×

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бозгашт ба мавод

ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИОМДОА Таърих 28-05-2026 ш.Душанбе
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА 35-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1991 ба даст омадааст, оғози марҳилаи сифатан нави рушди давлатдорӣ ва ҷомеаи миллӣ гардид. Дар тӯли зиёда аз се даҳсола, кишвари мо роҳи мураккаб, вале устувори ташаккули низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро тай намуд. Дар ин раванд, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили калидии таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар давраи истиқлолият аҳолии кишвар аз тақрибан 5,5 миллион нафар дар аввали солҳои 1990-ум ба зиёда аз 10 миллион нафар расида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чандин маротиба афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо бевосита ба сиёсати пайгиронаи давлатӣ ва идоракунии самараноки роҳбарияти кишвар вобаста мебошанд.

Мақоми Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ҳамчун Сарвари давлат ва кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар гардидааст. Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ, махсусан солҳои 1999, 2003 ва 2016, ваколатҳои Президент такмил дода шуда, механизми идоракунии давлатӣ боз ҳам мустаҳкам гардид.

Президент ҳамчун роҳбари ҳокимияти иҷроия ва ҳамоҳангсози фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият баромад намуда, дар таъмини фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ нақши марказӣ мебозад. Ин ҳолат ба ташаккули низоми идоракунии мутамарказ ва самаранок мусоидат намудааст.

Яке аз дастовардҳои муҳими давраи истиқлолият барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) ба анҷоми низои дохилӣ замина гузошта, барои рушди минбаъдаи давлат шароити мусоид фароҳам овард.

Дар давоми солҳои минбаъда, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои нисбатан устувори минтақа табдил ёфт. Дар ин замина, сатҳи амнияти дохилӣ беҳтар гардида, фаъолияти институтҳои давлатӣ муназзам гардид. Президент ҳамчун кафили сулҳ ва субот дар таъмини ҳамгироии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузошт.

Саҳми Президент дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ

Дар давраи истиқлолият, рушди иқтисоди миллӣ бо суръати устувор таъмин гардид. Агар дар солҳои аввали истиқлолият ҳаҷми ММД паст гардида бошад, дар солҳои охир афзоиши миёнаи солонаи он ба 6–8 фоиз расидааст. Буҷети давлатӣ аз чанд сад миллион сомонӣ дар солҳои аввал ба даҳҳо миллиард сомонӣ дар солҳои охир афзоиш ёфтааст.

Сатҳи камбизоатӣ аз зиёда аз 80 фоиз дар солҳои 1990-ум то тақрибан 20–25 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аз самаранокии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат шаҳодат медиҳанд.

Дар соҳаи энергетика, татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намуд. Дар соҳаи нақлиёт садҳо километр роҳҳои автомобилгард ва нақбҳо бунёд гардида, пайвастагии дохилии кишвар беҳтар карда шуд.

Дар давраи истиқлолият, махсусан дар солҳои охир, таҳти роҳбарии Президент самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ мушаххас гардида, сиёсати иқтисодӣ ба гузариш аз модели ашёгаро ба иқтисоди диверсификатсияшуда равона карда шудааст. Яке аз самтҳои калидӣ — саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки ҳамчун ҳадафи стратегӣ эълон гардидааст. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз чандсад адад дар солҳои аввали истиқлолият ба зиёда аз 2500 корхона расида, саҳми соҳаи саноат дар ММД тадриҷан афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳсолаи охир чанд маротиба зиёд гардида, заминаи воқеии рушди истеҳсолоти ватанӣ ва иваз намудани воридот фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, рушди иқтисоди рақамӣ ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва фаъолияти иқтисодӣ эътироф гардидааст. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми андоз, гумрук, бонкдорӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ имкон дод, ки сатҳи шаффофият ва дастрасии хизматрасониҳо ба таври назаррас беҳтар гардад. Дар солҳои охир шумораи истифодабарандагони интернет ба зиёда аз 40 фоизи аҳолӣ расида, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ суръати нав касб намудааст. Татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рақамикунонии иқтисод ба ташаккули ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ заминаи устувор мегузорад.

Самти дигари муҳими сиёсати иқтисодӣ — рушди иқтисоди “сабз” ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беш аз 60 фоизи захираҳои обии минтақа буда, истеҳсоли неруи барқ асосан аз манбаъҳои барқароршаванда таъмин мегардад. Дар айни замон, зиёда аз 95 фоизи нерӯи барқ дар кишвар аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти энергетикаи “сабз” табдил додааст. Сиёсати давлатӣ дар ин самт ба коҳиши таъсири манфии экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона гардидааст.

Илова бар ин, рушди бахшҳои самараноки иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзии инноватсионӣ, саноати коркард, энергетика ва нақлиёт, дар маркази диққати сиёсати давлатӣ қарор дорад. Дар соҳаи кишоварзӣ татбиқи технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки замин имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёбад. Дар баробари ин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, аз ҷумла бунёди роҳҳо ва долонҳои транзитӣ, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитӣ тақвият бахшидааст.

Ҳамин тариқ, татбиқи сиёсати саноатикунонӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди “сабз” дар маҷмӯъ ба ташаккули модели нави иқтисоди миллӣ мусоидат намуда, барои таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Ин равандҳо бевосита бо сиёсати стратегӣ ва фаъолияти самараноки Президенти кишвар алоқаманд буда, самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлатро муайян мекунанд.

Нақши Президент дар рушди низоми ҳуқуқӣ ва демократия

Дар тӯли солҳои истиқлолият, заминаи ҳуқуқии давлатдорӣ ба таври назаррас такмил ёфт. Қабули садҳо қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ мусоидат намуд.

Президент ҳамчун кафили Конститутсия дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди институтҳои демократӣ нақши муҳим мебозад. Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, таъсиси сохторҳои нави давлатӣ ва такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба баланд гардидани сатҳи адолати иҷтимоӣ мусоидат кардааст.

Нақши Президент дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалӣ

Дар давраи истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ ва ИДМ гардид.

Сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими амният, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла мушкилоти обу иқлим равона гардидааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, махсусан дар соҳаи захираҳои об, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Самтҳои такмил ва дурнамо

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди минбаъдаи давлат такмили механизмҳои идоракунии давлатӣ, рақамикунонии иқтисод ва баланд бардоштани самаранокии институтҳои давлатӣ талаб менамояд.

Дар оянда, зарурати таҳкими шаффофият, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба равандҳои ҷаҳонӣ бештар эҳсос мегардад. Дар ин раванд, нақши Президент ҳамчун роҳбари стратегии рушди кишвар боқӣ мемонад.

Ҳамин тариқ, таҳлили 35 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки институти президентӣ дар ташаккул ва рушди давлатдорӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бо роҳбарии Президент, кишвар аз марҳилаи буҳрон ба марҳилаи рушди устувор гузашт, пояҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мустаҳкам гардида, мавқеи байналмилалии он боло рафт.

Дар маҷмӯъ, нақши Президент дар таъмини сулҳ, рушди иқтисодӣ, таҳкими қонуният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳамчун омили асосии пешрафти давлат арзёбӣ гардида, барои рушди устувори минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.

 

АБДУЛЛОЕВ А.

ходими  пешбари илмии Шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