Оғози асри XXI бо тағйироти босуръат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тавсиф мешавад, ки ҳамзамон бо пайдоиши таҳдиду чолишҳои нави ҷаҳонӣ ҳамроҳ гардида, ба амнияти давлатҳо, рушди устувор ва некӯаҳволии башарият таъсири бевосита мерасонанд. Сарфи назар аз пешрафти назарраси илму техника, рушди зеҳни сунъӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоно бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки манфиатҳои қариб ҳамаи давлатҳоро фаро мегиранд.
Муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, таҳдидҳои киберӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши равандҳои муҳоҷират, буҳронҳои башардӯстона, инчунин коҳиш ёфтани сатҳи эътимод миёни давлатҳо барои таъмини суботи ҷаҳонӣ ва рушди устувор монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд. Ин равандҳо нишон медиҳанд, ки масъалаҳои ҳифзи сулҳ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ имрӯз аҳаммияти хосса касб намуда, ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Дар шароити имрӯза мафҳуми сулҳ дигар танҳо ҳамчун набудани муқовимати мусаллаҳона арзёбӣ намегардад. Сулҳ маҷмӯи мураккаби муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона мебошад, ки бар пояи эҳтироми мутақобила, эътимод, ҳамкории баробарҳуқуқ ва масъулияти давлатҳо дар назди насли имрӯз ва оянда бунёд ёфтааст. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги сулҳ ба яке аз вазифаҳои калидии сиёсати байналмилалии асри XXI мубаддал гардидааст.
Дар чунин шароит ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036», ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона дастгирӣ гардид, аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати пайгиронаи сулҳҷӯёнаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба рушди муколамаи созандаи байналмилалӣ, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳ ва таъмини ояндаи устувори инсоният равона гардидааст.
Бояд махсус таъкид намуд, ки эътирофи байналмилалии ин ташаббус маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста симои худро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, бо пешниҳоди ташаббусҳои созандаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими аҳаммияти ҷаҳонидошта саҳми арзишманд мегузорад. Пештар низ ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро дар самти дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор баҳои баланд дода буд. Қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда боз як далели равшани нуфузу эътибори баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ба ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчунин он хусусияти рамзӣ мебахшад, ки қатъномаи мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Барои мардуми тоҷик сулҳ танҳо мафҳуми сиёсӣ набуда, балки арзиши бузурги таърихӣ ва дастоварди муқаддасест, ки бо шарофати ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва заҳмати содиқонаи халқ ба даст омадааст. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан собит месозад, ки танҳо тавассути ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, муколамаи созанда ва ҳамкории судманд метавон рушди устувори давлат, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи шаҳрвандонро таъмин намуд.
Аз ин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бояд на танҳо ҳамчун як ташаббуси нави байналмилалӣ, балки ҳамчун даъвати умумиҷаҳонӣ ҷиҳати муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳо барои ҳифзи сулҳ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи инсонпарварӣ, эҳтироми мутақобила, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои имрӯзу оянда арзёбӣ гардад. Амалӣ гардидани ин ташаббус имкониятҳои навро барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди фарҳанги сулҳ, густариши ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва ташаккули низоми ҷаҳонии боз ҳам амнтар, одилонатар ва устувортар фароҳам хоҳад овард.
Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо роҳи бисёр мураккаб, вале аз нигоҳи таърихӣ басо муҳимми ташаккули давлатдории муосирро тай намуд. Яке аз омилҳои калидие, ки самти рушди минбаъдаи давлатро муайян сохт, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд. Маҳз ин дастоварди бузурги таърихӣ заминаи устувори таъмини суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими нуфузу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овард. Таҷрибаи нодири таърихии бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ ба Тоҷикистон имконият дод, ки сулҳро ҳамчун арзиши олӣ ва омили асосии мавҷудияти давлат, пешрафти ҷомеа ва некӯаҳволии мардум дарк намояд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ танҳо натиҷаи ҳалли ихтилофҳои дохилӣ нест, балки захираи стратегии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Дар шароити тағйироти босуръати ҷаҳони муосир таъмини рушди устувор бидуни суботи ҷомеа, эътимоди мутақобила, волоияти қонун ва ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Таҷрибаи даҳсолаҳои охир ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки маҳз фазои сулҳу оромӣ барои рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти соҳаи иҷтимоӣ, навсозии зерсохторҳо, ҷалби сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва дар маҷмӯъ баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Хусусияти фарқкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки он пайваста ба ҳалли масъалаҳое равона шудааст, ки на танҳо барои манфиатҳои миллӣ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ тавонист худро ҳамчун иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ ва давлати ташаббускор муаррифӣ намояд, ки сиёсати хориҷии он бар принсипҳои эҳтироми мутақобила, ҳамкории баробарҳуқуқ ва масъулияти муштарак дар назди башарият асос ёфтааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими дипломатияи муосири тоҷик аз он иборат аст, ки он аз қолабҳои анъанавии сиёсӣ гузашта, ба ҷустуҷӯи роҳҳои амалии ҳалли мушкилоти глобалӣ равона гардидааст. Аз ҳамин лиҳоз, аксари ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоеро фаро мегиранд, ки новобаста аз сатҳи рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ё низоми сиёсии давлатҳо онҳоро муттаҳид месозанд. Ин равиш ҳамкориҳои байналмилалиро на ҳамчун рақобати манфиатҳо, балки ҳамчун воситаи ҳамгироии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъмини рушди устувор ва ояндаи бехатари инсоният арзёбӣ менамояд.
Дар фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи об мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обро пайваста дар рӯзномаи байналмилалӣ матраҳ намуда, дар ташаккули сиёсати ҷаҳонӣ оид ба амнияти об саҳми арзишманд гузоштааст. Даҳсолаҳои байналмилалӣ ва конфронсҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ба муттаҳид намудани талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои муассири таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва идоракунии самараноки захираҳои об мусоидат намуданд.
Самти дигари муҳими фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо мебошад. Барои кишваре, ки дорои захираҳои бузурги оби ширин буда, дар минтақаи ба таъсири тағйирёбии иқлим ҳассос ҷойгир аст, ҳифзи пиряхҳо аҳаммияти на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Бо шарофати сиёсати фаъоли хориҷӣ ва фаъолияти пурсамари дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи байналмилалии экологӣ табдил ёфта, аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирии васеъ пайдо намуд.
Самти дигари муҳими сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаи он дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷонибдори муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хавфҳои экологӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Ҳамзамон, масъалаҳои экологӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамчун мушкилоти ҷудогона, балки дар иртиботи ногусастанӣ бо масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ баррасӣ мегарданд.
Таҳлили раванди ташаккул ва рушди фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар пайдарҳам ва мантиқан такмил ёфтаанд. Агар дар марҳилаҳои аввал ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон асосан ба масъалаҳои захираҳои об, амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист равона гардида бошанд, минбаъд муҳтавои онҳо доираи хеле васеи масъалаҳои дорои аҳаммияти ҷаҳониро фаро гирифт. Ҳамаи ин ташаббусҳо бо як ҳадафи умумӣ — таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ба хотири таъмини рушди устувор ва ояндаи амну осоиштаи инсоният муттаҳид гардидаанд.
Маҳз дар ҳамин замина бояд ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» арзёбӣ карда шавад. Пайдоиши ин ташаббус тасодуфӣ ё натиҷаи вазъияти муваққатии сиёсӣ нест. Баръакс, он идомаи мантиқии сиёсати дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими арзишҳои инсондӯстона, рушди фарҳанги муколамаи байналмилалӣ ва таҳкими нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун минбари универсалии дарёфти роҳҳалҳои дастаҷамъонаи масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир мебошад.
Хусусияти консептуалии ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки он қариб ҳамаи самтҳои асосии сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ пайгирона пешбарӣ гардидаанд, дар доираи як ҳадафи умумӣ муттаҳид менамояд. Дар ин замина сулҳ ҳамчун шарти асосии ҳалли самараноки масъалаҳои экологӣ, ҳифзи захираҳои об, муқовимат ба тағйирёбии иқлим, рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти илму технология ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда арзёбӣ мегардад.
