Ваҳдат яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи инсонӣ буда, ҳеҷ як халқият ва ё миллат бидуни ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва ягонагӣ наметавонад вуҷуд дошта бошанд ва ба рушди устувор ва пешрафти ҳаматарафа ноил гарданд. Дар фарҳанги тоҷикон низ ваҳдат ва ваҳдатгароӣ аз қадимтарин арзишҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад, ки маҳз рӯҳи ягонагӣ, ҳамзистии осоишта ва эҳтироми мутақобила тавонистааст ин миллатро аз озмоишҳои зиёди таърихӣ гузаронад ва ҳувияти миллии онро ҳифз намояд.
Фарҳанги ваҳдатгароӣ дар байни тоҷикон ва ё миллати тоҷик танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки он маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст. Ин фарҳанг дар адабиёти пурғановати тоҷик, фолклор, урфу одат, анъанаҳо ва тарзи зиндагии мардум таҷассум ёфта, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштааст.
Решаҳои таърихии ваҳдатгароӣ дар фарҳанги тоҷикон ба дарозои таърих тамаркуз мекунад. Ҳанӯз дар аҳди бостон ниёгони тоҷик ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангии марбут ба тамаддуни ориёӣ ғояҳои ҳамзистӣ, дӯстӣ ва эҳтиром ҷойгоҳи муҳим доштанд. Ҳамзамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ, сарфи назар аз мушкилот ва таҳдидҳои нобудшавӣ, тоҷикон тавонистанд тавассути ваҳдат, ваҳдагароӣ ва ҳамбастагӣ фарҳангӣ, забон ва анъанаҳои миллии худро ҳифз намоянд.
Тавре, ки дар боло ишора кардем, фарҳанги ваҳдатгароӣ дар адабиёти классикии тоҷик таҷассум ёфта, то имрӯз ҳамчун ганҷинаи беҳтарин омада расидааст. Он яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои тарғибӣ ғояҳои ваҳдатгароӣ маҳсуб меёбад. Фарҳанги ваҳдатгароӣ бештар дар осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Ҷомӣ ва дигарон васф шуда, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Масалан Абдураҳмони Ҷомӣ дар осори худ чунин мефармояд:
Яке ҷӯй, Ҷомӣ, дуҷӯӣ макун,
Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун.
Яъне шоир мефармояд, ки дар роҳи ваҳдат ва ваҳдатгароӣ якдилу якрӯ бош, сухан ва амале накун, ки боиси ҷудоӣ ва ихтилоф гардад. Дар инҷо шоир инсонро ба ягонаии фикр, ихлос, якрӯӣ ва дурӣ аз нифоқу дурӯягӣ даъват мекунад.
Ва ё Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасари худ “Шоҳнома”-и безавол мефармояд, ки:
Зи якдил шудан кор гардад дуруст,
Парокандагӣ оварад ранҷу суст.
Якдилӣ, ягонагӣ, иттиҳод дар тамоми достонҳои “Шоҳнома” ҳамчун ғояи марказии иттиҳоди мардум барои ҳифзи кишвар ва сарзамин таҷассум ёфтааст.
Дар шароити Тоҷикистони муосир, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудааст, фарҳанги ваҳдагароӣ беш аз пеш аҳамияти махсус дорад. Шояд барои аксарияти кишварҳои ҷаҳон фарҳанги ваҳдатгароӣ бегона бошад, аммо барои тоҷикон он мақом ва манзалати ниҳоят баланд дорад. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба таври возеҳ ба арзишҳои фарҳангӣ такя мекунад ва фарҳанг ҳамчун кафолати ваҳдат баррасӣ мешавад. Яъне, бе рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ, фарҳанги ваҳдатгароӣ, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, устувории ваҳдат ғайриимкон аст.
Истиқлолият агарчӣ яке аз дастовардҳои беназири Тоҷикистони муосир ба шумор меравад, аммо дар баробари он Ваҳдати миллӣ низ ҷойгоҳ ва нақши беназир дорад. Зеро бо шарофати Ваҳдати миллӣ истиқлолияти комили сиёсӣ ба даст оварда шуд. Яъне бо ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27 июни соли 1997 саҳифаи навре дар рушди давлатдории миллӣ боз намуд. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт ва аҳамияти фарҳанги ваҳдатгароиро бори дигар собит намуд. Баъдан давра ба давра пояҳои истиқлоли сиёсӣ, давлатдорӣ, сохти конститутсионӣ устувор гардиданд, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Дар дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ, нақши фарҳанги ваҳдатгароии мардуми тоҷик хеле зиёд аст. Зеро маҳз огоҳӣ, таҷриба ва хулосабарорӣ аз осори гузоштангони худ, озмоишҳо ва таҳдидҳои таърих, фарҳанги ваҳдатгароӣ ва таҳаммулгароӣ боис шуд, ки як имтиҳони сангини таърихро паси сар намоем.
Фарҳанги ваҳдатгароӣ барои миллати тоҷик тавре ки зикр намудем, собиқаи дерина дорад. Дар давраи муосири Тоҷикистон ин фарҳанг таҳким ёфта, имрӯз асоси ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Дар ин раванд, тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, ба ҳар як оилаи кишвар тақдим гардидани китобҳои «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва тақкими ҳисси ягонагии мардум нақши муҳим бозиданд. Ин иқдом ба шаҳрвандон имконият фароҳам оварданд, ки бо таърих, фарҳанг ва мероси гаронбаҳои ниёгони худ аз наздик ошно гардиди, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро бештар дарк намоянд.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, фарҳанги ваҳдатгароӣ ба таҳкими суботи давлатӣ, сиёсӣ ва қонуният мусоидат мекунад. Он шаҳрвандонро ба афзал шуморидани манфиатҳои миллӣ нисбат ба манрфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ водор месозад. Аз ин рӯ, дар баробари як абзори муҳими сиёсӣ будан, боз барои нигоҳдории суботи сиёсӣ хизмат мекунад.
Аз лиҳози иҷтимоӣ, фарҳанги ваҳдатгароӣ ба коҳиши тафриқаҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Он эҳсоси масъулияти шаҳрвандиро тақвият дода, робитаҳои иҷтимоиро мустаҳкам менамояд. Ҳамчунин, фарҳанги ваҳдатгароӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ҷомеае, ки дорои фарҳанги баланди ваҳдатгароӣ аст, ба осонӣ метавонад ба натиҷаҳои баланди рушду инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.
Аз ҷиҳати маънавӣ ва ахлоқӣ, фарҳанги ваҳдатгароӣ ба тарбияи инсони комил, ватандӯст, таҳаммулпазир, ва масъулиятшинос равона шудааст. Он арзишҳое чун эҳтиром ба дигарон, таҳаммулро тарғиб менамояд. Ин арзишҳо дар навбати худ пояҳои устувори ваҳдати миллӣ мебошанд, зеро бе тарбияи ахлоқии ҷомеа нигоҳ доштани сулҳ ва ягонагӣ дар ҷаҳони пуртазоти имрӯза хеле душвор мебошад.
Имрӯз низ фарҳанги ваҳдатгароӣ барои рушди ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва хештаншиносӣ аҳамияти баҳоят бузург дорад. Ҳифз ва густариши ин арзишҳои воло дар шароити имрӯза, шаклгирии низоми нави ҷаҳонӣ, таҳдидҳои эҳтимолӣ ва ғайраҳо, вазифаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Зеро ваҳдат на танҳо шарти сулҳу субот, балки асоси пешрафт, саодати мардум ва оядаи дурахшони миллат ба шумор меравад.
ШАРИФЗОДА Искандар
ходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