×

БӮҲРОНИ НИЗОМИ ЛИБЕРАЛИИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗ ВА ДАРЁФТИ ЗАМИНАҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бозгашт ба мавод

БӮҲРОНИ НИЗОМИ ЛИБЕРАЛИИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗ ВА ДАРЁФТИ ЗАМИНАҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 26-08-2026 ш.Душанбе
БӮҲРОНИ НИЗОМИ ЛИБЕРАЛИИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗ ВА ДАРЁФТИ ЗАМИНАҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Низоми муносибатҳои байналмилалии муосир дар нимаи даҳсолаи дуюми асри XXI ба марҳилаи тектоникии таҳаввулоти сохторӣ ворид гардид. Назми ҷаҳонии либералӣ, ки пас аз анҷоми Ҷанги сард зери ҳегемонияи якқутбаи ШМА шакл гирифта буд, имрӯз буҳрони амиқи институтсионалиро аз сар гузаронида истодааст. Равандҳои геополитикии солҳои охир собит намуданд, ки ҷаҳони муосир комилан вориди фазои бисёрқутба (multipolarity) шудааст, ки дар он догмаҳои кӯҳнаи идеологӣ ҷойгоҳ ва мақоми худро ба прагматизм, реализми сиёсӣ ва «дипломатияи додугирифтҳо» (транзаксионизм) гузашт кардаанд.

Дар асари буҳрони мазкур сохторҳои анъанавии таъмини амнияти ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Байналмилалии Тиҷорат (СБТ) дучори фалаҷшавии сиёсӣ гаштаанд ва дигар наметавонанд ба таври муассир ба пешгирии низоъҳои глобалӣ мусоидат намоянд. Масалан, дар асари фалаҷшавии СММ, вақте дар ягон гӯшаи ҷаҳон (дар Шарқи Наздик, Украина ё дигар минтақаҳои низоъ) ҷанг сар мезанад, Шӯрои Амният дигар наметавонад як қарори умумӣ ва ҳатмӣ қабул кунад, чунки абарқудратҳо қарорҳои якдигарро бо ҳуқуқи вето бекор (блок) мекунанд. Дар натиҷа СММ ба як корпояи баҳсҳои лафзӣ табдил ёфтааст, на созмоне, ки қудрати боз доштани ҷангро дошта бошад. Мисоли дигар ҳолати имрӯзаи САҲА мебошад. Ин созмони бонуфӯз дар вақташ барои таъмини амният дар Аврупо ва фазои пасошӯравӣ (аз ҷумла, Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон) нақши муҳим дошт. Имрӯз ин созмон низ фалаҷ гардидааст: аз сабаби зиддиятҳои шадиди геополитикии байни кишварҳои Ғарб (ШМА ва Аврупо) ва Россия дар дохили САҲА ягон ризоияти умумӣ (консенсус) мавҷуд нест. Созмони мазкур ҳатто наметавонад буҷети солонаи худро сари вақт тасдиқ кунад ё раиси худро интихоб намояд, Мутаассифона, чунин ҳолат нишонаи буҳрони амиқи институтсионалии САҲА ба шумор меравад.

Кишварҳои абарқудрат (махсусан ШМА ва Чин) ба ҷои тиҷорати озод ба «ҷангҳои тарифӣ ва тиҷоратӣ» (trade wars) гузаштаанд. Истифодаи оммавии санксияҳои иқтисодии яктарафа берун аз доираи СММ, масалан,  қоидаҳои Созмони байналмилалии тиҷорат (СБТ)-ро комилан аз байн бурдааст. Механизми ҳалли муноқишаҳои тиҷоратии СБТ (Dispute Settlement Body) аз сабаби бекор кардани таъйиноти судяҳо аз ҷониби Вашингтон амалан кор намекунад. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷаҳон аз низоми «глобализми ҳуқуқӣ» (ки дар он созмонҳо ва қонунҳои байналмилалӣ ҳукмрон буданд) ба низоми «реализми геополитикӣ» ё анархияи байналмилалӣ гузашта истодааст. Акнун созмонҳо не, балки қудрати ҳарбӣ ва иқтисодии худи давлатҳо (абарқудратҳо) тақдири сиёсати ҷаҳониро ҳал мекунанд. Қоидаҳои умумиҷаҳонӣ, ки ба низоми муайяни ҳуқуқӣ асос ёфта будандл, ҷои худро ба «ҳуқуқи зӯр» дода истодаанд.

