×

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бозгашт ба мавод

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ИОМДОА Сиёсат 25-06-2026 ш.Душанбе
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо эълон гардидани Истиќлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар чунин вазъияти мушкил тоҷикон ба шахсияте ниёз доштанд, ки метавонист тамоми ќувва ва нерўи хешро барои таъмини сулҳи доимӣ ва ҳифзи Истиќлоли миллӣ равона созад.

19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Тоҷикистон  интихоб гардида, минбаъд маҳз бо шарофати сиёсати оќилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат вазъи муташаниҷи сиёсӣ ба эътидол омада, ҳаёт ба маҷрои муќаррариву оромаш ҷорӣ гашт.

Сарвари навинтихоби Тоҷикистон дар ибтидо ба сифати Раиси Шурои Олӣ иброз доштанд, ки «Ман, кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард!» – ин аввалин суханони бо хитоб ва эътимодноки Роҳбари навтаъингардидаи кишвар, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз минбари Шурои Олӣ садо доданд.

Дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштаи Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарварӣ, ватанпарварӣ ва миллатдўстиаш боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барќарор намуд.

Воќеан Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум бо кору пайкори созандааш, ҳамчун шахсияти хайрхоҳ, дурандеш дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлатдории навини тоҷикон, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи ќаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллӣ ва ҳуќуќу озодиҳои инсон эътироф гардида, бо унвони Пешвои миллат сарфароз гардид.

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиќлоли тоҷик ва ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кард.

Ҳамчун як шахсияти таърихӣ халќи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халќи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод.

Хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат ва ватан бо унвони олӣ – Ќаҳрамони Тоҷикистон ќадр гардиданд.

Пешвои миллат бо муносибати самимонаи худ байни ҷамъият ва давлат робитаи мустаќимро барќарор карда тавонистанд. Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намудаааст, ки давлати Тоҷикистон ҳамчун мероси ачдодони миллати тоҷик буда, вориси аслии он тамоми мардуми шарифи ин сарзамин мебошад.

Имрўз Пешвои миллат кафили ваҳдату ягонагӣ ва дўстию бародарии тамоми ќишрҳои ҷомеа шинохта шудаанд. Меҳвари гуфтугў ва суханрониҳояшон, аз иҷлосияи XVI-уми таќдирсоз сар карда, то имрўз сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон аст.

Хулоса, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон дар ин давраи таќдирсоз ҳамчун пайвандгари наслҳо ќарзи фарзандии фарзонаи миллати соҳибтамаддун будани худро назди наслҳои имрўзу фардои кишвар иҷро карда тавонист. Дар таърихи навини давлатдорӣ тоҷикон бо Пешвои  муаззами худ тавонистанд ба дастоварди асосӣ ва меҳварии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдории миллиро аз сар гузаронанд.

ДОДХУДОЕВА Зинатмо,

мудири коргузори

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