Имруз башарият бо ҳолати бесобиқа мутташаниҷ гаштани вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон ру ба ру гаштааст. Ин вазъият ба иқтисоди миллии кулли кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Хусусан, буҳрони давомдор дар бозори нафту газ ва умуман сузишворӣ, ба самтҳои гуногуни иқтисоди аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба тиҷорату истеҳсолот таъсири амиқ расонида истодааст. Дар натиҷа, бисёр корхонаҳои истеҳсолӣ аз кор монда, тиҷорат ва гардиши молу ашё низ,бо сабаби қимат шудан ва ё норасоии сузишворӣ, ру ба коҳиш ёфтан оварданд.Ин бори аввал нест, ки дар натиҷаи ба ҳолати ногувор афтидани вазъи сиёсӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ,хусусан бозори сузишворӣ, низ ба масири буҳрон равона мешавад.
Такроршавии ҳолатҳои буҳронӣ дар бозори ҷаҳонии нафту газ, бисёр кишварҳоро водор месозад,ки давлатҳо ба ташаккул ва рушди иқтисоди сабз диққати афзалиятнок бахшанд ва ҳар чӣ бештар ба истифодабарии нақлиёти “сабз” ё худ барқӣ аҳамият диҳанд.Дар ин масир яке аз намунаҳои муваффақи сиёсати тадриҷан гузаштан ба иқтисоди сабз - стратегияи пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад. Солҳои охир бо ибтикор ва амалҳои дурандешонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ пойтахти мамлакати мо ҳам аз ҷиҳати амнияти экологӣ ва ҳам аз ҷиҳати рушди инфрасохтори сабзи рақамӣ ба яке аз шаҳрҳои пешқадам дар масири эъмори иқтисоди сабз мубаддал гаштаст. Махсусан дар мавриди ба нақлиёти барқӣ гузаронидани низоми нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари пойтахти Тоҷикистон иқдомҳои беназир амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи ин амалҳои Раиси шаҳри Душанбе буҳрони ҷаҳонӣ, ки имруз дар бозори сузишворӣ ба амал омад, ба иқтисодиёти пойтахи давлати мо камтаъсир боқӣ монд. Истифодаи ҳар чи бештари нақлиёти барқӣ дар Душанбе , ба аҳолӣ имкон дод, ки бидуни монеа кору фаъолияти худро, яъне тиҷорату таҳсил,саёҳату фароғат,соҳибкории худро идома диҳанд, зеро нақлиёти ҷамъияти мусофирбари пойтахт пурра аз электромобилҳо ва электроавтобусҳо таъмин шудаанд.Ин амал ҳам аз ҷиҳати экологӣ ва ҳам молиявӣ барои Душанбе ва сокинони он ба маротиб муфидтар аст. Инҷо мо, албатта шоҳиди қобилияти ташкилотчигӣ, стратегиясозӣ ва шаҳрдории муваффақи муҳтарам Рустам Эмомалӣ мешавем, ки он натиҷаи донистан ва пешбинӣ намудани равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон аз ҷониби ӯ мебошад. Яъне маҳз аз ҳамин сабаб, ба назари мо, имрӯз аҳолии шаҳри Душанбе таъсири буҳрони бозори ҷаҳонии сузишвориро ҳис намекунад. Зеро чандин сол қабл муҳтарам Рустам Эмомалӣ ин вазъиятро пешбинӣ карда буд ва чораҳои саривақтӣ баҳри пешгирӣ аз таъсири чунин буҳрон андешида шуданд.
Дар ин қарина, ҳамчунин бояд қайд намуд, ки дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»-ро, бо дастури бевоситаи муҳтарам Рустам Эмомалӣ, хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ беҳтар шуда, паркҳои нақлиётии ширкатҳо пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронида шуданд ва нуқтаҳои барқгирӣ бунёд гардиданд. Ҳамин тариқ Қарори Раиси шаҳри Душанбе №362 аз 04 июни 2024 “Дар бораи пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти автомобилии таксӣ” ба имзо расид.
Бо дастуру супоришҳои муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе «Консепсияи ба низоми барқӣ гузаштани нақлиёти мусофирбарии пойтахт барои солҳои 2023-2026» амалӣ гардида истодааст.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки 8 апрели 2026 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ба амал овард. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди низоми устувори нақлиёти пойтахт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти барқӣ тавассути энергияи сабз дар шаҳри Душанбе»-ро, ки ба беҳтарсозии инфрасохтори шаҳрӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони пойтахт равона гардидааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин росто, махсус бояд қайд намуд, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ алъон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории роҳу нақлиёт, ворид намудани барномаҳои муосири рақамӣ барои моделсозии системаҳои нақлиётӣ, идоракунии ҳаракати нақлиёт ва коҳиш додани тамбашавии роҳҳо, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти баланд бардоштани самаранокии низоми нақлиёти шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд,зеро ки шаҳри Душанбе аз лиҳози моҳият модели хурди Тоҷикистон аст. Иқдомҳои муваффақи иқтисодӣ-иҷтимоии пойтахти мо бевосита ҳамчун намуна аз ҷониби дигар шаҳрҳои кишвар пайравӣ карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои иҷрои барномаҳои рушди пойтахт бо роҳбарии муҳтарам Рустам Эмомалӣ нишон медиҳанд, ки Душанбе имруз ба маркази устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Рушди саноат, сохтмон ва инфрасохтор ҳамроҳ бо беҳбуди сармояи инсонӣ пойтахтро ба шаҳри муосир ва ҷолиб барои зиндагӣ,таҳсил ва сармоягузорӣ мубаддал намудааст. Фаъолияти муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар вазифаи Раиси шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки пойтахт на танҳо маркази идоракунӣ, балки муҳаррики рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон гардидааст. Дастовардҳои соли охир, аз ҷумла афзоиши инфрасохтор, саноат ва сатҳи зиндагӣ нишони муваффақияти сиёсати созандаи муҳтарам Рустам Эмомалӣ мебошанд.
Дар айни замон ,фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ- истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳадафҳои асосии барномавии муҳтарам Рустам Эмомалӣ мебошанд.
Фаъолияти ӯ,ҳамчун Шаҳрдор, дар самти рушди иқтисоди миллии сабз, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии Душанбе, воридоти нақлиёти барқӣ ба пойтахт, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо, танҳо баҳри боз ҳам хубтар намудани некуаҳволии сокинони кишвар,фароғати меҳмонони пойтахт ва ҳифзи саодати аҳолии Душанбе равона шудаанд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои дурандешона ва ояндабинонаи стратегии худ тавонист, дар самти рушди бемайлони иқтисодӣ-иҷтимоии Душанбе, хусусан дар масири иқтисоди сабз фаъолияти назаррас нишон диҳад.
ҲАЙДАРЗОДА Рустам,
директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