Аз ин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои ояндаро метавон ҳамчун марҳилаи нави ташаккули фарҳанги ҷаҳонии масъулият арзёбӣ намуд. Ин фарҳанг бар он асос меёбад, ки амният, рушд ва некӯаҳволии башарият унсурҳои ҷудонопазир ва ба ҳам вобастаи як низоми ягонаи ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд. Маҳз чунин ҷаҳонбинӣ метавонад барои таҳкими эътимоди байни давлатҳо, густариши ҳамкориҳои созанда ва бунёди ҷомеаи ҷаҳонии осоиштаву устувор заминаи боэътимод фароҳам оварад.
Ҳамин тариқ, сиёсати хориҷии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз низоми пайгирона ва мукаммали ташаббусҳои дарозмуддати байналмилалиро ташкил медиҳад, ки онҳоро ҳадафи ягонаи стратегӣ — таҳкими сулҳ, таъмини рушди устувор ва густариши шарикии байналмилалӣ ба ҳам мепайвандад. Маҳз ҳамин пайдарпайӣ ва идомаи мантиқии сиёсати хориҷии кишвар имконият медиҳад, ки дар бораи ташаккули модели хоси дипломатияи тоҷик сухан ронем. Ин модел ба пешбурди арзишҳои умумибашарӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёфтааст.
Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври равшан собит месозад, ки дастёбӣ ба сулҳу субот омили ҳалкунанда дар ҳифзи давлатдорӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар гардид. Дар ин раванд фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳварӣ ва сарнавиштсозро ишғол менамояд. Иродаи қавии сиёсӣ, дурандешӣ ва сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар барқарор намудани суботи сиёсиву ҷамъиятӣ, таҳкими давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши таърихӣ гузошт.
Солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бисёр ҳассос ва пур аз озмоишҳои вазнин ба ҳисоб мерафтанд. Дар он шароити мураккаби таърихӣ хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ воқеан вуҷуд дошт. Аз ин рӯ, вазифаи аввалиндараҷа ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, хотима бахшидан ба муқовимати мусаллаҳона ва фароҳам сохтани шароит барои бозгашти ҷомеа ба ҳаёти осоиштаву созанда буд. Маҳз ҳалли муваффақонаи ҳамин вазифаҳои сарнавиштсоз роҳи рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд.
Сиёсати пайгиронаи Сарвари давлат танҳо ба хотима бахшидани низои дохилӣ маҳдуд нагардид. Ҳадафи асосии он ташаккули ваҳдати пойдори миллӣ, таҳкими ризоияти ҷомеа ва бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ буд, ки бар пояи волоияти қонун, эҳтироми мутақобила, масъулияти шаҳрвандӣ ва ваҳдати миллӣ асос ёфтааст. Маҳз чунин сиёсати хирадмандона имконият фароҳам овард, ки суботи сиёсӣ таъмин гардида, фаъолияти босамари ниҳодҳои давлатӣ барқарор ва барои татбиқи ислоҳоти васеи иҷтимоию иқтисодӣ заминаи устувор муҳайё карда шавад.
Аҳаммияти таърихии сулҳи тоҷикон пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки сулҳ на ҳамчун ҳадафи ниҳоии сиёсати давлатӣ, балки ҳамчун пояи устувори рушди минбаъдаи давлат интихоб гардид. Маҳз ба шарофати суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист низоми конститутсионии худро таҳким бахшида, идоракунии давлатиро такмил диҳад, иқтисоди миллиро рушд диҳад, лоиҳаҳои бузурги стратегии инфрасохториро амалӣ созад, соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва иҷтимоиро муосир гардонад ва дар натиҷа сатҳи некуаҳволии аҳолиро мунтазам баланд бардорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи рафъи паёмадҳои буҳрони дохилӣ то ташаккули модели устувори рушди давлатдорӣ роҳи пурифтихорро тай намуд. Дар ин давра сохторҳои ҳокимияти давлатӣ барқарор ва таҳким ёфтанд, фаъолияти босамари ниҳодҳои асосии давлатдорӣ таъмин гардид, барномаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ татбиқ шуданд, ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ густариш пайдо карданд, инчунин ҳаҷми сохтмони иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт ва энергетика ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ҳамаи ин дигаргуниҳои бунёдӣ маҳз дар шароити сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пайгиронаи таҳкими давлатдории мустақил амалӣ гардиданд.
