×

ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ ДАР СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ:МАФҲУМ ВА МОҲИЯТ

Бозгашт ба мавод

ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ ДАР СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ:МАФҲУМ ВА МОҲИЯТ

ИОМДОА Сиёсат 01-06-2026 ш.Душанбе
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ РАҚАМӢ ДАР СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ:МАФҲУМ ВА МОҲИЯТ

Дипломатияи рақамӣ ҳамчун як падидаи нави муносибатҳои байналмилалӣ дар натиҷаи ба ҳам бархурди дипломатияи анъанавӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба вуҷуд омадааст. Саволи асосие, ки таҳқиқоти ин соҳаро ба  вуҷуд  меорад, он аст ки дипломатия дар асри рақамӣ чӣ гуна тағйир меёбад ва то чӣ андоза моҳияти он дигар мешавад? Ин савол худ қисми баҳси асоси дар бораи муносибати байни технология ва сиёсат мебошад, ки дар он воситаҳои рақамӣ ба муҳити дипломатӣ ворид мешаванд. Аз солҳои 2000-ум инҷониб, дар адабиёти илмии соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ афзоиши назарраси чунин ифода, яъне рақамикунонии дипломатия бештар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Асоси назариявии омӯзиши дипломатияи рақамӣ нахуст дар доираи таҳқиқоти дипломатияи ҷамъиятӣ ташаккул ёфт. Яке аз аввалин муҳаққиқоне, ки масъалаи мутобиқшавии дипломатия ба муҳити нави иттилоотиро аз нигоҳи илмӣ таҳлил намуд, профессори амрикоӣ Николас Ҷ. Кулл ба ҳисоб меравад. Ӯ дар асарҳои худ, махсусан, “Дипломатияи ҷамъиятӣ: типология ва таърихи ташаккул” ва баъдтар «Роҳи тӯлонӣ ба дипломатияи ҷамъиятии 2.0», нишон медиҳад, ки дипломатияи муосир тадриҷан аз шаклҳои анъанавии иртибот ба муҳити рақамӣ гузашта, истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба қисми муҳими сиёсати хориҷӣ табдил ёфтааст. Дар баробари ӯ, муҳаққиқон Корнелиу Бжола ва Маркус Холмс дар китоби маъруфи худ “Дипломатияи рақамӣ: назария ва амалия” «Digital Diplomacy: Theory and Practice» (2015) дипломатияи рақамиро ҳамчун истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои рақамӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ маънидод намуда, онро як шакли нави идоракунии муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд. Ба андешаи онҳо, дипломатияи рақамӣ на танҳо воситаи паҳн намудани иттилоот, балки механизми ташаккули афкори байналмилалӣ ва идоракунии имиҷи давлат низ мебошад.

Оғози дипломатияи рақамӣ ба соли 1992 нисбат дода мешавад, замоне ки дар Академияи баҳри Миёназаминии таҳқиқоти дипломатӣ (Mediterranean Academy of Diplomatic Studies) бо ташаббуси Йован Курбалиа истифодаи технологияҳои компютерӣ дар фаъолияти дипломатӣ роҳандозӣ гардид. Ҳарчанд баъзе манбаъҳо ишора менамоянд, ки дар ҷараёни Саммити Замин дар Рио-де-Жанейро (Rio Earth Summit 1992) аз почтаи электронӣ ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозӣ ва лоббизми байналмилалӣ истифода шудааст, ин назар дар адабиёти илмӣ тасдиқи комилан қатъӣ наёфтааст. Аз ин рӯ, чунин таҷриба бештар ҳамчун нишонаи ибтидоии воридшавии технологияҳои иттилоотӣ ба равандҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва фаъолияти дипломатӣ арзёбӣ мегардад.

