Созмони ҳамкории Шанхай яке аз муассиртарин ва бузургтарин созмони таъсиргузор ба сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Он бо ҳадафҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, сиёсат, фарҳанг ва мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, соли 2001 таъсис ёфтааст. Имрӯз «Ҷануби ҷаҳонӣ» дар доираи ин созмон шакл гирифта, онро ба яке аз муассиртарин ниҳодҳои сиёсати ҷаҳонӣ табдил дода истодааст.
Созмони ҳамкории Шанхай аз даҳ кишвари узви комилҳуқуқ ва якҷоя бо нозирон ва шарикон, 26 кишварро ташкил мекунад. Инчунин бо даъвати созмон, намояндагони ҳафт созмони минтақавию ҷаҳонӣ ва Туркманистон дар саммитҳои сарони кишварҳои узв ширкат кардаанд. Қаламрави кишварҳои узви он тақрибан 35 миллион километри мураббаъро фаро мегирад, ки 65% - и Авруосиёро ташкил медиҳад, ки дар он зиёда аз 42% - и аҳолии ҷаҳон (3,4 миллиард нафар) зиндагӣ мекунанд, ки нисфи аҳолии курраи заминро ташкил медиҳад. Чор давлати узви ин созмон дорои силоҳи ҳастаӣ (Россия, Чин, Ҳиндустон ва Покистон) буда, саҳми кишварҳои узви созмон беш аз 35% ММД – и ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви СҲШ беш аз 24,6 триллион долларро ташкил медиҳад. Ин чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон аст. Ва ин рақамҳо пайваста афзоиш меёбанд.
Тавре маълум аст, саммити навбатии сарони кишварҳои узви созмон дар таърихи 31- уми август ва 1 - уми сентябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад. Ҷумҳурии Қирғизистон инак бори панҷум аст, ки саммити СҲШ - ро мизбонӣ мекунад. Ба ин муносибат роҳбарон ва ҳайатҳои 21 кишвар дар Бишкек ҷамъ омадаанд, то амният, ҳамкории иқтисодӣ ва рӯзномаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ кунанд. Имсол СҲШ 25-солагии худро ҷашн мегирад, аз ин рӯ, дар пойтахти Қирғизистон роҳбарони кишварҳои узв на танҳо як ҷаласаи дигар баргузор мекунанд, балки як давраи пурраро арзёбӣ мекунанд ва самти рушди ояндаро муайян мекунанд. Тибқи маълумотҳо дар ин чорабиниҳои саммити СҲШ дар Бишкек Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух, сарвазири Того Фор Эссозимна Гнассингбе, Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Президенти Лаос Тонглун Сисулит, ноиби Президенти Ветнам Во Тхи Ан Суан ва муовини сарвазири Миср Ҳусайн Исса иштирок мекунанд.
Аз созмонҳои байналмилалӣ дар ин ҷаласа Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбоев, Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Уларбек Шаршеев, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Таалатбек Масадиқов, Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии Авруосиё Бакитҷон Сагинтаев ва Дабири кулли Конфронси ҳамкорӣ ва чораҳои эътимод дар Осиё Қайрат Сарибай иштирок намуданд.
Дар рӯзи аввали саммит дар шакли «СҲШ Плюс» (ки кишварҳои узв, нозирон, шарикони муколама ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро муттаҳид мекунад) ва дар рӯзи дуюм ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон баргузор мешавад. Формати «СҲШ Плюс» на танҳо даҳ кишвари узв, ҳамзамон понздаҳ кишвар мақоми шарики муколама дошта - Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Миср, Камбоҷа, Қатар, Кувайт, Лаос, Молдив, Мянмар, Непал, АМА, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка ва ду кишвари нозирони созмон Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Муғулистонро дар бар мегирад. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаласаи навбатии СҲШ, ки дар Бишкек баргузор гардид, намояндагони Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо сабабҳои гуногуни амниятӣ ва байналмилалӣ даъват карда нашудааст.
Омодагӣ ба ин саммит хеле пештар аз моҳи август оғоз ёфта буд. Яке аз марҳилаҳои калидии омодагӣ ба саммит, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ буд, ки 23-24 июл дар Чолпон-Ата баргузор гардид, мебошад. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои амният, робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, рушди рақамӣ ва ҳамкории башардӯстонаро баррасӣ гардида, бастаи ҳуҷҷатҳоро барои сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд. Як нуқтаи муҳими дигар Саммити ВАО-и СҲШ буд, ки дар охири моҳи июл дар Бишкек баргузор шуд ва дар он намояндагони ВАО, марказҳои таҳлилӣ ва ниҳодҳои давлатӣ аз кишварҳои узви созмон ширкат карданд.