Дар баробари дигаргуниҳои дохилӣ, нуфуз ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста таҳким ёфт. Агар дар солҳои аввали истиқлолият тамоми неру ва имкониятҳои давлат асосан ба таъмини суботи дохилӣ равона гардида буданд, пас дар марҳилаҳои баъдӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчии фаъоли ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфта, сипас ҳамчун яке аз давлатҳои ташаббускор дар пешниҳоди роҳҳалҳои созандаи масъалаҳои рушди ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Дар ин раванд стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар принсипҳои муколамаи сулҳомез, эҳтироми мутақобила, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои бисёрҷониба асос ёфтааст, нақши калидӣ бозид. Ба шарофати фаъолияти пайгирона ва самарабахши дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мақоми худро ҳамчун давлати ташаббускор ва эътимодбахши ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор намояд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид пуштибонии васеъ пайдо намуда, нуфузу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшиданд.
Идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» мебошад. Ин ташаббуси муҳим таҷассумгари таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳ, амалияи муваффақонаи пешбурди ташаббусҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва иродаи қавии кишвар ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ташаккули низоми ҷаҳонии боз ҳам амн, одилона ва устувор мебошад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ арзёбӣ мешавад. Аз нигоҳи Пешвои миллат, сулҳ на танҳо омили асосии рушди дохилии давлат, балки заминаи муҳимми густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими эътимоди байни давлатҳо ва таъмини амнияту суботи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб масъалаҳои таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, эътимоди мутақобила ва масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда дар суханрониҳо, паёмҳо ва барномаҳои стратегии Сарвари давлат ҳамеша ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Мо вазифадорем сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳамчун бузургтарин дастоварди миллат ҳифз намоем.»
Ҳамзамон, муроҷиатҳои Пешвои миллат ба ҷавонон аҳаммияти махсуси тарбиявӣ доранд, зеро маҳз ҷавонон ҳамчун идомадиҳандагони асосии сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ арзёбӣ мегарданд. Дар яке аз суханрониҳои барномавии худ Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд сулҳу субот, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллиро ҳамчун арзишҳои муқаддаси давлатӣ ҳифз намуда, бо донишу маърифат, меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои ободии Ватан ва бунёди ояндаи дурахшони мамлакат саҳмгузор бошанд.
Аз ин рӯ, ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» натиҷаи мантиқии сиёсати чандинсолаи давлат мебошад, ки бар дарки сулҳ ҳамчун арзиши олӣ ва омили асосии рушди ҷомеа асос ёфтааст. Аҳаммияти ин ташаббус на танҳо дар густариши рӯзномаи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, балки дар муаррифии таҷрибаи нодири таърихии Тоҷикистон низ зоҳир мегардад. Ин таҷриба ба таври возеҳ исбот намудааст, ки сулҳи пойдор метавонад асоси боэътимоди давлатсозӣ, рушди устувор ва густариши ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ гардад.
Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036» марҳилаи нави рушди рӯзномаи байналмилалии муосирро оғоз менамояд. Аҳаммияти ин ташаббус аз доираи эълон гардидани як даҳсолаи нав хеле фаротар буда, моҳияти он дар ташаккули консепсияи дарозмуддати фарҳанги ҷаҳонии сулҳ ифода меёбад. Ин консепсия бар принсипҳои эҳтироми мутақобила, масъулияти муштарак, ҳамкории баробарҳуқуқи давлатҳо ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёфтааст.
Имрӯз таҳдидҳои ҷаҳонӣ хусусияти фарогир касб намуда, дигар ба ҳудуди давлатҳои алоҳида маҳдуд намегарданд. Низоъҳои мусаллаҳона, терроризми байналмилалӣ, экстремизм, буҳронҳои экологӣ, камбуди захираҳои табиӣ, таҳдидҳои киберӣ ва мушкилоти башардӯстона ба амният ва суботи тамоми инсоният таъсири мустақим мерасонанд. Дар чунин шароит ҳифзи сулҳ ба вазифаи умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.