Соли 1993 нахустин муаррифии оммавӣ оид ба истифодаи компютер ва технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти дипломатӣ дар доираи як чорабинии СММ дар Малта баргузор гардид. Соли 1994 бошад, нашри дастури “Воситаҳои нав барои дипломатҳо: Истифодаи компютер дар фаъолияти дипломатӣ”  (“New Tools for Diplomats: Computer Applications in Diplomacy”, ки аз ҷониби Йован Курбалиа муҳаққиқ, дипломат ва коршиноси соҳаи дипломатияи рақамӣ ва идоракунии интернет навишта шуда буд, нашр гардид. Ӯ аз асосгузорони омӯзиши амалии дипломатияи рақамӣ ба шумор рафта, дар таъсиси барномаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ дар дипломатия, аз ҷумла, Академияи баҳри Миёназаминии таҳқиқоти дипломатӣ  (Mediterranean Academy of Diplomatic Studies) нақши муҳим дошта, бо баргузории аввалин семинарҳо заминаҳои назариявӣ ва таълимии дипломатияи рақамиро таҳким бахшид. Аз миёнаи солҳои 1992  ин раванд ба сатҳи байналмилалӣ паҳн шуд,  хусусан, омӯзишҳои технология барои дипломатҳо ташаббусҳои минтақавӣ мисли МедГейт (MedGate) ва муаррифии нахустин қадамҳо дар  дипломатияи рақамӣ дар қитъаҳои гуногун нишон доданд, ки ин падида тадриҷан ба як ҷузъи муҳими фаъолияти байналмилалӣ табдил меёбад. Нашри аввалин таҳқиқоти илмӣ дар бораи робитаи технология ва дипломатия ва таъсиси домени “Diplomacy.edu” дар соли 1996 низ қадами муҳим дар ташаккули инфрасохтори донишии ин соҳа буд. То охири солҳои 1990 масъалаҳои марбут ба амнияти киберӣ ба тадриҷ бештар ба рӯзномаи байналмилалии амният ворид шуданд. Масъалаҳои амнияти иттилоотӣ ва хатарҳои нав дар Интернет бо афзоиши истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҳамлаҳои аввалияи киберӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ шуданд. Дар ин давра чандин форумҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Форуми байналмилаии амниятӣ ( International Security Forum) соли  1998, масъалаҳои амнияти кибериро муҳокима карда, нишон доданд, ки рушди технологияҳои рақамӣ ҳам имконият ва ҳам хатарҳоро дар муносибатҳои дипломатӣ ва амниятӣ ба вуҷуд меоранд. Бо вуҷуди ин, истилоҳи “дипломатияи рақамӣ” дар шакли муосири худ асосан баъд аз соли 2000 маъмул шуд. Дар ҳамин давра истифодаи интернет тадриҷан ба як ҷузъи муҳими фаъолияти ҳаррӯзаи дипломатҳо табдил ёфт. Нашрияҳо ва дастурҳои амалӣ, аз ҷумла,  “Роҳнамои интернет барои дипломатҳо»  (Internet Guide for Diplomats), истифодаи почтаи электронӣ, ҷустуҷӯи иттилоот ва муоширати онлайнро ҳамчун воситаҳои нави кори дипломатӣ муаррифӣ мекарданд. Минбаъд  вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба истифодаи вебсайтҳои расмӣ ва платформаҳои аввалияи рақамӣ барои паҳн кардани иттилоот ва беҳтар кардани робита бо ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз карданд. Гарчанде ки ин системаҳо ҳанӯз ибтидоӣ буданд, онҳо оғози гузариши дипломатия ба муҳити рақамиро нишон медоданд ва заминаи рушди минбаъдаи дипломатияи рақамиро фароҳам оварданд. Дар ҳамин замина, дипломатияи рақамӣ тадриҷан ба як шакли нави дипламатияи мардумӣ (public diplomacy) табдил ёфт, ки бо истифода аз ICT ва шабакаҳои иҷтимоӣ муоширатро бо шаҳрвандон ва субъектҳои ғайридавлатӣ осон намуд. Чуноне ки пештар ҳам зикраш рафт, мафҳуми «дипломатияи рақамӣ» (Digital diplomacy) дар охири солҳои 1990 ва ибтидои солҳои 2000 дар натиҷаи рушди босуръати интернет, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва пайдоиши муҳити Насли дуюми шабакаи ҷаҳонии веб (Web 2.0) ба вуҷуд омад. Ташаккули ин истилоҳ пеш аз ҳама ба тағйирёбии шаклҳои анъанавии фаъолияти дипломатӣ ва ворид шудани воситаҳои рақамӣ ба сиёсати хориҷии давлатҳо иртибот дорад. Аз назари баъзе таҳлилгарони соҳа дипломатияи рақамӣ ҳамчун идомаи дипломатияи ҷамъиятӣ (public diplomacy) ва мутобиқшавии дипломатия ба шароити ҷомеаи иттилоотӣ арзёбӣ мегардад.  Бояд зикр кард, ки Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ИМА) яке аз аввалин кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки истифодаи дипломатияи рақамиро дар фаъолияти сиёсати хориҷии худ ба роҳ монд. Департаменти давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳанӯз дар солҳои 2000-ум барномаҳои “eDiplomacy” ва баъдтар Консепсияи “21st Century Statecraft”, ки онро метавон идоракунии давлатдорӣ ва дипломатия дар шароити технологияҳои рақамӣ ва ҷаҳонишавӣ маънидод кард, дар сиёсати хориҷии худ роҳандозӣ намуд. Ин барномаҳо истифодаи интернет, блогҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар фаъолияти дипломатӣ пешбинӣ мекарданд. Баъдан Британияи Кабир, Шветсия, Фаронса, Сингапур, Хитой, Ҳиндустон, Канада ва дигар кишварҳои мутаррақии ҷаҳон  низ истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун қисми расмии фаъолияти дипломатии худ густариш доданд. Бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Facebook, Twitter (X), YouTube ва Instagram, дипломатияи рақамӣ аз солҳои 2010 ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлатҳо табдил ёфт. Имрӯз дипломатияи рақамӣ ҳамчун воситаи муҳими таҳким ва ташаккули нерӯи нарм, дипломатияи ҷамъиятӣ ва муаррифии байналмилалии давлатҳо истифода мешавад. Он имкон фароҳам меоварад, ки давлат мустақиман бо аудиторияи байналмилалӣ робита барқарор намуда, симои худро бе миёнаравии анъанавӣ муаррифӣ намояд.

Хулоса, дипломатияи рақамӣ дар илм ҳамчун як равиши муосири таҳқиқ ва амал дар дипломатия шинохта мешавад, ки истифодаи технологияҳои рақамиро барои таъсир ба муносибатҳои байналмилалӣ дар бар мегирад. Дипломатияи рақамӣ (Digital Diplomacy) як равиши муосири фаъолияти дипломатӣ ба шумор меравад, ки дар он давлатҳо ва ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ба монанди интернет, почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, барои пешбурди ҳадафҳои сиёсати хориҷӣ истифода мебаранд, зикр менамоянд муҳаққиқони  шинохта Корнелиу Бжола ва Маркус Холмс. Ин раванд идомаи дипломатияи ҷамъиятӣ ё мардумӣ (Public Diplomacy) ба ҳисоб меравад ва асосан ба таъсир ба афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими имиҷи давлат ва пешбурди арзишҳои сиёсии он равона шудааст. Муҳаққиқон чунин фарзияро пешниҳод мекунанд, ки дипломатияи рақамӣ на танҳо як воситаи паҳн кардани иттилоот аст, балки механизми идоракунии афкори байналмилалӣ ва таҳкими нерӯи нарми давлатҳо (Soft Power) мебошад. Аз ин ҷиҳат, он аз дипломатияи анъанавӣ фарқ мекунад, зеро дар шакли классикии  дипломтия асосан вохӯриҳо, музокиротҳои рӯ ба рӯ ва каналҳои расмии давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд, дар ҳоле ки дипломатияи рақамӣ ба муҳити кушод, иртиботи мустақим бо шаҳрвандон ва субъекти ғайридавлатӣ ва суръати фаврӣ такя мекунад.

МАДИМАРОВА Гулҳаё,

ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 Адабиёти истифодашуда:

1.     Bjola Corneliu, Holmes Marcus. Digital Diplomacy: Theory and Practice. – London: Rutledge, 2015.

2.     Diplo. https://www.diplomacy.edu/

3.     Howard Philip N., Hussain Muzammil M.. Democracy’s Fourth Wave: Digital Media and the Arab Spring. – Oxford: Oxford University Press, 2013.

4.     Kurbalija  Jovan. New Tools for Diplomats: Computer Applications in Diplomacy.-Malta, 1994.

5.     Kurbalija  Jovan, Baldi Stefano. Internet Guide for Diplomats.- Malta, 2000.

6.     Manor Ilan. The Digitalization of Public Diplomacy.- Cham: Palgrave Macmillan, 2019.