Нурлан Эрмекбоев, дабири кулли СҲШ дар поёни нишасти Вазирони корҳои хориҷии СҲШ эълон кард, ки дар саммити сарони давлатҳо бастаи ҳуҷҷатҳое бахшида ба 25-солагӣ супорида мешаванд. Инҳо иборатанд аз эъломия дар бораи бехатарии ҳастаӣ, барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сӯиистифода аз маводи мухаддир то соли 2030, нақшаи мубориза бо маводи мухаддири синтетикӣ ва прекурсорҳои онҳо, ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ, инчунин ташаббусҳо дар соҳаҳои нақлиёт, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, энергетика, экология, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ.
Мавзӯи асосии ин нишаст ба рушди минбаъдаи СҲШ пас аз 25 соли фаъолияташ дахл дорад. Раёсати Қирғизистон таҳти шиори «25 соли СҲШ: якҷоя барои сулҳ, рушд ва шукуфоии устувор» баргузор мешавад.
Ҳуҷҷати асосии натиҷавӣ Эъломияи Бишкек бахшида ба 25-солагии СҲШ мебошад. Лоиҳаи он моҳи июл аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ин ҳуҷҷат бояд равишҳои муштараки кишварҳоро ба рушди минбаъдаи созмон ва масъалаҳои муосири байналмилалӣ ва минтақавӣ инъикос кунад. Дар маҷмӯъ бастаи 28 ҳуҷҷат, ки дар ин нишаст ба имзо расид, аз ҷиҳати доираи худ таъсирбахш мебошад, аз ҷумла:
🔹 Эъломияи Бишкек дар бораи 25-солагии СҲШ - натиҷаи асосии сиёсии ин ҷаласа;
🔹 Тағйирот ба Оинномаи СҲШ;
🔹 Низомнома дар бораи Кумитаи иҷроияи Маркази зиддимухаддиротӣ - сохтори нав барои ҳамоҳангсозии мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир;
🔹 Эъломия дар бораи бехатарии ҳастаии ҳастаӣ ва физикӣ - тақвияти шарикии бисёрҷониба дар ин самт;
🔹Маркази универсалии муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ - ниҳоди нав барои мубориза бо таҳдидҳои умумӣ;
🔹Ҳуҷҷатҳо оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ;
🔹 Нақшаи ҳамкорӣ оид ба амнияти иттилоотии байналмилалӣ барои солҳои 2026-2028 ва консепсияи марказҳои коркарди маълумоти минтақавӣ;
🔹Ташаббусҳои экологӣ - нақшаҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди «долони технологии сабз»-и СҲШ;
🔹 Стратегияи нақлиёт - Нақшаи рушди бандар ва маркази логистикӣ барои солҳои 2026-2030;
🔹 Пойтахти фарҳангӣ - Лоҳури Покистон пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ барои солҳои 2026-2027 эълон шудааст ва ғайраҳо...
Қирғизистон раёсати худро дар Созмони ҳамкории Шанхай ба анҷом расонд ва онро ба Покистон супурд. Исломобод кори созмонро ҳамоҳанг мекунад ва барои ҷаласаи навбатӣ омодагӣ мебинад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муассис ва калидии из созмон буда, дар давраи «Панҷгонаи Шанхай» ва дар зарфи фаъолияти 25 солаи Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона ширкат кардааст. Дар ин муддат чор маротиба саммити кишварҳои узви созмон дар Душанбе баргузор гардидааст. Нишасти саммити «Панҷгонаи Шанхай» дар Душанбе соли 2000 баргузор шуд ва маҳз дар ҳамин мулоқот идеяи табдил додани ин шакли ҳамкорӣ ба сохтори бисёрҷонибаи минтақавӣ ба миён омад, ки ин ташаббус заминаи муҳиме барои таъсиси СҲШ дар соли 2001 гардид. Баъдан Душанбе мизбонии нишастҳои СҲШ дар солҳои 2008, 2014 ва 2021 гардид. Нишасти соли 2021, ки ба муносибати 20-солагии созмон баргузор шуд, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар таърихи СҲШ ба ҳисоб меравад. Дар он доираи васеи ҳуҷҷатҳои муҳим қабул карда шуд, ки шумораи онҳо 30 ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти созмон борҳо раёсати онро ба ӯҳда гирифта, дар солҳои 2008, 2014 ва 2021 дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳои аъзо раисӣ кардааст. Инчунин, кишвар дар солҳои 2006, 2010 ва 2018 дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзо раисӣ кардааст.
