ҳамчун ҳадафи олӣ ва наҷоти ягонаи давлат муаррифӣ намояд. Ин мавқеъ аз оғоз бо ду унсури муҳим фарқ мекард: якум, эътирофи воқеияти буҳрон ва зарурати музокира; дуюм, боло гузоштани манфиати давлату миллат аз манфиатҳои гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва шахсӣ.

Дар нахустин марҳила вазифаи роҳбарияти давлат танҳо идора кардани сохторҳои расмӣ набуд. Пеш аз ҳама, лозим буд давлат ҳамчун маркази ягонаи қонунӣ, кафили амният ва ниҳоди муттаҳидкунандаи ҷомеа дубора эҳё карда шавад. Ин кор дар шароите сурат гирифт, ки қисме аз аҳолӣ дар хориҷ қарор дошт, минтақаҳо аз ҳам ҷудо шуда буданд, гурӯҳҳои мусаллаҳ фаъолият мекарданд ва иқтисоди миллӣ ба ҳолати буҳронӣ расида буд. Аз ин рӯ, иқдомҳои Пешвои миллат дар самти сулҳ танҳо иқдомҳои сиёсӣ набуданд; онҳо амалҳои наҷотбахши давлатдорӣ буданд.

Маҳз бо ҳамин сабаб, дар таҳлили таҷрибаи тоҷикон бояд байни “сулҳи сиёсӣ” ва “ваҳдати миллӣ” фарқ гузошт. Сулҳи сиёсӣ метавонад бо созиш миёни ҷонибҳои даргир ба даст ояд, аммо ваҳдати миллӣ вақте шакл мегирад, ки сулҳ ба фарҳанги зиндагӣ, ба рафтори шаҳрвандӣ, ба сиёсати давлатӣ ва ба низоми арзишҳои ҷомеа табдил ёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд на танҳо ҳамчун роҳбари ҷониби давлатӣ, балки ҳамчун шахсияте зуҳур намуданд, ки масъулияти таърихии баргардонидани миллат ба фазои ягонаи сиёсӣ ва маънавиро ба уҳда гирифтанд.

    Раванди музокироти байни тоҷикон аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ намунаи нодири гузариш аз низои мусаллаҳона ба созиши сиёсӣ мебошад. Музокирот зери сарпарастии СММ сурат гирифта, аз апрели соли 1994 оғоз ёфт; даври аввал дар Москва ва даври дуюм моҳи июни ҳамон сол дар Теҳрон баргузор гардид. Дар даври аввал рӯзномаи фарогир қабул шуд, ки масъалаҳои ҳалли сиёсӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистонро дар бар мегирифт.

Муҳимияти ин музокирот дар он буд, ки онҳо танҳо бар сари тақсими қудрат сурат намегирифтанд. Дар асл, масъалаи асосӣ чунин буд: чӣ гуна метавон давлатро нигоҳ дошт, ҷангро қатъ кард, мухолифатро аз майдони силоҳ ба майдони сиёсат овард ва шаҳрвандонро ба ҳаёти осоишта баргардонд? Ин саволҳо ба таври одӣ ҳал намешуданд. Ҳар як санад, ҳар як протокол ва ҳар як мулоқот натиҷаи гуфтугӯҳои душвор, баҳсҳои тӯлонӣ ва гузаштҳои сангин буд.

Дар раванди минбаъда давраҳои гуногуни музокирот дар шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Исломобод, Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Машҳад ва дигар ҷойҳо баргузор шуданд. Таҳлилгарони раванди сулҳ қайд мекунанд, ки дар давраҳои баъдӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла халъи силоҳ ва ҳамгироии неруҳои мусаллаҳи мухолифин ба сохторҳои қудратӣ, қонунигардонии фаъолияти сиёсӣ, ҷудо намудани саҳми намояндагони мухолифин дар сохторҳои иҷроия ва кафолатҳои иҷрои созишҳо расиданд.

Аз ин ҷиҳат, сулҳи тоҷикон як “созиши рӯйи коғаз” набуд. Он маҷмӯи механизмҳои амалӣ дошт: Комиссияи оштии миллӣ, протоколҳои сиёсӣ, низомӣ ва гурезаҳо, кафолатҳои байналмилалӣ, назорати иҷрои созишҳо ва марҳилаи гузариш. Дар худи Созишномаи умумӣ санадҳои замимавӣ, аз ҷумла Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ, Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ, Протокол оид ба вазифа ва ваколатҳои Комиссияи оштии миллӣ, Протокол оид ба масъалаҳои ҳарбӣ, Протокол оид ба гурезаҳо ва Протокол оид ба кафолатҳои иҷрои Созишнома номбар шудаанд.

    Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ду ҷиҳат аҳамияти таърихӣ дорад. Аз як тараф, он санади ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буд, ки ҷангро хотима бахшид ва механизми гузариш ба ҳаёти осоиштаро муайян кард. Аз ҷониби дигар, он паймони ахлоқӣ миёни фарзандони як миллат буд, ки дар он бахшиш, бозгашт, ҳамзистӣ ва масъулияти муштарак ҷойгоҳи асосӣ доштанд.

Дар матни Созишнома омадааст, ки имзои он оғози марҳилаи иҷрои пурра ва ҳамбастаи мувофиқаҳои бадастомада буда, бояд ба низои бародаркушона хотима гузорад, бахшишу авфи тарафайнро таъмин намояд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонад, барои рушди демократии ҷомеа, интихоботи озод ва барқарорсозии иқтисодиёти аз ҷанг харобгардида шароит фароҳам оварад. Ин ҷумлаҳо нишон медиҳанд, ки сулҳи тоҷикон танҳо қатъи амалиёти ҳарбӣ набуд; он барномаи барқарорсозии давлат, ҷомеа ва инсон буд.

Дар ҳамин санад таъкид мегардад, ки сулҳ ва ваҳдати миллии ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти қавмӣ, тамоюли сиёсӣ, эътиқоди динӣ ё мансубияти минтақавӣ, аз авлавиятҳои олии миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ин нуқта барои фаҳмиши муосири Ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст. Ваҳдат маънои бартарии як гурӯҳ бар гурӯҳи дигарро надорад; ваҳдат маънои эътирофи ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон ба зиндагии муштарак дар доираи як давлат, як қонун ва як сарнавишти миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Созишномаи 27 июнро метавон санади “бозсозии эътимод” номид. Он ба ҷомеа нишон дод, ки ҳатто баъди ҷанги харобиовар ҳам имкони гуфтугӯ, бахшиш ва созандагӣ вуҷуд дорад. Ин таҷриба барои кишварҳое, ки бо низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯ шудаанд, дарси муҳим дорад: сулҳи устувор танҳо бо ғалабаи ҳарбӣ ба даст намеояд; он тавассути эътирофи воқеият, масъулияти сиёсӣ, кафолати ҳуқуқӣ ва иродаи ахлоқӣ ба вуҷуд меояд.

            Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини Ваҳдати миллӣ он аст, ки он истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз ҳолати осебпазирӣ ба ҳолати устуворӣ гузаронд. Дар солҳои аввали истиқлолият хатари асосӣ на танҳо аз ҷанг, балки аз эҳтимоли аз байн рафтани қобилияти давлат барои идора кардани кишвар иборат буд. Давлате, ки қаламрав, аҳолӣ, ниҳодҳои қонунӣ ва эътимоди шаҳрвандонро аз даст медиҳад, мустақилияти худро амалан ҳифз карда наметавонад. Бинобар ин, сулҳ барои Тоҷикистон шарти аввалини истиқлолият буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои душвори давлатсозӣ сиёсати сулҳро бо сиёсати таҳкими давлатдорӣ пайваст намуданд. Ин пайвастагӣ чанд самт дошт: барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, эҳёи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкили Артиши миллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини амният дар минтақаҳо, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ва ворид сохтани Тоҷикистон ба фазои ҳамкориҳои минтақавиву ҷаҳонӣ.

Ин ҷо бояд таъкид кард, ки сулҳ барои Тоҷикистон танҳо оромии дохилӣ наовард; он имкони рушди сиёсати хориҷӣ, ҷалби ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тақвияти мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳон фароҳам сохт. То замоне ки кишвар дар ҳолати ҷанг қарор дорад, неруи асосии давлат ба нигоҳ доштани амният сарф мешавад. Пас аз истиқрори сулҳ, Тоҷикистон тавонист захираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии худро ба бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, рушди маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона намояд.

Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон “зерсохтори ноаёни рушд” гардид. Роҳ, неругоҳ, мактаб, беморхона, корхона ва барномаи давлатӣ дар фазои ноамнӣ самари устувор дода наметавонад. Аввал бояд фазои боварӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти умумӣ ба вуҷуд ояд. Маҳз ҳамин фазоро сулҳ ва ваҳдати миллӣ муҳайё карданд.