Дар ин замина зуҳури падидаи нодири Ҷануби Глобалӣ (Global South) ҳамчун муоҳидаи нави давлатҳои соҳиби фарҳанг ва тамаддуни ғанӣ (сивилизатсионизм), ки хостори адолати иқтисодӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрии фарҳангӣ мебошанд, устухонбандии муносибатҳои байналмилалии замони муосирро ба куллӣ дигаргун сохт. Кишварҳои Ҷануби Глобалӣ (мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ) дигар намехоҳанд зери диктаи сиёсиву фарҳангии Ғарб бошанд. Онҳо талаб мекунанд, ки соҳибихтиёрии фарҳангии онҳо эътироф карда шавад. Ҳифзи арзишҳои суннатӣ (анъанавӣ) барои ин давлатҳо як навъ сипар ва муттако дар баробари «империализми фарҳангӣ»-и Ғарб ва ҷаҳонишавии якранг (вестернизация) ба шумор меравад. Асли гап ин аст, ки имрӯз ғояи маъруфи “универсализми Ғарб” ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ шудааст. Марказҳои нави қудрат ошкоро изҳор медоранд, ки тафсири ғарбии демократия умумибашарӣ (универсалӣ) нест, балки он танҳо маҳсули таърихиву фарҳангии худи Аврупо ва Америкаи Шимолӣ мебошад. Кӯшишҳои маҷбуран «содир» кардани ин модел ба дигар минтақаҳо (масалан, ба Ироқ, Либия, Афғонистон) танҳо боиси харобиву бесуботӣ гардидааст. Ба ҷои универсализми ғарбӣ имрӯз консепсияи «фарҳанггароӣ» (сивилизатсионизм) ба миён омадааст. Мувофиқи ин назария, ҷаҳони муосир на аз рӯи қоидаҳои якранги умумӣ, балки аз рӯи ҳамкориву рақобати чандин тамаддунҳои бузургу мустақил (сивилизатсияҳо) шакл мегирад. Дар ин замина, истилоҳи нави сиёсии «давлат-сивилизатсия» (State-civilization) мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар партави чунин сиёсат кишварҳое мисли Чин ва Россия худро на танҳо ҳамчун як давлати оддӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон, балки ҳамчун як тамаддуни алоҳида, дорои таърих, фалсафа, фарҳанг ва роҳи беназири рушди худ медонанд ва муаррифӣ менамоянд.

Низоми иқтисодии ҷаҳонӣ, ки тӯли чанд даҳсола дар асоси принсипҳои либералии бозори озод, озодии тиҷорат ва тақсимоти байналмилалии меҳнат (зери назорати СБТ) фаъолият мекард, низ имрӯз ба бӯҳрони сохторӣ (структурӣ) дучор шудааст. Гузариш ба «неомеркантилизм» маънои онро дорад, ки давлатҳо дигар ба бозори озоди ҷаҳонӣ ва созмонҳои бисёрҷониба эътимод надоранд. Ба ҷои ин, онҳо ба сиёсати ҳимояи бозори дохилии худ (протексионизм), устувор кардани иқтидори ҳарбию саноатӣ ва истифодаи иқтисод ҳамчун силоҳи геополитикӣ рӯ овардаанд. Ҳамин тариқ, буҳрони глобализатсияи иқтисодӣ ва гузариш ба неомеркантилизм нишон медиҳад, ки амнияти иқтисодии давлатҳои миёна ва хурд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар низоми нави ҷаҳонӣ на ба бозори озод, балки ба диверсификатсияи занҷираҳои логистикӣ, устувории иқтидори истеҳсолии дохилӣ ва шарикии стратегии дуҷониба вобастагии пайваста дорад.

Табиист, ки равандҳои тозаи умумиҷаҳонии мазкур барои Тоҷикистон низ комилан хос ва муҳим аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар даврони Истиқлолият маҳз ҳамин роҳро пеш гирифт — роҳи устувор кардан ва тақвияти бештари ҳувияти милливу таърихӣ, эҳёи ҷашнҳои суннатӣ (Наврӯз, Меҳргон, Сада) ва арзишҳои тамаддуни ариёӣ. Ба ҳамин тариқ Тоҷикистон нишон дод, ки модели сулҳ, сохтори давлатдорӣ ва стратегияи рушди худро (аз ҷумла дар соҳаи дипломатияи об) дар асоси манфиатҳои миллӣ ва фарҳанги қадимаи худ месозад, на аз рӯи дастурҳои беруна.

Дар ин замина саволи матраҳ ин аст, ки ҷаҳони пасолибералӣ дар кадом заминаҳо метавонад ҳамкорӣ кунад? Аз назари мо, назми нави ҷаҳонӣ бояд на дар атрофи як марказ (Вашингтон ё Брюссел), балки дар асоси эҳтироми мутақобилаи моделҳои сиёсии созмонҳои минтақавӣ (БРИКС, ШОС) шакл гирад. Ҳамкории байналмилалӣ бояд на дар асоси «содироти демократия», балки дар заминаи лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодию логистикӣ (масалан, долонҳои нави нақлиётии Осиёи Марказӣ) пеш бурда шавад. Корпояҳои нав дар баробари чолишҳои глобалӣ мавриди истифода қарор гиранд: Экология, тағйирёбии иқлим ва амнияти об (масалан, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун намунаи заминаи нави ҳамкории фароинтихобӣ), С5+1 ва ғайра.

Хулоса, буҳрони назми либералӣ маънои поёни ҳамкориҳои байналмилалиро надорад, балки гузаришро ба марҳилаи прагматикӣ ва бисёрқутбӣ заминагузорӣ мекунад. Низоми ояндаи ҷаҳонӣ на дар асоси догмаҳои идеологӣ, балки дар заминаи эътирофи гуногунии фарҳангу тамаддунҳо, мувозинати геоиқтисодӣ ва ҳалли муштараки чолишҳои глобалӣ, ба монанди амнияти экологӣ ва энергетикӣ устувор хоҳад монд. Дар ин замина мақом ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамчун як «мушоҳидакори пассив», балки ҳамчун як актори фаъол, прагматик ва соҳибсубъект дар низоми нави ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки асоси онро консепсияи созандаи Пешвои миллат — «Сиёсати дарҳои боз» ташкил медиҳад, ба ин марҳилаи прагматикиву бисёрқутбӣ комилан мувофиқат мекунад.

КАРИМОВ Шамсиддин,

сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои сиёсӣ