Мавқеи Тоҷикистон дар СҲШ ба таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва башардӯстона нигаронида шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррасеро дар пешбурди ташаббусҳои созанда ва тақвияти нақши СҲШ дар муносибатҳои байналмилалӣ гузоштааст. Дар айни замон, Тоҷикистон аз рушди ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд байни давлатҳои аъзои созмон пуштибонӣ мекунад ва пайваста ба принсипҳои «Рӯҳияи Шанхай», аз ҷумла эҳтироми мутақобила, эътимод, манфиатҳои муштарак ва ҳамкории созанда такя мекунад. Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди СҲШ на танҳо аз мақоми он ҳамчун узви асосгузори созмон, балки аз нақши амалии кишвар дар ташаккули рӯзномаи минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории бисёрҷониба низ бармеояд. Душанбе дар таърихи созмон ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ташаккул ва рушди «Рӯҳияи Шанхай» мақоми хоса дорад.
Дар таърихи 31 – уми август ва 1 – уми сентябри соли 2026 дар саммити навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид ва дар боло ишора кардем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат ва дар ҷаласаҳои Шурои сарони кишварҳои СҲШ ва ҷаласаи «СҲШ пюлс» суханронӣ намуданд. Ҳамзамон дар таърихӣ 31 – уми август чанд мулоқоти судманд бо сарони кишварҳои дӯсту бародар анҷом доданд, аз ҷумла, бо Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон – Масъуд Пизишкиён, сарвазири Ҷумҳурии Арманистон – Никол Пашинян, Дабири кулли СММ – Антониу Гуттериш, Фиристодаи махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ – Серҷио Гор ва сенатори ИМА – Стив Дейн. Зимни мулоқотҳои дуҷониба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо шарикони рушд баррасӣ карда шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мувофиқаҳои дахлдор ба даст оварда шуданд.
Ҳамзамон шоми 31 - уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои Бозиҳои кӯчманчиён ва дар маросими расмии ифтитоҳи ин чорабинии байналмилалии варзишӣ ва фарҳангӣ ширкат варзиданд. Иштироки Роҳбари давлат дар чунин як чорабинии байналмилалӣ барои густариши ҳамкории байнидавлатӣ, тақвияти муносибатҳои дӯстона ва рушди муколамаи фарҳангӣ ва башардӯстона аҳамияти хоса дорад.
Ҳамчунин тибқи иттилои расмии АМИТ «Ховар» ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 1 сентябри соли 2026 дар шаҳри Бишкек, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия - Владимир Путин ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон - Нарендра Модӣ мулоқот анҷом доданд.
Ҳамин тариқ, 25-умин солгарди Созмони Ҳамкории Шанхай ва баргузории Саммити Бишкек дар соли 2026 як марҳилаи муҳим дар рушди ин созмони минтақавӣ ҳисобида мешавад. Дар тӯли 25 соли охир, СҲШ аз механизми аслии эътимод ва ҳамкории байнидавлатӣ ба платформаи ҳамаҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, технологӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои асосгузори СҲШ ва иштирокчии фаъол дар ташаккул ва рушди он дар ин раванд нақши муҳим дорад. Иштироки Тоҷикистон дар «Панҷгонаи Шанхай» ва фаъолиятҳои минбаъдаи СҲШ ба кишвар имкон дод, ки мавқеи худро дар масъалаҳои муҳими амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин рушди робитаҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва башардӯстона баён ва ҳимоя кунад. Мавқеи Тоҷикистон барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ махсусан муҳим аст.
Тоҷикистон нишасти Бишкекро на танҳо ҳамчун як чорабинии ҷашнӣ, балки ҳамчун як майдони муҳим барои дипломатияи бисёрҷониба низ мешуморад. Дар ҳошияи нишаст мулоқотҳои сатҳи баланд бо роҳбарони кишварҳои узв баргузор шуданд, ки дар онҳо рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Умуман, таърихи 25-солаи СҲШ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон онро ҳамчун як воситаи муҳим барои таҳкими сулҳу субот, эътимоди мутақобила ва рушди ҳамкории минтақавӣ мешуморад. Иштироки фаъол ва созандаи пайвастаи Тоҷикистон дар ин созмон барои пешбурди манфиатҳои миллӣ, тақвияти мавқеи кишвар дар муносибатҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани фазои устувор ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
ШАРИФЗОДА Искандар,
ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