Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати муносибатҳои байналмилалӣ, масъалаи таъмини суботи дохилӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ барои ҳар як давлат аҳамияти калидӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, вале тавонист баъди расидан ба Ваҳдати миллӣ заминаи устувори рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро фароҳам созад. Ваҳдати миллӣ на танҳо омили сулҳ, балки шарти муҳими рушди муносибатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо ҷаҳони араб унвон мегардад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии сулҳу субот на танҳо барои таҳкими давлатдорӣ, балки барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо мамлакатҳои араб нақши калидӣ дорад. Кишварҳои араб, ки дорои захираҳои бузурги молиявӣ ва иқтисодӣ мебошанд, кишварҳои орому осоиштаро ҳадафи стратегии ҳамкориҳои ояндаи гуногунсамтаи худ мешуморанд. Дар миёни ин кишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муҳими Осиёи Марказӣ ва устувор шарики муҳими байналмилалии ҷаҳони араб гардидааст.
Аз ин рӯ, муҳаққиқи тоҷик, Зафар Сайидзода бар он назар аст, ки сиёсати хориҷӣ воқеияти муҳими ҳаёти сиёсиро инъикос намуда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлатҳо дар низоми байналмилалӣ ба шумор меравад. Ба ақидаи ӯ, бақо ва рушди ҳар як кишвар то андозае ба самаранокии сиёсати хориҷии он вобаста мебошад. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллии худ, ҳар давлат сиёсати хориҷии муайянеро пеш мегирад, ки он маҷмуи фаъолияти давлат ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ дар самти татбиқи манфиатҳо ва қонеъ намудани ниёзҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Зеро сиёсати хориҷӣ идомаи мантиқии сиёсати дохилӣ буда, дар муносибат бо дигар кишварҳо равона гардидааст. Он, монанди сиёсати дохилӣ, бо низоми иқтисодии ҳоким ва сохти иҷтимоию сиёсии давлат робитаи зич дошта, ифодакунандаи онҳо дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосӣ ва пояи устувори сиёсати дохилӣ хизмат карда, барои ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати хориҷии муваффақ шароити мусоид фароҳам месозад.
Дар заминаи ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷии худро ба таври мутавозин пеш барад ва ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла давлатҳои ҷаҳони араб, густариш диҳад.
Ин ҳамкориҳо, ки бар пояи манфиатҳои муштарак ва эҳтироми мутақобил бунёд ёфтаанд, ба таҳкими мавқеи байналмилалии кишвар ва рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамоянд.
Инак, наздик 35 сол сипарӣ мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири истиқлол қадамҳои устувор мегузорад. Дар тӯли ин давра кишвари мо дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди низоми сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун арзиши бунёдӣ ва омили сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон эътироф мешавад, барои пешбурди сиёсати муваффақи дохилӣ ва хориҷии кишвар заминаи эътимод фароҳам овардааст. Маҳз дар партави ин ваҳдат ва суботи сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист равобити байналмилалии худро густариш дода, мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшад.
Аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳое, ки дар натиҷаи истиқлол ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд, барқарор гардидани равобити таърихии кишвар бо давлатҳои ҳамфарҳанг ва ҳамзабон, аз қабили Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ мебошанд, ки решаҳои он ба умқи таърихи гузашта мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи тамомияти арзии кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва нигоҳдории ваҳдати неруҳои сиёсии онҳо ҷонибдорӣ мекунад ва ин мавқеъро ҳамеша устуворона дастгирӣ менамояд. Ин раванд ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба таҳкими суботи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат мекунад.
Бояд зикр намуд, ки Ваҳдати миллии Тоҷикистон фарогири ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмии тамоми қишрҳои ҷомеа буда, ба таъмини сулҳ, субот ва рушди устувори давлат мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмии сиёсӣ, таҳаммулпазирии иҷтимоӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангиро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагардидааст. Агар ба таърихи ташаккули ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон назар андозем, чунин ҳолатҳои пурпечутобу сангинро мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992–1997) рӯ ба рӯ гардид. Ин ҷанги фоҷиабор ба иқтисодиёт, сохтори иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавии ҷомеа зарари ҷиддӣ расонид. Вале дар чунин вазъи ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва шароити бисёр сангин, 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид. Ин иҷлосияи сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши ҳалкунанда бозид. Маҳз дар ҳамин иҷлосия вакилони мардумӣ фарзанди барӯманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Раиси тозаинтихоб дар муроҷиати худ ба мардуми Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва иродаи қавӣ чунин изҳор дошт: «То даме ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шуруъ накунем, ҳеч гуна кӯмаку мусоидатҳои кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад. То охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам. Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона намуда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон содиқона меҳнат хоҳам кард». Дар ҳақиқат, ин суханон амалӣ шуданд. Дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллат ниҳоят бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз ҷасорат, масъулиятшиносӣ ва фидокории ӯ дар яке аз давраҳои душвортарини таърихи кишвар заминаи барқарор гардидани сулҳу суботро фароҳам овард. Пешвои миллат тавонист ҷонибҳои даргирро ба ҳам наздик созад, ризоияти миллиро таъмин намояд ва пояҳои устувори рушди минбаъдаи давлатро асос гузорад. Ҳамзамон, сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи ӯ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, махсусан бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳони араб, дар раванди ҳалли ихтилофҳо ва таҳкими сулҳ нақши муҳим бозид. Ин дастовардҳои бузург аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дур намондаанд. Аз ҷумла, кишварҳои араб пайгирона вазъи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони тозаистиқлолро мавриди омӯзиш қарор дода, барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд пайваста талош менамуданд.
