Таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд байни давлатҳо ба яке аз омилҳои муҳимми таъмини суботи сиёсӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти мавқеи байналмилалии кишварҳо маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва рушди ҳамкориҳои созанда бо ҳамаи мамолики ҷаҳон ба роҳ мондааст. Дар ин замина, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муғулистон ҳамчун яке аз кишварҳои дӯст ва шарики боэътимоди минтақаи Осиё дар солҳои охир хусусияти нав касб намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 барқарор гардида, зиёда аз се даҳсола марҳилаҳои гуногуни рушдро тай намуданд. Солҳои охир робитаҳо соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳиро фаро гирифтаанд. Ин раванд, махсусан баъди муколамаи сиёсӣ дар сатҳи Роҳбарияти олии ду давлат суръати бештар пайдо намуд.
Сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мулоқотҳои сатҳи баланд бо Президенти Муғулистон марҳилаи нави муносибатҳои байнидавлатиро оғоз намуд. Дар натиҷа, як қатор санадҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расида, самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои дуҷониба муайян гардиданд.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақаи Осиё яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Муғулистон ҳамчун шарики муҳим дар Осиёи Шарқӣ барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меоварад ва Тоҷикистон низ бо мавқеи геостратегии худ барои Муғулистон дар самти ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ мебозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои «дарҳои боз», муколамаи созанда ва ҳамкории мутақобилаи судманд бо кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Ин сиёсат ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои гуногуни Осиё, Аврупо ва дигар минтақаҳо мусоидат намуд.
Муғулистон низ сиёсати хориҷии мустақили худро ташаккул дода, ба рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои гуногун таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Яке аз хусусиятҳои муҳимми сиёсати хориҷии Муғулистон кӯшиши нигоҳ доштани тавозуни муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва густариши робитаҳо бо давлатҳои дигар минтақаҳои ҷаҳон мебошад.
Ҳар ду давлат манфиатдор мебошанд, ки тавассути рушди робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ имкониятҳои нави рушди миллӣ ва минтақавиро истифода баранд. Яке аз омилҳои муҳими рушди чунин муносибатҳо мавҷудияти заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мебошад. Созишномаҳои байнидавлатӣ, ёддоштҳои тафоҳум ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосии танзими муносибатҳои байни кишварҳо хизмат мекунанд. Маҳз тавассути чунин санадҳо самтҳои ҳамкорӣ муайян шуда, механизмҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ташаккул меёбанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон он мебошад, ки ҳар ду кишвар дар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Онҳо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ тавассути муколама, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳамкории бисёрҷониба мебошанд. Ин мавқеъ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ барои ҳамкории бештар мусоидат мекунад.
Дар солҳои охир муносибатҳои байни ду давлат хусусияти нав касб намуданд. Афзоиши тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Муғулистон ба рушди муносибатҳои дарозмуддат манфиатдор мебошанд, махсусан нақши Роҳбарияти олии ду давлат дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон муҳим аст. Вохӯриҳо ва музокироти сарони давлатҳо на танҳо воситаи баррасии масъалаҳои сиёсӣ, балки механизми муайян намудани дурнамои ҳамкорӣ, таҳкими эътимоди мутақобила ва эҷоди заминаи ҳуқуқӣ барои татбиқи барномаҳои муштарак ба ҳисоб мераванд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 20 то 22 июл дар Муғулистон ҷараён дошт, барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ замина фароҳам овард. Дар ин росто, миёни Тоҷикистон ва Муғулистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шудаанд:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
- Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъданӣ ва нафти Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати истихроҷи маъдан ва саноати вазнини Муғулистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ;
- Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории муносибатҳои байнидавлатӣ мавҷудияти заминаи ҳуқуқии мукаммал мебошад. Созишномаҳо, ёддоштҳои тафоҳум ва дигар санадҳои дуҷониба имконият медиҳанд, ки самтҳои ҳамкорӣ муайян гардида, ӯҳдадориҳои ҷонибҳо мушаххас карда шаванд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон дар солҳои охир ба марҳилаи ҳамкории фарогир ворид шудаанд. Тақвияти муколамаи сиёсӣ имкон дод, ки ҷонибҳо манфиатҳои муштаракро муайян намуда, барои татбиқи онҳо механизмҳои мушаххас эҷод намоянд.
Сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, инчунин сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар солҳои 2009 ва 2026 муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни ду кишварро ба сатҳи сифатан нав бароварда, самтҳои асосии ҳамкории амалиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.
Дар ҷараёни музокироти расмӣ оид ба имкониятҳои густариши муносибатҳои анъанавии дӯстонаи Тоҷикистону Муғулистон дар тамоми соҳаҳо мубодилаи афкор намуда, инчунин масъалаҳои фаъолсозии муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва логистика, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, саноат, канданиҳои фоиданок, геология, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳимтарини муносибатҳои муосири байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сатҳи рушди робитаҳои сиёсӣ дар бисёр мавридҳо ба имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ вобастагии мустақим дорад. Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон, 20 июл дар шаҳри Улан-Батор ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор гардид.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои густариши гардиши мол, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории соҳибкорон, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод, рушди ҳамкорӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тақвияти робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин таҳкими ҳамкории илмию техникӣ ва табодули таҷриба байни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар зоҳир гардид.
Таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ ҳамчун механизми муассири ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои дуҷониба барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона ва шарикии судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳаммияти муҳим дорад.
Муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор доранд ва дорои имкониятҳои васеъ мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳои табиӣ, имкониятҳои кишоварзӣ ва сайёҳӣ метавонад барои ҳамкории иқтисодӣ бо Муғулистон самтҳои гуногун пешниҳод намояд. Муғулистон бошад, дорои таҷрибаи бой дар соҳаҳои чорводорӣ, истифодаи захираҳои маъданӣ, коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва рушди минтақаҳои дурдаст мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид.