    Ваҳдати миллӣ танҳо дар сатҳи ҳуҷҷатҳои давлатӣ боқӣ намонд. Он тадриҷан ба фарҳанги сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфт. Фарҳанги сиёсӣ маънои муносибати шаҳрвандон ба давлат, қонун, манфиати умумӣ, ихтилоф, гуногунандешӣ ва масъулияти ҷамъиятиро дорад. Агар дар ҷомеа фарҳанги таҳаммул, гуфтугӯ ва эҳтиром ба қонун ташаккул наёбад, ҳар гуна ихтилофи сиёсӣ метавонад ба буҳрони нав табдил ёбад.

Аз ин рӯ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки ҳифзи ваҳдат кори якрӯза ва мавсимӣ нест. Ваҳдат ҳар рӯз дар мактаб, донишгоҳ, оила, маҳалла, идора, воситаҳои ахбор, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муносибати шаҳрвандон ба ҳамдигар таҷдид мешавад. Ваҳдат он вақт устувор аст, ки насли нав онро танҳо ҳамчун воқеаи таърихӣ не, балки ҳамчун масъулияти шахсии худ дарк намояд.

Дар ин замина, нақши Пешвои миллат дар таҳкими фарҳанги ваҳдат дар он зоҳир мегардад, ки сулҳ ҳамчун арзиши меҳварии сиёсати давлатӣ муаррифӣ шуд. Дар суханрониҳо, паёмҳо ва сиёсати давлатӣ пайваста таъкид мегардад, ки амният, ваҳдат, истиқлолият ва худшиносии миллӣ аз ҳам ҷудо нестанд. Ин робита муҳим аст, зеро бе худшиносӣ ваҳдат заиф мешавад, бе ваҳдат истиқлолият осеб мебинад ва бе истиқлолият рушди миллӣ маънои пурра пайдо намекунад.

    Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз бисёр равандҳои сулҳ дар кишварҳои дигар бо чанд хусусият фарқ мекунад. Аввалан, ин сулҳ хусусияти дохилӣ дошт: ҷонибҳои асосӣ тоҷикон буданд ва дар ниҳоят худи онҳо ба зарурати созиш расиданд. Дуюм, миёнаравии байналмилалӣ муҳим буд, аммо он ҷойи иродаи дохилиро нагирифт. СММ, давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ мусоидат карданд, вале қарорҳои асосӣ бояд аз ҷониби худи тарафҳои тоҷик қабул мешуданд. Сеюм, раванди сулҳ бо бозсозии ниҳодҳои давлатӣ якҷо сурат гирифт. Яъне, сулҳ аз давлатсозӣ ҷудо набуд.

Чорум, дар таҷрибаи Тоҷикистон масъалаи бозгашти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ҷойгоҳи махсус дошт. Бе баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан ва бе барқарор кардани зиндагии онҳо, сулҳ комил шуда наметавонист. Панҷум, масъалаи халъи силоҳ ва ҳамгироии неруҳои собиқи мусаллаҳ ба зиндагии осоишта яке аз мушкилтарин, вале заруртарин бахшҳои сулҳ буд. Агар ин масъала ҳал намешуд, хатари идомаи ноамнӣ боқӣ мемонд.

Дар ҳамин ҷараён нақши шахсии Пешвои миллат ҳамчун кафили иҷрои созишҳо, роҳбари раванди давлатсозӣ ва шахсияти муттаҳидкунандаи ҷомеа аҳамияти махсус пайдо кард. Роҳбарӣ дар чунин ҳолат танҳо идора кардан нест; роҳбарӣ қобилияти гирифтани масъулияти таърихӣ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз аст. Маҳз ҳамин масъулият имкон дод, ки сулҳ аз сатҳи мувофиқаи сиёсӣ ба сатҳи амали давлатӣ ва иҷтимоӣ гузарад.

    Имрӯз, баъди гузашти солҳои зиёд аз имзои Созишномаи сулҳ, ҷомеаи Тоҷикистон ба марҳилаи нави фаҳмиши Ваҳдати миллӣ ворид шудааст. Насле ба камол расида истодааст, ки ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ надидааст. Барои ин насл, Ваҳдат набояд танҳо ҳамчун хотираи талхи гузашта ё ҷашни тақвимӣ муаррифӣ шавад. Он бояд ҳамчун шарти рушди шахсӣ, имкониятҳои иҷтимоӣ, таҳсил, касбу кор, амният ва ояндаи осоишта фаҳмонида шавад.

