(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як марҳилаи тақвимӣ нест, балки давраи муҳими ташаккули давлатдории навин, таҳкими ваҳдати миллӣ, барқарорсозии суботи сиёсӣ ва тақвияти мавқеи кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар ин фосилаи таърихӣ Тоҷикистон аз марҳилаи бисёр мураккаби давлатсозӣ ва сулҳофарӣ гузашта, тадриҷан ба субъекти фаъол ва ташаббускори муносибатҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт. Аз ин рӯ, таҷлили 35-солагии истиқлол фурсати муносибест барои бознигарии роҳи тайшуда, таҳлили дастовардҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, арзёбии омилҳои таҳкими соҳибихтиёрӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлат дар шароити тағйирёбандаи низоми байналмилалӣ.
Соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд. Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон ин сана на танҳо аҳаммияти рамзӣ ва ҷашнӣ, балки мазмуни амиқи сиёсӣ, таърихӣ ва геополитикӣ дорад. Истиқлол, пеш аз ҳама, имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлат, ташаккули низоми сиёсию ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ба сифати субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ баромад намудани Тоҷикистонро фароҳам овард. Аз ин рӯ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи муҳим барои арзёбии таҷрибаи давлатсозӣ, дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ва муайян намудани афзалиятҳои рушди минбаъдаи кишвар мебошад.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Ин рӯйдод дар шароити ниҳоят мураккаби азнавсозии низоми байналмилалӣ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифт. Давлати навтаъсис дар баробари таъсиси ниҳодҳои соҳибихтиёри давлатӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Манбаъҳои расмӣ низ таъкид мекунанд, ки қатъ гардидани робитаҳои пешинаи иқтисодию иҷтимоӣ ва буҳрони сиёсӣ ба марҳилаи аввали истиқлол таъсири амиқ гузоштанд. Аз ин ҷиҳат, таърихи 35 соли истиқлолро метавон ҳамчун раванди мураккаби аз соҳибихтиёрии ҳуқуқӣ ба давлатдории устувор ва субъектияти воқеии байналмилалӣ гузаштан арзёбӣ кард.
Яке аз муҳимтарин озмоишҳои таърихии давлати ҷавони Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар чунин шароит барқарор намудани сулҳ на танҳо масъалаи қатъи низои мусаллаҳона, балки шарти ҳифзи давлатдории миллӣ ва тамомияти кишвар гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 марҳилаи сифатан навро дар таърихи сиёсии Тоҷикистон оғоз бахшид. Созмони Милали Муттаҳид низ ин санадро ҳамчун натиҷаи музокироти байни тоҷикон ва заминаи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ арзёбӣ менамояд.
Аз нуқтаи назари илми сиёсӣ, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аҳаммияти фаротар аз ҳалли як низои дохилӣ дорад. Он нишон дод, ки муколамаи сиёсӣ, созиш, эътимодсозӣ ва иштироки миёнаравони байналмилалӣ метавонанд барои гузариш аз низоъ ба суботи дарозмуддат замина фароҳам оваранд. Дар шароите, ки имрӯз низ низоъҳои мусаллаҳона, рақобатҳои геополитикӣ ва буҳронҳои амниятӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд, таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон метавонад ҳамчун маводи муҳим барои таҳқиқоти муқоисавии равандҳои сулҳ ва барқарорсозии пас аз низоъ мавриди омӯзиш қарор гирад.
Марҳилаи дигари муҳими даврони истиқлол ба ташаккули ниҳодҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ, рушди иқтисодӣ ва инфрасохтори миллӣ вобаста мебошад. Дар ин давра масъалаҳои таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат ба ҳадафҳои стратегии миллӣ табдил ёфтанд. Барои солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани кишвар низ ба раванди таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва диверсификатсияи иқтисодӣ пайванд дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил додааст.
Бо вуҷуди ин, арзёбии илмии 35 соли истиқлол набояд танҳо бо нишондиҳандаҳои миқдорӣ маҳдуд гардад. Марҳилаи минбаъдаи рушд тақозо менамояд, ки таваҷҷуҳ бештар ба сифати рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таъсиси ҷойҳои кории истеҳсолӣ, рушди сармояи инсонӣ, иқтисоди рақамӣ ва бахши хусусӣ равона карда шавад. Бонки Ҷаҳонӣ низ дар арзёбиҳои охирини худ дар баробари рушди баланди иқтисодӣ ба зарурати тақвияти бахши хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисод дар баробари хатарҳои беруна ва иқлимӣ ишора менамояд. Аз ин рӯ, мазмуни стратегии истиқлол дар марҳилаи муосир бо қобилияти давлат барои таъмини рушди фарогир ва устувор пайванди мустақим пайдо мекунад.
