(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Аннотатсия
Мақолаи мазкур ба таҳлили илмӣ-таҳлилии таҷрибаи 35-солаи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар маркази таҳқиқ масъалаҳои ташаккули давлатдории муосир, таҳкими ниҳодҳои сиёсӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ташаккули ҳувияти давлатӣ, рушди устувор ва баланд гардидани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Муаллиф бо истифода аз усулҳои таърихӣ-муқоисавӣ, системавӣ-таҳлилӣ ва ниҳодӣ (институтсионалӣ) нишон медиҳад, ки истиқлоли давлатӣ ҳамчун раванди мураккаби давлатсозӣ на танҳо соҳибӣ ба соҳибихтиёрии сиёсӣ, балки ташкили низоми устувори идоракунӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва эҷоди модели мустақили сиёсати хориҷиро дар бар мегирад.
Таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун намунаи муҳими омӯзиши равандҳои давлатсозӣ дар фазои пасошуравӣ арзёбӣ гардида, аҳамияти он барои сиёсатшиносии муосир муайян карда мешавад.
Калидвожаҳо: Истиқлоли давлатӣ, давлатсозӣ, давлатдории муосир, ҳувияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, рушди устувор, модернизатсияи сиёсӣ, сиёсати хориҷӣ, Тоҷикистон.
Муқаддима
Истиқлоли давлатӣ яке аз падидаҳои муҳими таърихи сиёсии ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Аммо дар шароити ҷаҳони муосир истиқлол танҳо ҳамчун эълони соҳибихтиёрӣ фаҳмида намешавад. Он пеш аз ҳама раванди ташаккули давлате мебошад, ки дорои ниҳодҳои муассири сиёсӣ, иқтисоди устувор, ҷомеаи муттаҳид ва қобилияти мустақили қабули қарорҳои стратегӣ мебошад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлол аз нигоҳи илми сиёсатшиносӣ дорои аҳамияти махсус мебошад. Зеро ташаккули давлатдории нав дар шароити мураккаби таърихӣ оғоз гардид: пошхӯрии низоми пешинаи сиёсӣ; тағйироти бузурги геосиёсӣ дар фазои пасошуравӣ; мушкилоти дохилии солҳои аввали Истиқлол.
Дар чунин шароит масъалаи асосӣ танҳо таъсиси сохторҳои нави давлатӣ набуд. Вазифаи стратегии давлат аз он иборат буд, ки заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии устувории давлатдориро фароҳам созад.
Аз ин дидгоҳ 35 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун раванди марҳалавии гузариш аз барқарорсозии давлатдорӣ ба ташаккули давлати рушдёбанда арзёбӣ намуд.
1. Давлатсозӣ дар шароити Истиқлол: Аз барқарорсозӣ то таҳкими ниҳодҳои давлатӣ
Дар назарияи сиёсии муосир давлатсозӣ (state-building) яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти сиёсӣ маҳсуб меёбад.
Муҳаққиқони соҳа таъкид менамоянд, ки давлат танҳо маҷмуи мақомоти расмии ҳокимият нест. Давлат қобилияти роҳандозӣ намудани муносибатҳои сиёсӣ, таъмини қонуният, нигоҳ доштани тартибот ва фароҳам овардани шароити рушди ҷомеаро ифода менамояд.
Барои давлатҳои навистиқлол, махсусан онҳое, ки аз низомҳои бузурги сиёсӣ раҳо шудаанд, масъалаи ташкили давлатдорӣ дорои вижагӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли худро дар шароите ба даст овард, ки ҳамзамон якчанд масъалаҳои мураккаби таърихӣ ба миён омада буданд: тағйири низоми сиёсии пешина; зарурати ташкили созукорҳои (механизмҳои) нави идоракунӣ; мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ; зарурати таъмини амнияти миллӣ; ҷустуҷӯи модели нави ҳамгироии ҷомеа.
Дар чунин шароит вазифаи асосии давлат аз таъмини устувории сиёсӣ ва барқарор намудани эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои (институтҳои) давлатӣ иборат гардид.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки барои давлатҳои дар марҳалаи гузариш қарордошта масъалаи муҳим на танҳо таъсиси ниҳодҳо (институтҳо), балки фаъол намудани қобилияти воқеии онҳо барои идоракунии ҷомеа мебошад.
Аз ин рӯ марҳалаи аввали Истиқлоли Тоҷикистонро метавон ҳамчун давраи барқарорсозии пояҳои давлатдорӣ тавсиф намуд.
2. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси консолидатсияи сиёсӣ
Яке аз масъалаҳои калидии давлатсозии муосир масъалаи консолидатсияи сиёсӣ мебошад.
Дар сиёсатшиносӣ консолидатсияи сиёсӣ ҳамчун раванди ташаккули низоми устувори сиёсӣ фаҳмида мешавад, ки дар он гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ қоидаҳои умумии ҳамзистӣ ва ҳамкории сиёсиро қабул менамоянд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи консолидатсияи сиёсӣ аҳамияти махсус дошт, зеро давраи аввали Истиқлол бо мушкилоти ҷиддии дохилӣ ҳамроҳ гардид.
Аз ин рӯ таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо масъалаи ҳалли низои дохилӣ, балки шарти асосии эҳёи давлатдорӣ гардид.
Аз нигоҳи таҳлили сиёсӣ сулҳ ҳамчун сармояи стратегии давлат ба зуҳур омад.
Маҳз суботи сиёсӣ имконҳо фароҳам овард, ки масъалаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар маркази сиёсати давлатӣ қарор гиранд.
3. Ҳувияти давлатӣ, хотираи таърихӣ ва нақши фарҳанг дар давлатсозии муосир
Дар шароити Истиқлоли давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини давлатсозӣ ташаккули ҳувияти сиёсии ҷомеа мебошад.
Дар сиёсатшиносии муосир ҳувияти давлатӣ ҳамчун низоми тасаввурот, арзишҳо ва рамзҳое фаҳмида мешавад, ки шаҳрвандонро дар атрофи давлати ягона муттаҳид месозад.
Давлат на танҳо тавассути қонунҳо ва ниҳодҳои (институтҳои) сиёсӣ, балки инчунин тавассути маъноҳо, рамзҳо ва хотираи умумии таърихӣ устувор мегардад.
Аз ин дидгоҳ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки пас аз соҳибӣ ба Истиқлол масъалаи муҳими сиёсӣ ташаккули тасаввури ягона дар бораи давлат, таърих ва ояндаи миллӣ гардид.
Дар ин раванд хотираи таърихӣ ҳамчун яке аз унсурҳои асосии худшиносии миллӣ аҳамияти махсус пайдо намуд.
Хотираи таърихӣ дар ҷомеа танҳо маҷмуи маълумот дар бораи гузашта нест. Он воситаи ташаккули муносибати ҷомеа ба арзишҳо, давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон муроҷиат ба мероси бузурги таърихию фарҳангии мардуми тоҷик, аз ҷумла ба замони давлатдории сулолаи Сомониён ва саҳми бузурги шахсиятҳои илму фарҳанг, ҳамчун воситаи таҳкими пайванди таърихии ҷомеа бо давлатдории муосир истифода гардид.
Аз нигоҳи назариявӣ чунин фарояндро метавон ҳамчун ташаккули нарративи миллии давлатӣ арзёбӣ намуд.
Нарративи давлатӣ ба ҷомеа имкон медиҳад, ки гузашта, имрӯз ва ояндаро дар доираи як низоми ягонаи маънавӣ дарк намояд.
Дар таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон чунин раванд яке аз омилҳои муҳими ташаккули миллатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
4. Забони давлатӣ ҳамчун омили ҳамгироии миллӣ ва истиқлоли фарҳангӣ
Яке аз унсурҳои муҳимтарини ҳар як модели давлатсозӣ масъалаи забон мебошад.
Дар назарияи миллатсозии муосир забон танҳо воситаи иртиботи иҷтимоӣ нест. Забон яке аз созукорҳои (механизмҳои) асосии интиқоли хотираи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва таҷрибаи ҷамъиятӣ мебошад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди забони давлатӣ дар замони Истиқлол аҳамияти махсус пайдо намуд.
Забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ дар таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ ва рушди фазои ягонаи фарҳангӣ нақши муҳим бозид.
Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи сиёсати забон, рушди таълими забони давлатӣ, васеъ гардидани истифодаи он дар арсаи идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлол гардид.
Аммо хусусияти муҳими модели тоҷикӣ дар он зоҳир мешавад, ки рушди забони давлатӣ ҳамчун воситаи таҳкими давлатдорӣ баррасӣ шуда, ҳамзамон эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа нигоҳ дошта мешавад.
Аз дидгоҳи сиёсатшиносӣ ин масъала бо яке аз мушкилоти асосии давлатҳои муосир — тавозуни байни ягонагии сиёсӣ ва гуногунрангии иҷтимоӣ — робитаи мустақим дорад.
5. Рушди устувор ҳамчун марҳалаи нави давлатдории миллӣ
Пас аз таҳкими пояҳои давлатдорӣ вазифаи асосии стратегӣ ба таъмини рушди устувор равона гардид.
Дар асри XXI мафҳуми рушди устувор мазмуну муҳтавои васеъ пайдо кардааст.
Он танҳо афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нест, балки маҷмуи омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва институтсионалиро дар бар мегирад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариш ба модели рушди устувор чунин самтҳои афзалнокро дар бар гирифт: таъмини амнияти энергетикӣ; рушди саноат; беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ; баланд бардоштани сифати маориф; рушди илм ва технология; ташаккули иқтисоди рақамӣ.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати рушди кишвар масъалаи энергетика мебошад.
Истиқлоли энергетикӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба таҳкими имконҳои иқтисодии давлат ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ равона гардид.
Ҳамзамон рушди инфрасохтор ҳамчун омили пайвасткунандаи минтақаҳои кишвар ва таҳкими фазои ягонаи иқтисодӣ аҳамияти калон дорад.
Дар назарияи муосири давлатдорӣ қобилияти давлат ҷиҳати татбиқи амалии пружаҳои дарозмуддати рушд яке аз нишондиҳандаҳои муҳими самаранокии идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.
6. Сармояи инсонӣ ва нақши маориф дар рушди давлат
Яке аз хулосаҳои муҳими илми рушди муосир он аст, ки омили асосии пешрафти давлат инсон мебошад.
Дар иқтисоди донишбунёди асри XXI сатҳи рушди кишварҳо бештар аз сифати сармояи инсонӣ вобаста мегардад.
Аз ин рӯ рушди низоми маориф, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва пуштибонии илм яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Маориф дар шароити муосир танҳо воситаи интиқоли дониш нест.
Он инчунин созукори (механизми) ташаккули шаҳрвандият, воситаи таҳкими ҳувияти давлатӣ, заминаи рушди иқтисодӣ, омили рақобатпазирии миллӣ мебошад.
Сармоягузорӣ ба инсон имкон медиҳад, ки ҷомеа аз модели истифодаи захираҳои табиӣ ба модели рушд бар асоси дониш ва навоварӣ гузарад.
7. Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли муносиботи байналмилалӣ
Яке аз дастовардҳои муҳими давраи Истиқлол ташаккули сиёсати хориҷии мустақил мебошад.
Дар замони Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ҳамчун субекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи худро муайян намояд.
Сиёсати хориҷии кишвар ба якчанд принсипҳои асосӣ такя мекунад: ҳифзи манфиатҳои миллӣ; рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон; иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ; ҳалли мушкилоти глобалӣ тавассути ҳамкорӣ.
Дар ин замина ибтикорҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва таҳкими сулҳ баҳри наслҳои оянда аҳамияти махсус пайдо кардаанд.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки дипломатияи муосир на танҳо воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, балки механизми (созукори) пешниҳоди ғояҳои умумии башарӣ мебошад.
8. Нақши омили сарварӣ дар таҳкими давлатдории муосири Тоҷикистон
Дар таҳқиқоти сиёсатшиносии муосир масъалаи нақши шахсияти сиёсӣ дар давраҳои гузариши таърихӣ яке аз мавзуъҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи бисёр давлатҳо нишон медиҳад, ки дар марҳалаҳои буҳронӣ ва гузаришӣ омилҳои институтсионалӣ ва шахсии роҳбарию сарварӣ метавонанд ба самти рушди давлат таъсири назаррас расонанд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи аввали Истиқлол марҳалаи барқарорсозии низоми сиёсӣ, таъмини субот ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди давлат гардид.
Дар ин раванд нақши роҳбарияти сиёсии кишвар дар таҳкими ниҳодҳои (институтҳои) давлатӣ, барқарор намудани фазои сулҳу субот ва ташаккули сиёсати рушди миллӣ мавриди омӯзиши илмӣ қарор мегирад.
Аз нуқтаи назари назарияи сиёсӣ сарварию роҳбарият дар чунин шароит на танҳо вазифаи идоракунӣ, балки вазифаи рамзӣ низ иҷро менамояд.
Роҳбару пешвои сиёсӣ метавонад ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи ҷомеа, ифодакунандаи ҳадафҳои умумимиллӣ ва намояндаи самти стратегии давлат зуҳур намояд.
Дар таҷрибаи Тоҷикистон масъалаҳои мазкур дар заминаи зарурат баррасӣ мешаванд: барқарор намудани эътимод ба рукнҳои (институтҳои) давлатӣ; таҳкими ваҳдати миллӣ; муайян намудани ҳадафҳои дарозмуддати рушд; муаррифии манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ.
Ҳамзамон таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки устувории дарозмуддати давлат на танҳо аз нақши шахсиятҳо, балки аз қувваи ниҳодҳо (институтҳо), рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва самаранокии низоми идоракунӣ вобаста мебошад.
Аз ин рӯ таҷрибаи Тоҷикистон барои сиёсатшиносӣ ҳамчун намунаи омӯзиши муносиботи байни омили сарварию роҳбарӣ, ниҳодсозӣ (институтсозӣ) ва устувории давлатӣ дорои аҳамият аст.
9. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи давлатсозӣ дар фазои пасошуравӣ
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои муҳими давлатсозӣ дар фазои пасошуравӣ мебошад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ давлатҳои навистиқлол бо чунин масъалаҳои умумӣ рӯ ба рӯ шуданд: ташкили низоми нави сиёсӣ; муайян намудани модели рушди миллӣ; муносибат бо мероси давраи гузашта; ташаккули ҳувияти нави давлатӣ; таъмини амният ва субот.
Аммо ҳар як кишвар ин масъалаҳоро бо назардошти шароити таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ ҳал намуд.
Хусусияти таҷрибаи Тоҷикистон дар он аст, ки раванди давлатсозӣ дар шароити хеле мураккаб — баъд аз низои дохилӣ ва буҳрони амиқи сиёсӣ — амалӣ гардид.
Аз ин рӯ масъалаи асосӣ танҳо эъмори сохторҳои давлатӣ набуд, балки аз нав барқарор намудани асосҳои эътимоди сиёсӣ ва ҳамгироии ҷомеа гардид.
Дар ин замина таҷрибаи Тоҷикистон чанд самти муҳимро нишон медиҳад:
Якум, давлатсозӣ бидуни суботи сиёсӣ имконнопазир аст.
Дуюм, ҳувияти давлатӣ тавассути ниҳодҳо (институтҳо), фарҳанг, забон ва хотираи таърихӣ якҷо ташаккул меёбад.
Сеюм, рушди устувор танҳо дар сурати ба кор гирифтани стратегияи дарозмуддати миллӣ таъмин мегардад.
Аз ин нигоҳ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши равандҳои давлатсозӣ дар кишварҳои мубтало ба гузаришҳои таърихӣ аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад.
10. Арзёбии илмӣ ва сиёсатшиносии 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳлили илмии 35 соли Истиқлол нишон медиҳад, ки ин давраро метавон ҳамчун як марҳалаи пурмуҳтавои давлатсозии муосир арзёбӣ намуд.
Натиҷаҳои асосии ин давра дар чанд самти муҳим ҷамъбаст мешаванд.
Якум. Ташаккули давлат ҳамчун ниҳоди (институти) мустақили сиёсӣ
Дар давраи Истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии давлати соҳибихтиёрро ташаккул дод.
Ин раванд таъсиси низоми идоракунии давлатӣ, рушди қонунгузорӣ ва муайян намудани самтҳои сиёсати дохилию хориҷиро дар бар гирифт.
Дуюм. Таҳкими ягонагии сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки барои давлатҳои дар марҳалаи гузариш қарордошта масъалаи асосӣ на танҳо рушди иқтисодӣ, балки таъмини ҳамгироии ҷомеа мебошад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили суботи сиёсӣ аҳамияти стратегӣ пайдо намуд.
Сеюм. Ташаккули модели рушди миллӣ
Дар давраи Истиқлол Тоҷикистон самтҳои стратегии рушди худро муайян намуд.
Ин самтҳо ба масъалаҳои мазкур алоқаманд мебошанд: рушди иқтисодӣ; энергетика; саноат; инфрасохтор; маориф; технологияҳои муосир.
Чорум. Баланд гардидани нақши байналмилалии давлат
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати навистиқлол ба иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт.
Ин раванд нишон медиҳад, ки давлатдорӣ дар ҷаҳони муосир танҳо масъалаи дохилӣ нест, балки инчунин қобилияти иштирок дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳониро талабу тақозо менамояд.
ХУЛОСА
35 соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули давлатдории муосири миллӣ мебошад.
Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки Истиқлол ҳамчун раванд аз чанд унсури ба ҳам пайваста иборат аст, ки инҳоянд: соҳибихтиёрии сиёсӣ; ниҳодҳои устувори давлатӣ; ҳувияти ягонаи миллӣ; рушди иқтисодию иҷтимоӣ; иштироки фаъол дар ҷомеаи байналмилалӣ.
Таҷрибаи Тоҷикистон собит месозад, ки давлатсозӣ раванди мураккаб ва бисёрҷанба мебошад.
Давлат на танҳо бо ҳудуд ва сохторҳои сиёсӣ муайян мешавад. Давлат инчунин низоми арзишҳо, хотираи таърихӣ, фарҳанг, сатҳи рушди инсонӣ ва қобилияти ҷомеа барои муттаҳид шудан дар атрофи ҳадафҳову ормонҳои умумӣ мебошад.
Аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ таҷрибаи 35-солаи Тоҷикистон як хулосаи муҳимро тасдиқ менамояд, ки ин аст: устувории давлат натиҷаи ҳамкории се омили асосӣ мебошад — ниҳодҳои (институтҳои) муассир, ҷомеаи муттаҳид ва стратегияи равшану возеҳи рушди миллӣ.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави рушди худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дорои ҳадафҳои стратегии миллӣ ва иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ идома медиҳад.
Дар ин раванд таҷрибаи Истиқлоли Тоҷикистон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши илмӣ низ барои омӯзиши равандҳои давлатсозӣ дар асри XXI дорад.
САЙИДЗОДА Зафар Шералӣ,
мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
фиристодаи фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих
Адабиёти истифодашуда
1. Раҳмон Эмомалӣ. Уфуқҳои истиқлол. – Душанбе: Ирфон, 2020.
2. Раҳмон Эмомалӣ. Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2019.
3. Сайидзода З.Ш. 25 соли сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (1992–2017). – Душанбе: Контраст, 2020.
4. Сайидзода З.Ш. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – Душанбе: Контраст, 2020.
5. Сайидзода З.Ш. Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ. – Душанбе: Контраст, 2013.