Агар насли солҳои ҷанг арзиши сулҳро аз таҷрибаи ранҷ дарк карда бошад, насли имрӯз бояд онро аз роҳи маърифат, таҳлил ва худшиносӣ дарк намояд. Ин ҷо масъулияти мактаб, донишгоҳ, зиёиён, рӯзноманигорон, кормандони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле бузург аст. Ваҳдатро набояд танҳо бо суханони умумӣ таблиғ кард; онро бояд бо мисолҳои равшан, таҳлили таърихӣ, баррасии хатогиҳои гузашта ва нишон додани дастовардҳои сулҳ ба зеҳни ҷавонон расонд.

Имрӯз таҳдидҳо шакли дигар гирифтаанд. Агар солҳои 90-ум хатари асосӣ дар муқовимати мусаллаҳона буд, имрӯз хатар метавонад дар шакли бегонашавии маънавӣ, ифротгароӣ, иттилооти бардурӯғ, тафриқаандозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, паст шудани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва заиф гардидани хотираи таърихӣ пайдо шавад. Бинобар ин, ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар замони муосир маънои ҳифзи фазои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулро низ дорад.

   Дар илми муосири давлатшиносӣ мафҳуми “сармояи иҷтимоӣ” мавҷуд аст. Он ба сатҳи эътимод, ҳамкорӣ, эҳтиром ба қонун ва қобилияти ҷомеа барои ҳалли мушкилот ишора мекунад. Аз ин нуқтаи назар, Ваҳдати миллӣ сармояи бузурги иҷтимоӣ ва стратегии Тоҷикистон мебошад. Ҳар қадар сатҳи эътимод миёни давлат ва ҷомеа, миёни минтақаҳо, миёни наслҳо ва миёни гурӯҳҳои иҷтимоӣ баланд бошад, ҳамон қадар давлат устувортар ва ҷомеа созандатар мешавад.

Ваҳдат инчунин барои иқтисод аҳамияти бевосита дорад. Сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, рушди инфрасохтор, сайёҳӣ, маориф ва илму техника дар фазои субот рушд мекунанд. Ҳеҷ як барномаи иқтисодӣ бе амният ва пешбинишавандагии сиёсӣ натиҷаи устувор намедиҳад. Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши маънавӣ, балки омили воқеии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад.

Дар ин самт сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардид, ки сулҳ ба рушди устувор табдил ёбад. Яъне, натиҷаи сулҳ бояд дар зиндагии мардум эҳсос шавад: дар роҳҳои обод, муассисаҳои таълимӣ, неругоҳҳо, ҷойҳои корӣ, рушди деҳот, баланд шудани мақоми байналмилалии Тоҷикистон ва эҳёи ифтихори миллӣ. Вақте шаҳрванд мебинад, ки сулҳ танҳо хотираи гузашта нест, балки имконияти зиндагии имрӯза ва фардои ӯст, ваҳдат ба боварии устувор табдил меёбад.

    Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Он кишварро аз хатари парокандагӣ наҷот дод, истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид, заминаи эҳёи ниҳодҳои давлатӣ ва рушди ҷомеаро фароҳам овард. Аммо арзиши Ваҳдат танҳо дар гузашта нест; он имрӯз низ шарти асосии амният, пешрафт ва бақои давлатдории миллӣ мебошад.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд нақши сарнавиштсоз аст. Ин нақш дар қабули масъулияти таърихӣ, роҳандозии сиёсати сулҳ, пешбурди музокирот, барқарорсозии давлат, бозгардонидани гурезаҳо, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва табдил додани сулҳ ба меҳвари сиёсати миллӣ ифода меёбад. Таҷрибаи тоҷикон собит кард, ки миллат вақте аз фоҷиа берун меояд, ки роҳбарӣ ирода, ҷомеа хирад ва давлат ҳадафи равшан дошта бошад.

Имрӯз вазифаи мо танҳо таҷлил кардани Ваҳдати миллӣ нест. Вазифаи муҳимтар  ҳифз, фаҳмондан, такмил ва ба наслҳои оянда расонидани моҳияти он мебошад. Ваҳдатро бояд ҳамчун амонати таърихӣ, сабақи сиёсӣ ва барномаи доимии давлатсозӣ нигоҳ дошт. Зеро миллате, ки қадри сулҳро медонад, ояндаи худро бо дастони худ месозад; давлате, ки ваҳдати дохилии худро ҳифз мекунад, дар баробари ҳар гуна таҳдид устувор мемонад.

Исматуллои Сунъатулло,

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ.