(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як давлат на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, балки заминаи асосии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардида, роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ пеш гирифт.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар солҳои охир дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика ва фарҳанг рушд ёфта, ба сатҳи нави сифатӣ расидаанд. Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳамкорӣ дар тайи 35 соли истиқлоли Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа, махсусан бо давлати Қатар, дар шакли дуҷониба рушд кардааст. Дар ин муддат, Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Давлати Қатар, ки яке аз кишварҳои пешрафтаи Халиҷи Форс дар минтақаи Ховари Миёна ба ҳисоб меравад, бо Тоҷикистон ҳамкориҳои хеле муваффақ ва пурсамарро роҳандозӣ намудааст. Бо ташриф овардани Амири Қатар, Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ (2007) ва Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ (2023), робитаҳои дуҷониба дар сатҳҳои баланди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаъолона рушд намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври доимӣ ва дониста, ба рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳим дар арсаи байналмилалӣ мешиносад. Тоҷикистон ва Қатар, бо таъмини ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми мутақобила, робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷоратро амалӣ мекунанд. Мулоқотҳо ва саммитҳои сатҳи олии ду кишвар нишонаи дигари тақвияти муносибатҳо ва таъмини самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо, махсусан дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ доир гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки маҳз зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба як омили муҳими ҳусни тафоҳум ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҳар ду кишвари дӯст, Тоҷикистон ва Қатар дар тули 35 соли истиқлолият, муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳоро бо таваҷҷуҳ ба рушди иқтисод ва тиҷорат равона кардаанд. Дар ин росто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин давра солҳои 2007, 2017, 2020 ва 2024 чаҳор маротиба ба Қатар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд, ки ҳар кадом барои таҳкими робитаҳо ва афзоиши сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ аҳамияти калидӣ доштанд. Сафари аввалини расмии Амири Қатар, Шайх Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон дар соли 2007 ҳамкориҳоро дар соҳаи иқтисод ва сармоягузорӣ, сохтмонӣ ва инфрасохтор оғоз намуданд. Созишномаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла барои бунёди биноҳои истиқоматӣ ва масҷиди бузург, мавриди амал қарор гирифта буданд. Ба ин тартиб, Қатар аввалин кишвари арабӣ буд, ки дар даврони истиқлолият ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, бо кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ дар рушди кишвар саҳм гузоштаанд.
Бояд тазаккур намуд, ки дар моҳи июни соли 2019, Амири Қатар барои иштирок дар Ҳамоиши панҷуми "Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё" ба Тоҷикистон ташриф оварда буд ва музокироти расмии ӯ бо Пешвои миллат дар бораи рушди робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни мулоқот, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноат, фарҳанг ва амнияти минтақа баррасӣ гардид. Ҷонибҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо изҳори ҳамгироӣ намуда буданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот, масъалаҳои амнияти минтақа ва ҷаҳон, мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ ва хатарҳои амниятиро мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Барои ҳамкории муштарак дар самти пешгирӣ аз таҳдидҳо ва хатарҳои амниятӣ, ки ба суботи минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд.
Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои агросаноатӣ, дар соли 2019, сафари гурӯҳи кории ширкатҳои агросаноатии "ал-Сулайтин"-и Қатар ба Тоҷикистон сурат гирифта, ки барои роҳандозии лоиҳаҳои сармоягузории хурду миёна дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ муҳим буд.
Инчунин, дар ҷараёни ин боздид бар иловаи баррасии робитаҳои дуҷониба ва роҳҳои пешбурди он, созишнома миёни ҳукумати давлати Қатар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими шуғли аҳолӣ, ҳамзамон, тафоҳумнома байни ду кишвар дар соҳаи прокуратура ба имзо расиданд. Аз Амири Давлати Қатар даъват карда шуд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад ва ин даъват пазируфта шуда буд.
Ногутфа намонад, ки дар доираи созишномаҳои баимзорасидаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, ки аз ҷумла сохтмони шаҳраки муосири «Диёри Душанбе» ва масҷиди бузурги замонавиро дар бар мегирад. Ин лоиҳаҳо намунаи равшани рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади шиносоии бевосита бо ҷараёни татбиқи ин лоиҳаҳо, 8 июни соли 2023 зимни сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо номи Масҷиди Имом Абуҳанифа дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд. Ифтитоҳи ин иншооти фарҳангии азим на танҳо рамзи ҳамкории муваффақонаи Тоҷикистон ва Қатар мебошад, балки нишондиҳандаи равшани таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши робитаҳои фарҳангиву маънавии байни ду кишвар низ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми шаҳраки «Диёри Душанбе» идома дошта, татбиқи ин лоиҳа боз як қадами муҳим дар роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистону Қатар ба шумор меравад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани инфрасохтори шаҳрӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Татбиқи ин иқдомҳо нишонаи муҳими рушди робитаҳои дӯстона ва ҳамкории фаъол миёни ду кишвар унвон мешавад.
Робитаҳои мунтазам ва сатҳи олии ду кишвар, инчунин, эътимоди мутақобила ва мавқеи ягонаи Тоҷикистону Қатар дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус дар СММ ва дигар созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ барои таъмини ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ кӯмак мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Қатар дар танзими ду конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки моҳи майи солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, саҳми назаррас гузошт. Дар робита ба ин, муносибати ниҳодҳои қудратии ду кишвар барқарор ва масоили тақвияти робитаҳои мустақими корӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Қатар густариш ёфт. Инчунин дар моҳи апрели соли 2019, се нафар афсарони ВКД-и Тоҷикистон дар ду семинари махсус, ки Коллеҷи полисии ВКД-и Қатар дар мавзуҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва маблағгузории терроризм ташкил намуд, ширкат варзиданд.
Робитаҳои мустақими корӣ байни мақомоти амнияти ду кишвар густариш меёбанд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2019 ҳайати Идораи амнияти давлатии Қатар ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Рӯзҳои 17-18-уми сентябри соли 2019, Раиси Кумитаи амнияти давлатии Қатар сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод.
Ҳамчунин соли 2022, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ Моҷид ал-Қаҳтониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои гуногун, бахусус дар соҳаи амният, баррасӣ шуд. Президенти Тоҷикистон аз сатҳи устувори муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қатар ҳамеша ба арзишҳои фарҳангӣ ва тадбирҳои амниятии Тоҷикистон эҳтиром мегузорад ва ҳамчун шарики боэътимод дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Мақомоти амниятии ду кишвар ҳамкориҳои худро тавассути роҳҳои дипломатӣ идома медиҳанд.
Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди робитаҳо ва иродаи роҳбарони сиёсӣ, айни замон ҳамкориҳо дар бахшҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ бештар хоҳанд шуд. Тамосҳои мунтазам, эътимоди мутақобил ва мавқеи ягонаи Тоҷикистону Қатар нисбат ба масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҳамкориҳои ду кишвар ба сатҳи баланди робитаҳои сиёсӣ расида аст. Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дар таъмини суботу амнияти минтақа ва рушду тавсеаи муносибатҳои ҳарду давлат хоҳад дошт.
Ҳамин тариқ, дар 35 соли истиқлолият, Тоҷикистон, зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои барҷастаро бо Қатар ба роҳ монд. Нақши Пешвои миллат дар рушду тавсеаи робитаҳои дуҷониба, хусусан дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ хеле муҳим аст.
Дар маҷмуъ, Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии ташаккул ва рушди сиёсати мустақили дохиливу хориҷӣ гардид. Дар ин раванд, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ буда, сиёсати хориҷии мутавозин ва гуногунсамтаро роҳандозӣ намуда, бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Давлати Қатар, ҳамкориҳои устувор ва судмандро ба роҳ монд. Муносибатҳои Тоҷикистону Қатар дар солҳои истиқлолият ба сатҳи нав баромада, соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва сармоягузорӣ то фарҳанг ва амниятро фаро гирифтаанд. Амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, густариши робитаҳои сиёсӣ ва иштироки фаъол дар ташаббусҳои байналмилалӣ далели равшани ин ҳамкориҳост.
Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои ду кишвар намунаи муваффақи шарикии байналмилалӣ буда, ба таҳкими суботи минтақавӣ, рушди иқтисодӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар оянда низ идомаи чунин ҳамкориҳо метавонад барои ҳар ду кишвар манфиатҳои назаррас ва таҳкими устувори шарикии минтақаҳоро таъмин намояд.
ОДИНАЕВ Абдуҳалим,
ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
МАҲМАДИЕВ Ғолиб,
ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