Махсусан, нақши Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ дорои аҳаммияти таърихӣ ва собиқаи беназир мебошад. Маҳз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурбинона, фазои устувори сулҳу субот дар кишвар таъмин гардида, заминаҳои мусоиди рушди муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо кишварҳои ҷаҳони араб, фароҳам оварда шуданд. Дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои араб, бахусус давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, ки дорои захираҳои бузурги молиявӣ мебошанд, нақши муҳим бозидаанд. Ин кишварҳо бо имкониятҳои васеи сармоягузории худ метавонанд дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ва зерсохторӣ саҳми назаррас гузошта, ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ тавонист фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам оварад. Дар натиҷа, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ афзоиш ёфта, як қатор лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, рушди соҳаҳои энергетика, аз қабили сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва низоми ҳамлу нақл, аз ҷумла роҳҳо ва долонҳои байналмилалӣ, ба пешрафти иқтисодии кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳони араб аҳамияти хосса дорад. Дар ин замина, бо назардошти имкониятҳои бештари тиҷоративу иқтисодӣ ва мавқеи муҳими геостратегии кишварҳои арабӣ, Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо давлатҳои ҳошияи Халиҷи Форс, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва Давлати Кувайт таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба лоиҳаҳои дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ин ҳамкориҳо ба шумор меравад. Дар партави сиёсати хориҷии мутавозин ва созанда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин талош дорад ҳамкориҳоро бо ниҳодҳои минтақавии арабӣ, аз ҷумла Ҷомеаи давлатҳои арабӣ, таҳким бахшида, заминаҳои ҳуқуқиву ниҳодгароии робитаҳоро густариш диҳад. Бо дарназардошти нуфуз ва мавқеи Ҷумҳурии Мисри Араб дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба бо ин кишвар низ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегии хос дорад. Илова бар ин, қитъаи Африқо, бахусус кишварҳои арабии шимоли он, ҳамчун самти ояндадори ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, ҳамкориҳои Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳамкорӣ бо давлатҳое чун Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Ҷумҳурии Тунис ва Давлати Либия тақвият бахшад. Чунонки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили калидӣ ва пояи устувори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои густариши ҳамкориҳои фарогир ва мутақобилан судманд бо кишварҳои араб заминаи эътимод фароҳам овардааст. Дар ҳамин замина, ваҳдати миллӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои араб барои Тоҷикистон на танҳо ҳамчун манбаи ҷалби сармоя, балки ҳамчун омили муҳимми таъмини рушди устувор, тақвияти равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавию байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Инчунин, Ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки сохторҳои давлатӣ таҳким ёбанд, иқтисоди миллӣ тадриҷан барқарор гардад ва обрӯву нуфузи байналмилалии кишвар боло равад. Дар чунин замина, рушди давлатдорӣ ва суботи сиёсӣ ҳамчун омилҳои калидӣ барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ хидмат намоянд. Маҳз муҳити орому устувор шароити мусоидро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои гуногун, аз ҷумла давлатҳои арабӣ, фароҳам сохт.
Дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои араб, махсусан давлатҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аҳаммияти хоса пайдо намуданд. Ин кишварҳо, дар раванди бозсозӣ ва тавсеаи иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим бозиданд. Барои Тоҷикистон, ки баъди расидан ба сулҳу субот дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сармоягузорӣ қарор дошт, ҳамкорӣ бо чунин шарикон имкониятҳои навро фароҳам овард.
Бояд таъкид намуд, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои араб танҳо ба сармоягузорӣ маҳдуд намешаванд, ҳамчунин табодули таҷриба, ҷорӣ намудани фановариҳои муосир ва рушди бахши хусусиро дар бар мегиранд.
Ҳамин тариқ, Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили калидии субот ва рушди устувори давлатдорӣ, заминаи боэътимодро барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо ҷаҳони араб фароҳам овард. Маҳз дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ҳамбастагии миллӣ имкониятҳои воқеӣ барои таҳкими робитаҳои хориҷӣ ва ҷалби шарикони стратегӣ пайдо мегарданд. Дар дурнамои оянда, ин раванд метавонад тавассути тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки зерсохторӣ ва рушди робитаҳои фарҳангию илмӣ боз ҳам густариш ёбад. Ҳамин тавр, Ваҳдати миллӣ на танҳо омили устувории дохилӣ, балки яке аз заминаҳои муҳими рушди сиёсати хориҷӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар ҳамкорӣ бо кишварҳои араб ба шумор меравад.
ОДИНАЕВ Абдуҳалим
ходими калони илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