Дар шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҷаҳон тадриҷан аз низоми якқутбӣ ба низоми бисёрқутбӣ гузариш намуда истодааст. Дар чунин вазъият давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон барои таҳкими мавқеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва геостратегии худ кӯшиш менамоянд. Ҷопон ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар ташаккули низоми нави байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.
Бояд қайд намуд, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҷопон тавонист бо такя ба рушди иқтисодӣ, технологияҳои муосир ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ба яке аз қудратҳои иқтисодии ҷаҳон табдил ёбад. Имрӯз ин кишвар дар баробари давлатҳои абарқудрат дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, таъмини амнияти байналмилалӣ, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ иштироки фаъолона дорад.
Дар ҷаҳони бисёрқутбӣ рақобати давлатҳои бузург барои нуфуз дар минтақаҳои гуногун афзоиш ёфта, масъалаҳои амният, энергетика, технология ва иқтисод аҳамияти бештар касб намудаанд. Дар чунин шароит Ҷопон сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафта ва таҳкими суботу амният дар минтақа амалӣ менамояд.
Хусусияти муҳими сиёсати хориҷии Ҷопон ҳамеша «дипломатияи иқтисодӣ» ба ҳисоб мерафт. Моҳияти он дар афзалият додан ба манфиатҳои иқтисодӣ ва нисбатан кам будани вобастагӣ ба омилҳои идеологӣ дар сиёсати хориҷӣ ифода меёбад. Аз масъалаҳои муҳими геосиёсии Ҷопон дар минтақа баҳси ҳудудӣ бо Чин оид ба Ҷазираҳои Сенкаку, инчунин таҳдиди ҳастаӣ ва мушакии Кореаи Шимолӣ ба шумор меравад.
Инчунин, Ҷопон кишварест, ки бо «муъҷизаи иқтисодӣ» ва модели хоси рушди худ ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Моҳияти модели японии менеҷмент дар он ифода меёбад, ки он хусусиятҳои низоми идоракунии амрикоӣ ва анъанаҳои миллии япониро бо ҳам мутобиқ намудааст. Чунин ҳамоҳангӣ дар натиҷаи равандҳои таърихӣ, аз ҷумла ҷанг, харобиҳои баъдиҷангӣ, ишғоли амрикоӣ ва мубориза бо камбизоатӣ ба вуҷуд омадааст.
Бо назардошти ин, омӯзиши мавзӯи мазкур аҳамияти муҳим ва мубрам дорад, зеро он раванди ташаккули ҳамкориҳои давлатҳоро дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, махсусан дар мисоли муносибатҳои Ҷопон ва Чин, инъикос намуда, нақши рӯзафзуни минтақаро дар низоми байналмилалӣ нишон медиҳад.
Дар солҳои 60–70-уми асри ХХ барномаи сиёсати хориҷии Ҷопон ҳадафи таҳкими мавқеи кишварро дар рақобат бо давлатҳои дигари сармоядорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши иқтисоди миллӣ ва фаъолияти ширкатҳои бузурги японӣ тавассути истифодаи имкониятҳои давлатӣ пайгирӣ менамуд.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо дипломатияи японӣ аз усулу воситаҳои гуногун истифода мебурд. Дар ин раванд нақши асосиро имкониятҳои иқтисодӣ мебозиданд. Бо истифода аз чунин имкониятҳо маблағҳои зиёд барои баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ ва муаррифии тарзи ҳаёт ва модели рушди японӣ ҷудо карда мешуданд.
Ҷопон ҳамчун кишвари мутарраққӣ ва динамикӣ дар нимаи дуюми асри ХХ тавонист маҷмӯи маҳсулоти дохилии худро ба ҳар сари аҳолӣ солона ба ҳисоби миёна тақрибан 8% афзоиш диҳад. Хусусияти асосии иқтисодиёти японӣ дар рушди афзалиятноки соҳаҳои илму технологияҳои баланд ифода меёбад. Ин самт ба коҳиш додани вобастагӣ аз ашёи хом ва захираҳои энергетикӣ мусоидат намуд, зеро иқтисоди кишвар ба чунин захираҳо ниёзи зиёд дошт.
Рушди иқтисодиёти Ҷопон аз нимаи дуюми асри ХХ оғоз ёфтааст. Дар миёнаҳои аср ҳиссаи он дар истеҳсолоти саноатии ҷаҳон камтар аз 1% буд, вале дар охири аср ба тақрибан 10% расид. Ин раванди босуръати гузариш аз кишвари нисбатан пасмонда ба яке аз марказҳои пешрафтаи иқтисоди ҷаҳонӣ бо номи «муъҷизаи иқтисодии Ҷопон» маъруф аст.
Ба ин кишвар муяссар гардид, ки дастовардҳои илмиву технологиро фаъолона дар истеҳсолот ҷорӣ намояд, сатҳи музди меҳнатро рақобатпазир нигоҳ дорад, хароҷоти ҳарбиро (тақрибан 1% ММД) маҳдуд кунад ва ба рушди илм афзалият диҳад. Нақши асосиро дар ин пешрафт «омили инсонӣ» бозид: низоми пешрафтаи маориф, қувваи кории баландихтисос ва фарҳанги меҳнатдӯстӣ.
Дар замони муосир Ҷопон баъд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи истеҳсолоти технологияҳои баланд дар ҷойи дуюм қарор дорад. Ин кишвар яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони роботҳо дар ҷаҳон мебошад (тақрибан 50%-и истеҳсоли ҷаҳонӣ), инчунин ҳиссаи калон дар истеҳсоли техникаи маишӣ ва автомобилҳо дорад.
Хусусияти муҳими иқтисодиёти Ҷопон иштироки фаъоли он дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, мавқеи Ҷопон дар низоми бисёрқутбии байналмилалиро мавриди омӯзиш қарор дода ба хулосаҳои зерин ноил гаштем:
- Ҷопоон дар шароити ташаккули низоми нави бисёрқутбии байналмилалӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми иқтисодӣ ва технологӣ мавқеи устувор дорад;
- Ҷопон бо такя ба рушди босуръати иқтисод, сатҳи баланди технологияҳои муосир ва дипломатияи иқтисодӣ тавонистааст ҷойгоҳи худро дар низоми ҷаҳонии муосир тақвият бахшад;
- нақши Ҷопон дар муносибатҳои байналмилалӣ пеш аз ҳама дар ҳамкориҳои фаъол бо давлатҳои бузург, иштироки густурда дар созмонҳои байналмилалӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ифода меёбад;
- бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, Ҷопон бо як қатор мушкилоти геосиёсӣ ва амниятӣ, аз ҷумла баҳсҳои ҳудудӣ ва таҳдидҳои минтақавӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки ин омилҳо сиёсати хориҷии онро боз ҳам фаъолтар ва чандсамта мегардонанд;
- Ҷопон дар низоми бисёрқутбии муосир ҳамчун як қудрати иқтисодӣ ва технологӣ бо таъсири назаррас бар равандҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, нақши он дар оянда низ афзоиш меёбад.
Бекова О.Н.
ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