Дар кори форум, ки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои пешбари ду кишвар иштирок намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, тавсеаи содироту воридот ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Яке аз самтҳои умедбахши ҳамкорӣ соҳаи кишоварзӣ мебошад. Тоҷикистон дорои иқлими гуногун ва имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии гуногун аст. Муғулистон бошад, яке аз кишварҳои дорои таҷрибаи таърихии рушди чорводории чарогоҳӣ ба шумор меравад. Табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот ва истифодаи усулҳои муосири истеҳсолӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб аст.
Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028 Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ табодул карда шуд. Дар доираи ин санад рушди ҳамкории тиҷоратӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ, байторӣ ва соҳаи илм густариш меёбад.
Ин санади ҳамкорӣ ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар бозорҳои ду мамлкат мусоидат менамояд. Дар доираи ин ҳуҷҷат ташкили боздиди мутахассисони кишоварзии Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаҳои парвариши зироати ғалладонагӣ, боғпарварӣ, сабзавоткорӣ ва хокшиносӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар муносибатҳои байналмилалии муосир фарҳанг ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва дӯстии байни халқҳо баромад мекунад. Агар муносибатҳои сиёсӣ, асосан тавассути мақомоти давлатӣ амалӣ гарданд, робитаҳои фарҳангӣ имконият медиҳанд, ки муносибатҳои байни давлатҳо ба сатҳи муносибатҳои байни ҷомеаҳо ва мардумон низ густариш ёбанд. Маҳз ҳамин хусусият ба фарҳанг нақши муҳими «қувваи нарм» мебахшад, ки метавонад ба таҳкими обрӯи байналмилалии давлатҳо ва наздикшавии миллатҳо мусоидат намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дорои мероси бойи таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Ҳар ду халқ дар тӯли таърих анъанаҳои миллии худро ҳифз намуда, дар ташаккули тамаддунҳои минтақаҳои худ саҳми назаррас гузоштаанд. Тоҷикистон ҳамчун вориси фарҳанги қадимаи ориёӣ ва яке аз марказҳои муҳими тамаддуни Осиёи Марказӣ бо таърихи бойи илму адаб, забон ва санъат шинохта мешавад. Муғулистон бошад, бо таърихи давлатдории қадимӣ ва анъанаҳои хоси худ дар ҷаҳон маълум аст.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон 20 июл дар шаҳри Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон бо мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду давлат, густариши ҳамкории башардӯстона ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии халқи тоҷик доир карда шуд.
Наздикшавии фарҳангии ду кишвар метавонад тавассути баргузории чорабиниҳои муштарак, рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, фестивалҳо, табодули гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳамкории муассисаҳои фарҳангӣ амалӣ гардад. Чунин чорабиниҳо на танҳо барои муаррифии фарҳанги миллӣ, балки барои баланд бардоштани сатҳи шиносоии мардумони ду кишвар бо таърих ва арзишҳои ҳамдигар мусоидат мекунанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва ҳамзамон рушди муколамаи фарҳангӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамчун давлатҳои дорои фарҳанги қадима метавонанд тавассути ҳамкориҳои фарҳангӣ таҷрибаи худро мубодила намуда, барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ иқдомҳои муштарак анҷом диҳанд.
Маориф ва илм низ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои гуманитарии байни давлатҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ҷаҳони муосир рушди илм ва технология омили асосии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ метавонад ба таҳкими муносибатҳои дарозмуддати байни кишварҳо мусоидат намояд.
Ҳамин аст, ки байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф табодул карда шуд. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ин нахустин санади байниидоравӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад. Ин санад барои ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкории минбаъдаи ду мамлакат дар соҳаи маориф аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар асоси ин санад рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳкими робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат ва табодули донишҷӯён, омӯзгорон, профессорону муҳаққиқон бештар мегардад.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии муштарак доир менамоянд. Инчунин байни ду давлат татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, аз ҷумла барномаҳои дудиплома, рушди таҳсилоти омехта ва онлайн, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва ташаббусҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои байналмилалии бурсияҳо густариш меёбад.
Ёддошти тафоҳум барои баррасии минбаъдаи масъалаи таъсиси механизми табодули донишҷӯён ва ҷудо намудани квотаҳои таҳсилотӣ байни ду давлат низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Қабули ёддошти мазкур қадами муҳим дар густариши муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, барои рушди робитаҳои академӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи маориф ва илм имконоти нав фароҳам меорад.
Табодули донишҷӯён яке аз самтҳои самараноки наздик намудани халқҳо мебошад. Донишҷӯёне, ки дар кишвари дигар таҳсил мекунанд, на танҳо донишҳои касбӣ мегиранд, балки бо фарҳанг, забон ва тарзи зиндагии он кишвар низ шинос мешаванд. Баъдтар онҳо метавонанд ҳамчун пайванди муҳими рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ хизмат кунанд.
Дар маҷмуъ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар заминаи принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ташаккул ёфтаанд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ ҳар ду кишвар барои ба роҳ мондани робитаҳои устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ заминаи зарурӣ фароҳам овардаанд.
Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар оғози Истиқлол марҳилаи нави ҳамкории байнидавлатӣ гардид. Дар солҳои минбаъда муносибатҳо тадриҷан аз сатҳи муколамаи дипломатӣ ба сатҳи ҳамкориҳои фарогир гузаштанд.
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дорои имкониятҳои васеи рушд буда, сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ ва мавҷудияти манфиатҳои муштарак имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда нз ба сатҳи сифатан нав бароянд ва таҳкими муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон ба рушди ҳамкориҳои умумии Осиё мусоидат намояд.
МАҶИД Расул
ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо АМИТ,
номзади илмҳои филологӣ