Самти дигари муҳим ташаккули субъектияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Давлати соҳибистиқлол тадриҷан низоми муносибатҳои дипломатии худро густариш дода, сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ ва «дарҳои кушода»-ро роҳандозӣ намуд. Ҳадафи чунин сиёсат ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тавсеаи ҳамкориҳо бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҷалби Тоҷикистон ба равандҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Барои кишвари дорои мавқеи муҳими геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ сиёсати мутавозин ва амалгароёна аҳаммияти махсус дорад.
Дар солҳои охир ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ низ ба марҳилаи нав ворид гардид. Ҳалли масъалаҳои тӯлонии сарҳадӣ тавассути музокирот ва имзои Эъломияи Хуҷанд аз ҷониби роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар соли 2025 намунаи муҳимми афзалият пайдо кардани дипломатия ва муколама дар ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ мебошад. Дар минбари Маҷмаи Умумии СММ низ ин пешрафт ҳамчун намунаи он зикр гардид, ки иродаи сиёсӣ, эҳтироми мутақобил ва гуфтушунид метавонанд ба таҳкими суботи минтақавӣ мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, Тоҷикистон кӯшиш кардааст мавқеи байналмилалии худро тавассути пешниҳоди рӯзномаи созанда дар масъалаҳои дорои аҳаммияти умумибашарӣ таҳким бахшад. Ташаббусҳои марбут ба об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тадриҷан ба яке аз самтҳои шинохташудаи дипломатияи Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Дар ин замина «Раванди оби Душанбе» ҳамчун платформаи муколамаи байналмилалӣ ташаккул ёфта, Тоҷикистон масъалаҳои обу иқлимро бо амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва рушди устувор пайванд медиҳад. Ин равандро метавон зуҳури истифодаи дипломатияи мавзӯӣ ва нерӯи нарм дар сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар остонаи 35-солагии истиқлол қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» гардид. Ин ташаббуси Тоҷикистон 25 июни соли 2026 дар Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд. Аз нигоҳи муносибатҳои байналмилалӣ, чунин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон талош дорад таҷрибаи миллии сулҳофариро ба унсури рӯзномаи байналмилалии худ табдил дода, дар ташаккули меъёрҳо ва афзалиятҳои нави ҳамкории бисёрҷониба саҳм гузорад.
Ҳамин тариқ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон на танҳо ҳамчун ҷамъбасти марҳилаи муайяни таърихӣ, балки ҳамчун марҳилаи гузариш ба сатҳи нави давлатдорӣ ва рушди миллӣ арзёбӣ намуд. Агар дар солҳои аввали истиқлол вазифаҳои асосӣ ҳифзи давлат, барқарор намудани сулҳ ва ташкили ниҳодҳои соҳибихтиёр буданд, имрӯз масъалаҳои рақобатпазирии иқтисодӣ, технология, сармояи инсонӣ, амнияти экологӣ, устуворӣ дар баробари таҳдидҳои фаромиллӣ ва тақвияти мавқеи кишвар дар низоми байналмилалӣ аҳаммияти бештар пайдо кардаанд.
Аз ин рӯ, арзиши воқеии истиқлол танҳо дар худи соҳибихтиёрӣ ифода намеёбад. Он пеш аз ҳама дар қобилияти давлат барои мустақилона ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, фароҳам овардани шароити рушди инсон ва саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ таҷассум меёбад. Таҷрибаи 35 соли Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истиқлол равандест пайваста ва масъулиятнок. Мустаҳкам намудани дастовардҳои он ба рушди институтҳои муассир, дониш ва навоварӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа, сиёсати хориҷии мутавозину санҷида ва иштироки фаъолонаи кишвар дар ташаккули низоми одилона ва босуботи муносибатҳои байналмилалӣ вобаста хоҳад буд.
ЮСУФҶОНОВ Фаридун Муҳаммадиевич,
ходими калони илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
номзади илмҳои сиёсӣ