Яке аз хусусиятҳои асосии Даҳсолаи байналмилалӣ хусусияти пешгирикунандаи он мебошад. Агар аксари механизмҳои анъанавии байналмилалӣ бештар ба ҳалли низоъҳои аллакай баамаломада равона шуда бошанд, пас ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба пешгирии омилҳое ҷалб менамояд, ки метавонанд боиси пайдоиши буҳронҳои нав гарданд. Сухан пеш аз ҳама дар бораи таҳкими фазои эътимод, рушди фарҳанги муколама, эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои башардӯстона ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо меравад.
Яке аз унсурҳои муҳими ин консепсия тарбияи фарҳанги сулҳ мебошад. Сулҳи пойдорро танҳо тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ё имзои созишномаҳои байналмилалӣ таъмин намудан ғайриимкон аст. Устувории он аз сатҳи маърифати ҷомеа, омодагии шаҳрвандон ба ҳамкорӣ, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, таҳаммулпазирӣ, масъулияти мутақобила ва рад намудани ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ вобастагӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки фаъолияти соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тарбия бояд ҷузъи ҷудонашавандаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда гардад.
Ҷузъи муҳими дигари ин консепсия таҳкими эътимоди байни давлатҳо мебошад. Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ собит намудааст, ки рушди устувор бидуни муколамаи созанда, мубодилаи озоду ошкорои таҷриба ва ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои ҳалли масъалаҳои глобалӣ имконнопазир аст. Даҳсолаи байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои башардӯстона, таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои нави мусоид фароҳам оварда, ба таҳкими фазои эҳтироми мутақобила, эътимод ва шарикии судманд байни давлатҳо мусоидат менамояд.
Консепсияи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда бо татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 иртиботи зич дорад. Зеро ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор бидуни таъмини сулҳ, амният, суботи иҷтимоӣ ва ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ ғайриимкон мебошад. Дар навбати худ, сулҳи пойдор барои рушди иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фаъолияти инноватсионӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ин рӯ, Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои ояндаро бояд ҳамчун фалсафаи нави ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд, ки дар меҳвари он инсон, амният, шаъну шараф, ҳуқуқ ба зиндагии осоишта ва масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда қарор доранд. Маҳз чунин равиш метавонад талошҳои давлатҳоро барои ҳифзи сулҳ, таҳкими амният ва таъмини рушди устувори тамаддуни ҷаҳонӣ муттаҳид намояд.
Таърихи башарият борҳо собит намудааст, ки сулҳро набояд ҳамчун ҳолати доимӣ ва тағйирнопазири ҷомеа арзёбӣ кард. Сулҳ неъмати бузургест, ки ҳифзи он саъю кӯшиши пайваста, меҳнати созанда, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва омодагии ҳар як наслро барои нигоҳдорӣ ва таҳкими дастовардҳои бадастомада тақозо менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда нақши ҷавонон ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбия ва камолоти насли наврасу ҷавон ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавонон на танҳо неруи пешбарандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошанд, балки ҳомилони асосии арзишҳои маънавию ахлоқӣ, анъанаҳои миллӣ ва хотираи таърихии миллат низ маҳсуб меёбанд. Маҳз аз сатҳи дониш, маърифати сиёсӣ, камолоти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон вобастагии мустақим дорад.
Аҳаммияти махсусро ҳифзи хотираи таърихӣ оид ба арзиши сулҳ дорад. Насли ҷавон бояд амиқ дарк намояд, ки рушди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати барқарор гардидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа имконпазир гардидааст. Дарки дурусти ин таҷрибаи нодири таърихӣ эҳтиромро нисбат ба таърихи миллат тақвият бахшида, ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватанро дар вуҷуди ҷавонон ташаккул медиҳад ва онҳоро барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ раҳнамоӣ месозад.
