Дониш ҳамчун неруи тавоно ва сулҳ ҳамчун шароити асосии зиндагии оромона пояҳои муҳимтарини рушди давлат ва миллати тоҷик маҳсуб мешаванд. Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мегардад, ки ин на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки ибтидои маънавии як марҳилаи нав дар ҳаёти наврасон ва ҷавонони мамлакат мебошад.
Илму дониш ҳамчун сарчашмаи асосии пешрафти ҳамаи соҳаҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ, ташаккули шаклҳои самараноки идоракунии давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аз сатҳи рушди иқтидори инсонӣ вобаста мебошанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо илм ва маориф аз ҷониби давлат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим арзёбӣ карда мешаванд.
Дарси сулҳ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии сулҳҷӯёна ва тарбияи инсони таҳаммулгаро гузаронида мешавад. Ҳадафи он шинос намудани хонандагон бо арзишҳои сулҳ ва оромӣ, тарбия кардани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстию ҳамбастагӣ байни миллатҳо, афзун намудани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани қадри Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мебошад.
Мақсад аз таҷлили Рӯзи дониш бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу субот аст. Ин ду унсур — дониш ва маориф агар бо ҳам пайванданд, метавонанд инсон ва ҷомеаро ба сатҳи баланди тараққиёт расонанд. Миллате, ки ба дониш ва маориф арҷ мегузорад, обрӯю нуфузи ҷаҳонӣ касб намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо мекунад. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавӣ арҷ мегузоранд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи донишро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод менамоянд.
Бе сулҳ дониш вуҷуд надорад, ва бе дониш сулҳ устувор намемонад. Ин ду мафҳум бо ҳам сахт пайвастанд ва ҳамдигарро такмил медиҳанд. Таърих собит кардааст, ки танҳо ҷомеаи сулҳҷӯ ва донишпарвар ба камолоти воқеӣ мерасад. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кард. Илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар давлату миллат буда, бо раванди рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити таълим ба хонандагону донишҷӯён шароит фароҳам оварда шуда, дар тамоми гӯшаҳои мамлакат садҳо муассисаҳои илмӣ ва мактабҳо бо китобхонаҳои электронӣ ва шароити мусоид барои таҳсил таҷҳизонида шудаанд. Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба сулҳу суботи мамлакат, илму маориф ва ватани аҷдодӣ тарбия менамояд.
Омӯзиши фарҳангу маънавиёти ниёгон, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандпарастӣ, эҳтироми забон, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳои миллӣ тарбия кардани насли наврасу ҷавон амри зарурӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳаммияти Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид медоранд, ки «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар мамлакат ҷалб менамоем». Воқеан ҳам, сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдевори давлатдории миллӣ, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар фард мебошад. Дарси сулҳ — дарси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ аст.
Оғози соли нави таҳсил ибтидои марҳилаи навини омӯзиш, корбасти азму талошҳо ва дастёбӣ ба комёбиҳои наву тоза мебошад. Дарси сулҳи тоҷикон ба ибораи «Ман ба шумо сулҳ меоварам»-и Президенти Тоҷикистон рабт дорад, ки давлат ба истиқлол, ваҳдат, дӯстӣ, худшиносиву ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу суботи комил расид. Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба сулҳи пойдор даст ёфт.
Рӯзи ваҳдати миллӣ низ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу суботи комили сиёсӣ дар Тоҷикистон идомаи мантиқии Дарси сулҳ аст. Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ озодиву истиқлол, донишу маърифат, ақлу хирад, сулҳу субот дар ниҳоди миллат, асолат ва ҳувияти миллию таърихии тоҷиконро тақвият ва таҳким бахшидааст.
Муҳимтар аз ҳама, мардуми тоҷик дарк намуданд, ки мактаб, илм, дониш, хирад ва таҳсил омили асосии таъмини некуаҳолӣ ва раҳоӣ аз ҳама мушкилоту расидан ба ҳама ҳадафи судманд аст. Дар ин маврид Ибни Рушд мефармояд: «Чун дониш нест, пас дар ин олам чизе дониста намешавад. Агар чизе дониста пиндошта шавад ҳам, дар асл фақат гумон аст». Барои инсоният дар ин дунё пурқиматтар аз дониш сармояе набудаву нест. Гароиш ба ин сарвати маънавӣ фахру фар ва боиси бузургии ӯст. Аммо дониш бо амал зебандаву накӯст ва ҳар донише, ки ба амал ҳамроҳ нест, ҳеҷ аст.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик аст. Насли ояндасоз марҳилаи нави таҳсилиро бо дастоварду музаффарият давом дода, ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат дар самти таъмини рушди Ватан саҳми арзанда хоҳад гузошт. Мафҳуми дониш барои мо аз гузашта то имрӯз ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Ниёгони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Доштани донишу хирад, ақлу заковат ва боиси ифтихору шараф ва сарфарозии ҳар инсон мебошад. Маҳз тавассути илму маърифат ва хирад бузургонамон бо осори оламшумул ҷаҳонро тасхир намудаанд.
Сарвари давлат эҳтиром ба омӯзгорро эҳтиром ба ояндаи миллат медонанд: «Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст» ва мегӯянд: «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад».
Басе рамзист, ки дар фазои бошукуҳи идона ифтихор аз музаффарият, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, омодагиҳои руҳафзо ва фараҳмандӣ аз корҳои созандагию бунёдкорӣ оғоз меёбад. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб шуда, ин падидаи нек моро ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
МАҶИД Расул,
ходими пешбари илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
номзади илмҳои филологӣ