Яке аз вазифаҳои муҳими низоми муосири маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон тарбияи шахсияти ҳаматарафа рушдёфта мебошад, ки дониш ва маҳорати баланди касбиро бо масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пайваста тавонад. Дар баробари ин, дар ниҳоди ҷавонон бояд муносибати оштинопазир нисбат ба экстремизм, терроризм, зӯроварӣ, ифротгароӣ, бадбинии байни миллатҳо ва адовати мазҳабӣ ташаккул дода шуда, фарҳанги муколама, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамзистии осоишта ҳамаҷониба густариш ёбад.
Ин вазифаҳо дар шароити рушди босуръати фазои иттилоотӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунанд. Имрӯз ҷавонон ҳамарӯза бо ҳаҷми бузурги иттилоот рӯ ба рӯ мегарданд, ки дар баробари имкониятҳои мусбат, инчунин шаклҳои гуногуни маълумоти бардурӯғ, таъсиррасонии идеологӣ, таблиғи ақидаҳои ифротӣ ва таҳдидҳои иттилоотиро низ дар бар мегирад. Аз ин рӯ, ташаккули тафаккури интиқодӣ, фарҳанги истифодаи иттилоот, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва арзишҳои устувори ахлоқӣ яке аз шартҳои муҳими таҳкими суботи ҷомеа ва таъмини амнияти миллӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз насли ҷавон иштирокчии асосии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036 хоҳад буд. Аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ, ташаббускорӣ, фарҳанги сиёсӣ ва омодагии ҷавонон ба ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқи муваффақонаи арзишҳои сулҳ, эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор, ки асоси ин ташаббуси ҷаҳониро ташкил медиҳанд, вобастагии мустақим дорад.
Эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036 рӯйдоди муҳими таърихии аҳаммияти байналмилалӣ буда, аз эътирофи нақши созанда ва масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи муосири ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Қатъномаи қабулнамудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ифодаи иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳои давлатҳо барои ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани ояндаи шоиста барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.
Сиёсати пайгирона ва сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар принсипҳои ҳамзистии осоишта, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтааст, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътирофи васеъ пайдо намудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими сулҳ аз хусусияти низомманд ва дарозмуддати сиёсати хориҷии давлат шаҳодат дода, ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир равона гардидаанд.
Дар ташаккул ва пешбурди ин сиёсати созанда нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва сарнавиштсоз мебошад. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо тавонист сулҳу суботро барқарор намуда, давлатдориро таҳким бахшад ва заминаҳои рушди устуворро фароҳам оварад, балки ба яке аз давлатҳои ташаббускори ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт, ки пешниҳодҳои он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста ҷонибдорӣ меёбанд.
Ҳамзамон, аҳаммияти Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ аз доираи як ташаббуси дипломатӣ хеле фаротар меравад. Он ҷаҳонбинии нави муносибатҳои байналмилалиро ташаккул медиҳад, ки дар он сулҳ ҳамчун пояи асосии рушди устувор, пешрафти ҷомеа ва некӯаҳволии башарият арзёбӣ мегардад. Дар чунин фаҳмиш сулҳ на танҳо ҳадафи сиёсӣ, балки арзиши бузурги маънавӣ ва ахлоқие мебошад, ки давлатҳо, халқҳо ва наслҳоро муттаҳид месозад.
Дар ин замина, масъулияти махсус ба зиммаи ҷавонон вогузор мегардад, зеро маҳз онҳо бояд дастовардҳои имрӯзаро ҳифз намуда, онҳоро барои наслҳои оянда тақвият бахшанд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърихи миллат, рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ яке аз шартҳои муҳимтарини татбиқи бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда мебошад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки сулҳе, ки бар пояи ваҳдати миллӣ, эҳтироми мутақобила ва меҳнати созанда бунёд гардидааст, метавонад асоси мустаҳками рушди дохилии давлат ва ҳамзамон саҳми арзишманд дар таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ бошад. Аз ҳамин лиҳоз, ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои воқеиро дорост, ки на танҳо ба марҳилаи нави рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёбад, балки ҳамчун роҳнамои ташаккули фарҳанги ҷаҳонии сулҳ, эътимод, ҳамбастагӣ ва масъулияти муштарак дар назди наслҳои оянда хизмат намояд.
АЗИМОВ Хусрав
ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